Самбо варзиши олимпӣ хоҳад шуд

Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дирӯз, 10-уми июн қароре имзо кард, ки тавсия медиҳад Федератсияи ҷаҳонии самбо аз сӯйи он барои ҳамеша эътироф шавад. Ин дар ҳолест, ки Федератсияи ҷаҳонии самбо дар моҳи декабри соли 2018 аз сӯйи КБО муваққатан эътироф шуда буд.
Дар қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфта мешавад, ки ин мавзӯъ дар анҷумани қарибулвуқуи ин ниҳод, ки рӯзҳои 20-21-уми июн дар Токио баргузор мешавад, баррасӣ мегардад.
«Мо мехоҳем шуморо ба ин дастовард самимона табрик бигӯем, ки нишондиҳандаи эътирофи корҳои шумо аз нуқтаи назари рушди ниҳодӣ ва ҳамчунин пешрафт ва ҳамагони шудани навъи варзиши шумост»,- омадааст дар мактуби расмие, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Федератсияи ҷаҳонии самбо фиристодааст.
Ҳоло маълум нест, ки агар дар Токио рӯзҳои 20-21-уми июн агар самборо бипазиранд, варзишгарони ин намуди варзиш дар Бозиҳои имсола ширкат мекунанд ё не. Вале пештар гуфта мешуд, ки агар эътироф шавад, ба сурати рамзи аз чанд вазн се-чортои паҳлавони риштаи самбо ширкат мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ