Шавкат Мирзиёев ба ба шаҳри бостонии Хуҷанд рафт

Субҳи 11-уми июн Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сарвари давлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд бо риояи анъанаю суннатҳои хоси ҳамсоягӣ, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббат, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки роҳбарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар аз корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ, мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд ва бо намояндагони доираҳои саноатию тиҷоратӣ, соҳибкорӣ, аҳли илму фарҳангу зиёи вилоят мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ