Байни Вазорати таълими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки осиёии рушд меморандум имзо гардид

Меморандум оид ба татбиқи лоиҳаи калон байни Вазорати таълими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) ба имзо расид.
Лоиҳа барои рушди STEM-таълим барои синфҳои 7-11 равона шудааст. Он стандартҳои мавҷудаи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои STEM, омодасозӣ ва бозомӯзии муаллимон, хариди таҷҳизоти зарурӣ барои мактабҳо, таъмири биноҳо, рушди технологияҳои таълимиро беҳтар ва такмил медиҳад. Ғайр аз ин, лоиҳа такмили низоми арзёбии дониши хонандагони мактабҳои Ӯзбекистонро пешбинӣ мекунад.
Он тибқи нақшаи тиҷорати амалиётӣ дар кишвар (COBP) дар саросари Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2022 ва Консепсияи рушди низоми таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 татбиқ карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ