“Ташаббус-2021” беҳтарин тадбиркорони вилоятро муайян кард

Ахиран дар шаҳри Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни раисҷумҳурии – “Ташаббус-2021” барпо шуд. Дар озмун 78 нафар тадбиркор иштирок карданд.
Имсол озмун риштаҳои “Беҳтарин тадбиркори сол дар соҳаи саноат”, “Беҳтарин тадбиркори сол дар соҳаи хидматрасонӣ”, “Беҳтарин фермери сол”, “Беҳтарин тадбиркори ҷавони сол” ва “Беҳтарин ҳунарманди сол” дошт.
Дар озмуни имсола шумори тадбиркороне, ки бори аввал иштирок мекунанд зиёд шуд, ҳамчунин, кӯдакистонҳои нодавлатӣ низ ширкат варзиданд.
Фазлиддин Салимов, роҳбари корхонаи оилавии “Ургут саноат сервис” гуфт:

  • Мо соли 2017 бо 2 нафар коргар фаъолияти дӯзандагиро оғоз кардем. Вақте, ки корамон беҳтар шуд, аз Олмон ва Туркия асбобҳои замонавии дӯзандагӣ овардем ва дӯхтани либосҳои мардонаро ба роҳ андохтем. Ҳоло бо 65 нафар коргар маҳсулоти худро бо номи “URGUTINI” ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ мефурӯшем. Дар 5 моҳи аввали сол ба Туркия ба арзиши 500 миллион сӯм маҳсулот фурӯхтем. Ҳоло мехоҳем дӯхтани шими мардонаро оғоз кунем.
    Дар озмуни имсол ғайр аз риштаҳои асосӣ 11 риштаи иловагӣ низ ғолибони худро ёфт:
    “Беҳтарин лоиҳасози “Start- Up”-и сол” – тадбиркори якка Сироҷиддин Бурҳонов;
    “Беҳтарин бизнеси оилавӣ” — корхонаи оилавии “Роҳат она чеварлари”;
    “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ” – корхонаи “Ургут Маъруфҳоҷӣ”;
    “Беҳтарин корхонаи содиротӣ” – корхонаи хусусии “Кумуш тола”;
    “Беҳтарин корофарин барои ҷавонон” – корхонаи “Оқдарё ипаги”;
    “Беҳтарин бренди миллӣ” – Бибиҳамида Хӯҷақулова;
    “Беҳтарин саҳмгузор ба рушди соҳаи сайёҳӣ” – меҳмонхонаи “Hotel Zirabuloq Servis”;
    “Беҳтарин кластери тадбиркорӣ” – ширкати кишоварзии “Булунғур Сандвик”;
    “Беҳтарин маҳсулоти сол” – корхонаи “Митан ёғду электрик”;
    “Беҳтарин намоишгоҳ” – Ҳасан Қурбонов;
    “Беҳтарин саҳмгузор ба рушди маҳалла” – корхонаи “Marokand Gold”.

Ғолибони риштаҳои асосии озмун

“Беҳтарин тадбиркори соҳаи саноати сол”:

1 — “Mironkul Construction Materials”
2 — “Samarkand-England Eko Medikal”
3 — “Оспан Кар Инвест”

“Беҳтарин тадбиркори сол дар соҳаи хидматрасонӣ:
1 — “Zarmed Pratiksha Hosptal Group”
2 — “Манзурабону”
3 – “Мироншоҳ Гранд — 2020”

“Беҳтарин ширкати кишоварзии сол”:
1 — “Жомбой наслли парранда”
2 – “Озод Худойбердиев”
3 – “Қўрғон жилваси”

“Беҳтарин тадбиркори ҷавони сол”:
1 — “Ургут саноат сервис”
2 — “Net Product Lux”
3 – “Жаҳонгир Бахт Плюс”

“Беҳтарин ҳунарманди сол”:
1 — Шавкат Зоҳидов
2 — Ҷамол Эсонов
3 – Фарҳод Эргашев.

Ёдовар мешавем, ғолибон дар марҳилаи ҷумҳурӣ аз вилояти Самарқанд намояндагӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ