Чаро муҳокимаи як масъала тӯл кашид?

Рӯзи 11-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи калони ҳокимияти вилоят сессияи сивучоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро Ш. Йӯлдошев сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд.

Хизматҳои давлатӣ, назорати онҳо ва навгониҳои соҳа зиёд мешаванд

Масъалаи якуми рӯзномаи сессия дар бораи ҳисоботи сардори садорати вилоятии Агентии хизматҳои давлатӣ М. Қурбонов роҷеъ ба корҳое буд, ки дар вилоят барои расондани хизмат ба аҳолӣ ва субъектҳои тадбиркорӣ амалӣ карда мешаванд.
Аз ҳисобот маълум шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ Маркази хизматҳои давлатӣ 373211-то, аз ҷумла ба воситаи интернет 40094-то (дар 6-моҳи соли 2020 ҷамъ 188598-то, аз ҷумла ба воситаи интернет 1458-то) хизматҳои давлатӣ расонданд. Дар байни онҳо аз ҷумла:

14626-то маълумотнома дар бораи қайди никоҳ, дар никоҳ будан ёки бекор шудани никоҳ;

61849-то роҳхат ба кӯдакис­тонҳои давлатӣ;

21585-то маълумотнома дар бораи доштани доғи судӣ ё ки бардоштани доғи судӣ;

16013-то маълумотнома дар бораи аз рӯйхати давлатӣ гузарондани ҳуқуқи соҳибӣ ба объектҳои мулки ғайриманқул;

14985-то маълумотнома дар бораи миқдори нафақа ва ғайра ҳастанд.
Бояд таъкид кард, ки расондани хизматҳои давлатӣ ҳамеша зери назоратанд. Шӯъбаи назорати хизматрасониҳои давлатии садорат то 1-уми июни соли 2021 дар натиҷаи санҷиш ва мониторинги хизматрасонии идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигар муайян кард, ки дар ин давр ба 4570-то (дар шаш моҳи соли 2020 3781-то) ҳолати қонунвайронкунӣ роҳ додаанд. Аз онҳо дар 4165 ҳолат ба муддати расондани хизматҳои давлатӣ риоя накардаанд, 27 ҳолат хизматҳои давлатӣ бевосита расонда шудаанд, 71 ҳолат ҳуҷҷатҳои барзиёд талаб карда шудааст ва 194 ҳолат муроҷиатҳоро беасос рад намудаанд.
Агар ин ҳолатҳои қонунвайронкуниро аз рӯйи соҳаҳо таҳлил кунем, ба:
1362-тоаш идораҳои кадастр;
913-тоаш корхонаҳои таъминоти об;
459-тоаш идораҳои андоз;
417-тоаш муассисаҳои тандурустӣ;
254-тоаш корхонаҳои таъминоти қувваи электр;
244-тоаш корхонаҳои таъминоти газ;
195-тоаш идораҳои бойгонӣ (архив);
168-тоаш ташкилоти бинокорӣ;
78-тоаш идораҳои корҳои дохилӣ роҳ додаанд.
Аз рӯйи ин ҳолатҳо ба роҳбарони идораҳои ваколатдор 24-то тақдимнома ва 315-то огоҳинома фиристода, инчунин, нисбат ба 128 нафар шахси айбдор баённомаи ҳуқуқвайронкунӣ расмӣ карда, 41 нафари онҳоро ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданд.
Бо мақсади ривоҷдиҳии соҳа ва ба аҳолӣ бештар фароҳам овардани шароити мусоид бар асоси таҷрибаи хориҷӣ то охири соли равон ба 200-то расондани шумораи хизматҳои давлатӣ, инвентаризатсия кардани 716-то хизмати давлатӣ, содда кардани муддат, миқдори пардохт, шартҳои онҳо ва дигар талабҳо пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаҳои ҳавзаи сохторҳои обёрии Зарафшон

Намояндагони халқ аз ҳисоботи сардори садорати ҳавзаи сохторҳои обёрии Зарафшон Ф. Раҷабов роҷеъ ба корҳое, ки солҳои 2021–2022 дар вилоят бар асоси барномаи сохтмон, тармим ва барқарор кардани объектҳои обёрикунанда ва мелиоративӣ амалӣ карда мешаванд, фаҳмиданд, ки то 1-уми июни соли 2021 дар доираи 13-то лоиҳаи роҷеъ ба сохтмон ва тармими объектҳои обёрикунанда ва мелиоративӣ аз ҳамагӣ 79,2 млрд. сӯм маблағи асосӣ 51,9 млрд. сӯм ё ки 65 фоизи лимити солонаро аз худ карда, 44,3 млрд. сӯмина пардохтҳо амалӣ карда шудаанд.
Инчунин, барои аз захираҳои об оқилона ва сарфакорона истифода бурдан дар мавсими обёрии имсола барои тадбирҳои обёрӣ 2 млрд. 206 млн. метри мукааб лимити об пешбинӣ шуда, дар ҳолати 8-уми июн лимити ҷудокарда 691,5 млн. метри мукааб буда, дар амал 602,5 млн. метри мукааб об ба истеъмолчиён расонда мешавад ва бо ин миқдор об 357 ҳазору 893 гектар майдонро обёрӣ кардан мумкин аст.
Дар мавсими имсолаи обёрӣ мувофиқи таҳлили бисёрсолаи сарфаи об сарфа кардани 459 млн метри мукааб об ба нақша гирифта шудааст. Чунин натиҷа бо роҳи дар обёрии киштҳои хоҷагии қишлоқ ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи об, инчунин ҷорӣ кардани тарзи идора бар асоси шарикии давлат – хусусӣ ва ба соҳа дохил кардани технологияҳои рақамӣ дастрас хоҳад шуд.
Намояндагони халқ инчунин ахбор, мулоҳиза ва пешниҳодҳои роҳбари гурӯҳи депутатҳои ҲЛДӮз. дар Шӯрои намояндагони халқи вилоят Б. Хӯҷаёровро, ки ҳангоми ба сессия тайёр кардани масъалаи мазкур дар Булунғур, Ургут, Оқдарё ва Ҷомбой шуда, бо баъзе корҳои ин ноҳияҳо шинос шудаанд, шуниданд. Сессия бо назардошти ин мулоҳиза ва пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул кард.


Дар сессия инчунин масъалаҳои зерин баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд:
– модернизатсияи сохтори оби нӯшиданӣ ва партов дар шаҳри Каттақӯрғон бо иштироки институтҳои байналмилалии молия ва тасдиқ кардани лоиҳаи сохторҳои оби партов дар марказ ва шаҳракҳои шаш ноҳияи вилояти Самарқанд;
– тақдимоти сармеъмори вилоят Ҳ. Мирзоев роҷеъ ба схемаи сарнақшаи пунктҳои аҳолинишин дар доираи барномаҳои «Қишлоқи обод» ва «Маҳаллаи обод»-и вилояти Самарқанд дар соли 2021;
– дар бораи дохил кардани тағйирот бо сохтори ташкилии дастгоҳи идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд;
– дохил кардани тағйирот ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 19-уми майи соли 2021 «Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят».
Бояд гуфт, ки дар сессияҳо гоҳо муҳокимаи баъзе масъалаҳо бо сабабҳои гуногун тӯл мекашад.
Кумитаи дахлдори шӯро сабаби чунин ҳолатҳоро омӯзад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ