Эмкунӣ зидди коронавирус чӣ хел сурат мегирад?

Поликлиникаи оилавии рақами 8-и шаҳри Самарқанд қариб ба 50000 нафар аҳолии 15 маҳаллаи шаҳр хидмати тиббӣ мерасонад. Дар шифохона 29 нафар шифокорони оилавӣ барои табобати беморон масъуланд. Имрӯзҳо онҳо дар баробари қабули беморон, дар раванди эмкунии шаҳрвандон ба муқобили бемории коронавирус низ фаъол иштирок доранд. Аз оғози моҳи апрел дар поликлиника штаби махсус таъсис ёфт, ки дар он 9 нафар мутахассиси варзида бо сардории сардухтури табобатгоҳ Дилфуза Нормуродова шаҳрвандонро эм мекунанд. Хабарнигори ҷамоатии рӯзномаи «Овози Самарқанд» Ӯктам ИБРОҲИМ бо ҷонишини сардухтур, муовини сардори штаб доир ба эмкунӣ алайҳи бемории сироятии коронавирус Зебо ҶУМЪАЕВА дар ҳамин маврид сӯҳбат орост.
– Зебо Мақсадовна, дар табобатгоҳ корҳои эмкунӣ бар муқобили коронавирус кай оғоз ёфт?
– Бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксина дар байни гурӯҳҳои аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, оид ба ин масъала дастурамал таҳия ва қабул карда шуд. Тибқи дастурамали мазкур, фармоиши Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қабул гардид ва эмкунии оммавӣ бар зидди сирояти бемории коронавирус аз оғози моҳи апрел сар шуд. Мо қабл аз ташкили эмкунӣ рӯйхати одамҳоеро, ки хатари баланди сирояти бемориро доранд, мураттаб сохтем. Ба чунин гурӯҳ шаҳрвандоне, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, хусусан пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, дохил мешаванд. Чунки иммунитети ин гурӯҳи одамон паст буда, эҳтимоли сирояти коронавирус ба онҳо зиёд аст. Ба ин гурӯҳ кормандони соҳаи тандурустӣ низ ворид карда шудаанд. Ғайр аз ин, кормандони ташкилотҳои таълими томактабӣ, мактабҳои таълими умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, таҳсилгирандагони муассисаҳои таълими олии кишварҳои хориҷӣ, коркунони сохтори нақлиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, блогерҳо, рӯзноманигорон дар рӯйхати мо ҳастанд. Зеро онҳо бо тақозои касбу кор бо мардум мунтазам дар мулоқоти наздик мешаванд.
– То имрӯз дар табобатгоҳ чанд нафар бар зидди коронавирус эм карда шуданд? Оё аз онҳо шикояте расид?
– Дар поликлиника ҷамъ 133 нафар эм карда шуданд. Бояд гуфт, ки ваксинатсияи занҳои ҳомила, занҳои кӯдакони ширхора дошта, шаҳрвандоне, ки бемориҳои онкологӣ доранд, манъ карда шудааст. Ғайр аз ин, ҳангоми бемориҳои нафасу шуш инчунин, доштани ҳарорати баланд, зуком (шамолхӯрӣ) қабули ваксина мумкин нест. Онҳо пас аз 10–15 рӯзи табобат эмкарда мешаванд.
Барои эмкунӣ 3-то хонаи бо ускунаҳои тиббӣ муҷаҳҳаз ҳаст. Поликлиника бо ваксина ва сӯзандоруҳо таъмин карда шудааст. Инчунин, пас аз гузарондани ваксина барои занону мардон хонаҳои алоҳидаи мушоҳидакунӣ мавҷуд. Онҳо баъди ваксинатсия ним соат таҳти назорати шифокорон ва парасторон мешаванд. Пас аз эмкунӣ дар давоми се рӯз ҳамшираҳои патронажӣ аз вазъи саломатии эмшудагон хабар мегиранд.
– Дар эмкунӣ чӣ гуна ваксинаҳо истифода мешаванд?
– Асосан ваксинаи ӯзбекӣ-­хитоӣ ZF UZ VAC2001. Чунин ваксина дар муддати се моҳ се маротиба гузаронида мешавад. Ваксинаи дуввум AstraZeneca (истеҳсоли Британияи Кабир) дар тӯли 28 рӯз ду маротиба эм карда мешавад.
– Эмкунӣ ихтиёрӣ аст? Доир ба эмкунӣ чӣ гуна корҳои тарғиботӣ бурда мешаванд?
– Эмкунӣ ихтиёрист. Ходимони тиб ба мардум дар бораи нишонаҳои бемории коронавирус, роҳҳои сироятёбӣ, асорату оқибатҳои он ба таври мунтазам маълумот медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ