ҶОЙГОҲИ ШЕЪРИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР НАЗМИ МУОСИР

(дар мисоли ғазалиёти Гулрухсор)

Шоираи номбардор ва оташинқалби тоҷик Гулрухсор Сафиева яке аз чеҳраҳои тобони адабиёти нимаи дуввуми асри XX ва нимаи аввали асри XXI буда, бо эҷодиёти сермаҳсул ва пурҷӯши худ дар шеърияти тоҷик мақоми воло дорад.
Гулрухсор шоираест, ки дар поёни солҳои шас­тум дохили адабиёти бадеии тоҷик гардидааст. Дар ин давр ба фазои адабиёти тоҷик шаббодаи уммедбахше вазид. Ба адабиёт сабку услуб ва мавзӯъҳои тоза ворид гардида, мавриди истифодаи шоирони ҷавону умедбахш қарор гирифт.
Адабиётшинос Ҷ. Ҳамроев чунин менигорад: «…Ин даврае буд, ки дар шеъри тоҷикӣ ҳолу ҳавои тозае дамид. Бо кӯшиши Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва чанд тан аз шоирони дигар шеър мақому манзалати тозае пайдо кард. Пас аз ин ҳарфи манзум шеър дониста намешуд». Гулрухсор низ дар ҳамин овони азнавсозӣ ба майдони адабиёт дохил гашт. Ӯ бештар аз мактаби адабии устод М. Турсунзода дарси шеър хондааст ва дар ҷодаи шеъру шоирӣ ин мактабро инкишоф бахшидааст.
Мавзўи Ватан ва ватандўстӣ дар давоми асрҳо аз мавзўоти муҳими адабиёти мо ба шумор рафта, шоирон ба воситаи талқину тарғиби он дар қалбу шуури халқ эҳсосоти ватандўстиро афрўхта, мардумро алайҳи истилои душманони Ватан–Модар ба мубориза даъват менамуданд.
Дар адабиёти навини тоҷик низ инъикоси ғоя­ҳои меҳанпарастӣ, даъват ба озодӣ ва ободии Ватан, тасвири рӯзгори қаҳрамонҳои халқи тоҷик, ба воситаи зинда намудани номҳои қаҳрамонҳои халқ, бедор намудани эҳсосоти ватандўстӣ ва худшиносӣ аз мавзўоти рўзмарра ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин шахсиятҳое, ки тавассути навиштори хеш мардумро сғи некиву некномӣ ва ҳимояи Ватан даъват намудааст, шоири маҳбуби дилҳо Гулрухсор Сафиева мебошад.
Ватан ифтихор, шаън, нангу номус, виҷдону шараф ва обрӯю эътибори мост. Ватан азизтарин ва ноёбтарин, сарват аст, ки онро ба ҳеҷ чизе наметавон иваз кард. Ашъори ватандўстонаи Гулрухсор саршор аз меҳру муҳаббати диёру Ватан мебошад.
Дар шеърҳои «Эй ватан, эй рӯҳ, эй модархудо», «Зинда бош, эй ҷони афгорам, Ватан», «Эй ватан, эй офтоби нанги ман», «Мазҳаби зардушти ман, эй Ватан», «Такягоҳу ҳақгусори ман, Ватан», «Довари оинадори ман, Ватан», «Муҳаббати ту роҳбар, Ватан», «Чу адл ҷовидонаӣ, Ватан», Гулрухсор ба таври шиор мухотабашро ба ишқи худ бовар кунониданӣ мешавад.
Дар ғазали «Ғами Таҳминаҳо» Гулрухсор тавассути қаҳрамонҳои достонҳои «Шоҳнома» ормону орзуҳои фарзандони Меҳанро тасвир менамояд. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки достони ватанхоҳӣ ва ватандӯстист, асрҳо инҷониб ба ҳифзи Ватан ва дӯст доштани он даъват менамояд. Шоира ба воситаи ба «шоҳномахонӣ» даъват намудан мехоҳад, ки дар қалби ҳамватанонаш ишқи Ватан ҷӯш занад ва эшон ҳамеша ба ҳифзи марзу буми он омода бошанд. Чунончи:

Аз сиёву аз зиё «Шаҳнома» бояд хонд.
Аз киёву аз ниё «Шаҳнома» бояд хонд.
Ишқи меҳан ҳадяи ҷовиди яздон аст,
Аз худованди сахо «Шаҳнома» бояд хонд.
Бо Сиёвуш поку покомӯз бояд сӯхт,
Аз разолат, аз риё «Шаҳнома» бояд хонд.
Аз адолат, аз садоқат, аз ватандорӣ,
Аз хақиқат, аз сафо «Шаҳнома» бояд хонд…

Шоира ҳарчанд ки аз Ватан борҳо ихтиёри мусофират карда бошад ҳам, доимо бо ёди он зиндагонӣ менамояд. Ёди боду ҳаво, сарзамини ҳосилхезу кӯҳсорони осмонбус ва дарёҳои шӯхи Ватан дили шоираро ба риққат меорад:

…Зи ҳастӣ дур аз ҳастӣ гиристем,
Зи меҳан дур аз меҳан гиристем.

Гулрухсор бо шеърҳои шӯрангези худ дар маркази ҳодисаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон қарор доштааст. Дар шеърҳои дар мавзӯи иҷтимоӣ, ватандӯстӣ ва сиёсӣ гуфтаи худ моҳияти ҳаракатҳои сиёсии замонаро дар назари ҷомеа кушода дода, ҳалли ин масоилро ба миён гузоштааст. Ҳар як ҳодисаю воқеаҳо, ки бевосита ба сарнавишти Ватани маҳбуб дахл дошт, дар шеърҳои ӯ инъикоси худро ёфтаанд.
Гулрухсор аз шоираҳоест, ки қалби пурҷӯшу пур аз эҳсос дорад ва ҳангоме ки аз дарду ситамҳо ва ҷароҳатҳои Ватан ҳарф мезанад, эҳсосоти ӯ шиддат мегиранд ва изтиробҳои қалбии ӯ ба тарзи баён низ бетаъсир намемонад.
Дар эҷодиёти Гулрухсор, бахусус, дар ғазалиёт, таърихи рангин ва пурифтихори халқ, тақдиру қисмати фарзандони азизу шарифи миллат бештар тасвир ва роҳи таърихиву анъанаҳои гузашта аз назари фаҳмишу биниши имpӯз дарк шудаанд. Ин гуна муносибат ба таърих ва қисмати гузаштаи халқ имкон дод, ки дар дилу дидаи ворисони миллату кишвар ҳисси ифтихор ва қаноатмандӣ аз мероси ғанӣ, муҳимтар аз ҳама, масъулияти ворисият бедор гардад.
Аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта давраи дигари фаҳмиши Ватан ва ватанхоҳӣ дар пайкор ва шеъри Гулрухсор оғоз гардид. Мавзӯи тобони ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ин давра ба шоир имкон дод, ки дар тасвири воқеа ва ормонҳои милливу худшиносӣ фаротар бошад, аз ҳамин давра cap карда, шеъри худшиносии ӯ бо шеъри сиёсӣ омехтагӣ пайдо кардааст.

Наимулло МУҲИБУЛЛОЕВ,
магистри курси дуввуми Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ