Андеша ва розҳо ҲАР НЕК РАФТ…

Ҳар нек бирафт аз дунёи фонӣ боғе аз даст рафт, зеро некон дуруст кунанд боғе, гулзоре аз хайр, иноят ва меҳрубонӣ. Некон бираванд, доғи ҳасрат ва надомат бимонад дар дил. Зеро пас аз рафтани некон ҳусни дунё бикоҳад, дили мо сахт фишор бихӯрад аз рафтани некон. Бо мисраъҳои шоир бигӯем, ин аст:
Сад зиндадиле бимираду хок шавад,
Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.
ОДАМИ ИДЕАЛӢ НАБУДААСТ
Беш аз шаст сол зиндагӣ доштам дар дунёи фонӣ, бо сағиру кабир будам ҳамнишину ҳамсӯҳбат. Ошкоро ва хуфиёна биомӯхтам розҳои одамон, биҷустам камоли инсонҳо, аммо набудааст дар дунёи зебо як фарди идеалӣ, ҳамаро гуноҳҳо будааст, пушаймониҳо аз умри даргузар.
Алқисса, одами идеалӣ набудааст дар дунё.
САР ТО ПО СӮЗУ ГУДОЗАМ
Сар то ба по сӯзу гудозам, аё мардум. Маро печонда гирифтааст дарди синасӯзи миллат ва инчунин аҳли сайёра. Куҷо биравам то аҳволи хештан қазоват бикунам. Танҳояму танҳо…
Бисёр нӯшам оби сардро аз оташи тобу таб, сӯхтану сохтанҳо. Сар то ба по пазмонам ба дарёфти ҳақиқати дунё. Кӣ маро кунад дар ҷодаи мушкил раҳнамоӣ ва чорасозӣ?!
ЭЙ ДУНЁИ ҚАДИМ
Эй дунёи қадим рӯзе тарк кунам туро. Ман на ягона одамам, ки омадам ба рӯйи он ва на вопасин касам, ки чашм пӯшад аз дунё. Хаста шудам аз зиндагӣ, аз ҷунбуҷӯлҳои он. Осоиш, оромиш бихоҳам ва ҳам хоби бароҳат, то барпо шудани маҳшаргоҳ.
Хаста шудам аз гиру дори дунё, хаста…
НОЛАҲОИ ҶОНГУДОЗ
Нолаҳои ҷонгудоз доштем дар хилвати манзил, пинҳонӣ ашк бифшондем бисёр, ай дӯст. Ҳоли моро кӣ медонад? Бо таъбире, «куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо».
Аз тангдастӣ, аз таҳқири одамон, ки моро девона хонданд, бигиристем ба сарнавишти талхи худ. Танҳо ту Худованди мутаол дастгиру мададгори моӣ. Аз ин рӯ, бинолем ба даргоҳи ту, аё Худованди мутаол ва меҳрубон…

Ӯктам ИБРОҲИМ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ