Фестивал ҷавононро муттаҳид кард!

Вохӯрии ҳоким ва ҷавонон

Рӯзҳои дуввум ва севвуми фестивали ҷавонони Самарқанд (11–13-уми июн) таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид шавем!» дар моҳонаи ҷавонон бо як қатор тадбирҳои ҷолибу шавқовар гузашт. Дар давоми 3 рӯз аз сад зиёд тадбир гузаронида шуда, дар он беш аз 1 миллион ҷавонон иштирок карданд. Яке аз хотирмонтарин тадбирҳо дар рӯзи дуввуми фестивал вохӯрии «Ҳоким ва ҷавонон» шуд. Дар вохӯрӣ, ки таҳти унвони «Ҷавонони Ӯзбекис­тон – дирӯз, имрӯз ва фардо» баргузор гардид, ҳокими вилоят Э. Турдимов ва роҳбари Садорати вилоятии агентии кор бо ҷавонон Ҳ. Тӯхтаев бо фикру ғоя ва лоиҳаҳои инноватсионии онҳо ошно шуданд.
Дар ҷамоаи ихтирочиёни ҷавони SWAT, ки дар IT Park фаъолият мекунанд, ширкат варзида, як қатор дастгоҳҳои робототехникии худро намоиш доданд. Яке аз онҳо «роҳнамо-­робот» аст. Аз номи ихтирочиён робот ба ҳоким дар бораи дастгирии лоиҳа муроҷиат кард ва муроҷиат ба инобат гирифта шуд.
Донишҷӯи Донишгоҳи илм ва технологияи Нанҷинги Чин Достон Эшонов, низ бо пешниҳоди сохтани лабораторияи робототехника ба ҳоким муроҷиат кард.
– Мо дар ҳамкорӣ бо ДДС ва филиали самарқандии ДАТТ ин лабораторияро таъсис медиҳем, – гуфт Э. Турдимов. – Инчунин, ман медонам, ки ихтироъкорони ҷавони мо аз Тошканд бисёр қисмҳои эҳтиётии заруриро меоранд. Дар назди лаборатория чунин мағозаи қисмҳои эҳтиётии робототехникаро ҳам мекушоем.
Дар вохӯрии «Ҳоким ва ҷавонон» ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов 3 ғолиби лоиҳаи «Start-­up»-ро бо сертификати махсус ва 2 нафар ҷавони пешқадамро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонд.
Ғайр аз ин, 20 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими олии касбӣ таҳсил мекунанд, ба стипендияи ҳоким сазовор шуданд. Ба онҳо сертификатҳое, ки барои дар давоми 6 моҳ 1 миллион стипендия гирифтан имкон медиҳад, супорида шуд.

Бахшиҳои ҷавон дар Қӯшработ ҷамъ омаданд

Дар хона-­музейи Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли воқеъ дар деҳаи Қӯрғони ноҳияи Қӯшработ дар доираи фестивали ҷавонон озмуни бахшиҳо баргузор гардид.
Дар он тақрибан 50 нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Дар байни онҳо Нилуфар Тоғаймуродоваи 2-солаи қӯшработӣ ҳам буд.
Дар сафи иштирокчиён, ба ғайр аз бахшиҳои вилояти мо, ҷавонон аз вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё низ буданд.
Аз рӯи натиҷаи озмун, ҷои аввал насиби Бобобек Раҳматови қӯшработӣ гардид.
Ҷойи 2-юмро Ҷавлонбек Шарибоев аз ноҳияи Пастдарғам ва Фирдавс Суюнбоев аз Булунғур, ҷои 3-юмро Заҳриддин Суюнбоев аз Булунғур ва Муҳаммадҷон Шавкатови нурободӣ ба даст оварданд.

Дар роҳи илм – муттаҳид

Бозии интеллектуалии «Заковат» ҷавонони боистеъдод ва бомаърифатро гирд овард.
Дар бозии интеллектуалӣ, ки дар базмгоҳи «Bog’ishamol Garden»-и шаҳри Самарқанд ташкил карда шуд, ҳокимони 16 шаҳру ноҳияи вилоят бо 5 нафар ҷавонон аз минтақаҳои худ даста ташкил намуда, ширкат варзиданд.
Дар озмуни шавқовар ҷамоаи ноҳияи Нарпай ғолиб омаданд. Дастаи шаҳри Самарқанд ҷои дуввум ва ҷавонони ноҳияи Каттақӯрғон ҷои сеюмро гирифтанд.
– Шодем, ки вақтҳои охир бозии «Заковат» ва худи илм ба як тренд табдил ёфтааст ва бисёр одамон, новобаста аз мансаб, синну сол ва ҷинс, дар роҳи илм муттаҳид шуда, ба фаъолияти зеҳнӣ диққат медиҳанд. Мо инро дар тӯли солҳо орзу мекардем, – гуфт Хушнудбек Худойбердиев, ки дар ин мусобиқа иштирок кард.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ғолибонро табрик намуда, онҳоро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонд.
3 нафар хонандаи синфҳои тоҷикӣ мукофотонида шуданд
Дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳр дар доираи фестивал бо иштироки Эркинҷон Турдимов маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони олимпиадаи фаннии ҳокими вилоят баргузор гардид.
– Дар ин ҷашнвора, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъол иштирок карданд, – гуфт Э. Турдимов. – Имрӯз мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои илмӣ баргузор шуданд. Ин ҳама барои рӯҳбаланд кардани ҷавонон ташкил гардидааст.
Пас аз он, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони олимпиада баргузор гардид.
Дар он хонандагони синфҳои 10 ва 11 аз тамоми ҳудудҳои вилоят аз рӯйи 14 фан ширкат варзиданд.
Дар байни ғолибон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик низ ғолибон аниқ гардиданд. Ҷойи якум ба хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 40-и ноҳияи Самарқанд Фархунда Мӯминбоева, ҷойи дуввум ба хонандаи мактаби рақами 14-и ноҳияи Самарқанд Шаҳризода Раббимова ва ҷойи севвум ба хонандаи мактаби 54-и ноҳия Шоҳиста Қурбонова насиб кард.

Барои дастгирии ғояҳои инноватсионӣ – 1 миллиард сӯм

Дар Самарқанд гала-­консерти ниҳоии фестивали ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекис­тони нав, муттаҳид шавем!» гузаронида шуд.
Чорабинӣ, ки дар майдони назди Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд баргузор шуд, бо сухани муқаддимавии директори Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев ва ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов оғоз ёфт.
Роҳбарон ва намояндагони фаъол, ки дар дастгирии ҷавонон фаъол буданд, мукофотонида шуданд.
Зикр гардид, ки дар қисми хотимавии фес­тивал, ки дар арафаи 30-солагии истиқлолияти кишвар баргузор гардида, тақрибан 30 000 нафар ҷавонон иштирок доранд.
Дар чорабинии ниҳоии фестивали ҷавонон ҳокими вилоят Э. Турдимов ба Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон барои дастгирии ғояҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои стартапи ҷавонони Самарқанд ба маблағи 1 миллиард сӯм сертификат супурд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ