Сухан он беҳ, ки мухтасар бошад

Гоҳ-­гоҳ нафароне шикоят мекунанд, ки имрӯз забони рӯзнома ва дигар расонаҳои хабарии (ВАО) мо мураккабу душворфаҳм шудааст ва соданависӣ бояд пешаи дастандаркорон бошад. Ба ин далел, расонаҳо барои содатар кардани забони навиштории худ то ҳадди имкон мекӯшанд.
Соданависӣ ин софу фаҳмо ва бе ороишҳои лафзӣ навиштан аст. Кӯтоҳбаёнӣ, тақсим кардани як ҷумлаи мураккаби дароз ба чанд ҷумлаи нисбатан содатар низ метавонад нишонаи соданависӣ бошад. Вале, андаке мушоҳида нишон медиҳад, ки мо онро дуруст намефаҳмем. Имрӯз аксар истифодаи калимаҳои хоси шеваю маҳалли худ, истилоҳҳои забонҳои ғайр ва калимаҳои сохтаи худро, ки забони адабӣ қабул намекунад, соданависӣ мешуморанд. Албатта, истифодаи баъзе аз онҳоро комилан нодуруст гуфта намешавад, аммо «ҳар сухан ҷойеву ҳар нукта мақоме дорад». Ҳудаву беҳуда ба кор бурдани чунин вожаҳо забонро олуда мекунад ва бадтар аз ҳама ба якпорчагии забон осеб мерасонад. Ҳамчунин, ин роҳҳо нависандаро ба мақсади асосии худ – соданависӣ намерасонад. Чунки мо имрӯз калимаву ибораҳои ғайриадабиро ба кор мебарем, ба қоидаи ҷумлабандӣ хеле кам эътибор медиҳем ва мақсади худро дар қолаби қоидаҳои ҷумлабандии забонҳои дигар баён мекунем. Дар натиҷа, фаҳмидани чунин ҷумлаҳо душвор мегардад, бо вуҷуди он ки маънии ҳамаи калимаҳо равшан аст. Биёед, ин гуфтаҳоро дар мисоли як ҷумла бубинем. Ин ҷумла порае аз тарҷумаи як фармон аст, ки дар чанд ҷой чоп шуд:
«…Ба комиссияи давлатӣ оид ба гузарондани савдоҳои тендерӣ ҳангоми фурӯши амволи давлатӣ ваколат дода мешавад, ки оид ба нашри эълонҳо оиди фурӯши амволи давлатӣ бидуни эълони нархи ибтидоӣ, инчунин фурӯши активҳои давлатӣ дар асоси на камтар аз ду пешниҳоди беҳтарин (новобаста аз нархе, ки дар ҳисоботи арёзбӣ тавсия шудааст ва дар хулосаи коршиносон муайян шудааст) қарор қабул кунад».
Ин ҷумла сар то по ғалат тарҷума шудаву барои хосу ом нофаҳмо аст. Маълум нест, ки ба комиссия дақиқан чӣ ваколат дода мешавад. Тарҷумон комилан ғарқи тарҷумаи таҳтуллафзӣ (калима ба калима) шудааст ва ба ҷумлаи баргардондаи худ аз мавқеи хонанда нигоҳ накардааст. Ӯ ибораҳоеро, ки метавон кӯтоҳтар баён кард, баръакс дарозтар тарҷума кардааст. Танҳо як калимаи «оид» дар се мавриди гуногуни ҷумла такрор омадааст, ки салоҳияти тарҷумонро зери савол мебарад. Тарҷумаи чанд ибора дар тоҷикӣ маънои аслиро ба хонанда равшан накардааст. Барои фаҳмидани матлаб зарур шуд, ки аввал матни аслии ҷумларо пайдо кунем.
Инак, пораи зарурӣ аз матни аслии фармон:
«…Давлат мулкини сотишда тендер савдоларини ўтказиш бўйича давлат комиссиясига давлат активларининг бошланғич нархини эълон қилмаган ҳолда сотиш тўғрисида эълонлар бериш ҳамда 2 тадан кам бўлмаган таклифлар орасида энг яхшиси асосида сотиш бўйича қарорлар қабул қилиш ваколати берилади (баҳолаш тўғрисидаги ҳисоботда тавсия этилган ва экспертиза хулосасида аниқланган нархдан қатъи назар)».
Танҳо баъди хондани матни асил маълумамон мегардад, ки ба комиссия чӣ ваколате додаанд.
Барои тарҷумаи дурусти ин ҷумла ба чанд нукта таваҷҷӯҳ кардан зарур буд. Якум, ибораҳои дарозро кӯтоҳ баргардондан имкон дошт. Биёед, бо мисоле бинем:
Ибораи аслии «тендер савдоларини ўтказиш бўйича давлат комиссияси».
Дар мақола «комиссияи давлатӣ оид ба гузарондани савдоҳои тендерӣ» тарҷума шудааст, ки агар «комиссияи давлатии музояда» гӯем, мувофиқи мақсад аст.
Ибораи аслӣ 6 калима дошт, дар тарҷумаи аввал он бо 7 калима ифода шуд. Тарҷумон ба ҷойи кӯтоҳбаёнӣ, баръакс ибораро дарозтар кард. Дар ҳоле, ки мумкин буд ин ибораро бо 3 калима тарҷума кард. Дар тарҷумаи ин ибора ба калимаҳои «оид» ва «гузарондан» заррае эҳтиёҷ нест, чун онҳо фақат ба изофагӯӣ боис мешаванду бас. Ибораи «савдоҳои тендерӣ»-ро низ аз миён бардорем ва ба ҷойи он танҳо «тендер»-ро истифода кунем, маънову мантиқ вайрон намешавад. Чун, тендер худ як усули савдо аст ва такрор гуфтан шарт нест. Агар тендерро музояда гӯем ибора тоҷиконатару зеботар мешавад. Барои касоне, ки музоядаро намедонанд, дар зери мақола шарҳи онро овардан кофист. Аммо касе, ки наметавонад музоядаро қабул кунад, метавонад гӯяд, ки: «комиссияи давлатии тендерӣ». Дар ҳар ду сурат як ибораи дарозе ду баробар кӯтоҳ шуд. Худдорӣ кардан аз истифодаи калимаҳои изофагӣ ҷумларо равонтару кӯтоҳтар мекунад ва фаҳмидани он барои омма осонтар мегардад.
Ба ин пораи ҷумла нигарем:
«…активларининг бошланғич нархини эълон қилмаган ҳолда сотиш тўғрисида эълонлар бериш…»
Дар ин ҷумла эълон «дар мавриди аввал ба маънии» ифшо, ошкор кардан омадааст, яъне мехоҳанд гӯянд: «бидуни ошкор кардани нархи ибтидоӣ». Тарҷумон ба ин нозукиҳо бояд эътибор медод. Дар чунин ҳолат истифодаи як калима дар ду ҷойи ҷумла барои фаҳмондани маъноҳои гуногун маслиҳат нест. Зеро кас ҳангоми хондан набояд дар миёни маъноҳои калима гиҷ шавад ва ҳар калима бояд маънии дақиқро осон ба ӯ расонад.
Ба пораи ишорашудаи ин ҷумла таваҷҷӯҳ кунем:
«…2 тадан кам бўлмаган таклифлар орасида энг яхшиси асосида сотиш…»
Ин ҷо гап дар сари он меравад, ки кумита минбаъд ваколат хоҳад дошт, ки ҳангоми фурӯш беҳтарин пешниҳоди харидро интихоб кунад. Албатта, дар ҷумлаи асл низ калимаи «харид»-ро ба кор набурдаанд, вале калимаи «таклиф» ба он ишора мекунад ва ин барои донандагони забони ӯзбекӣ равшан аст. Дар тарҷумаи ин ҷумла низ беэътиборӣ ба нозукиҳои кор ҷумлаи бемаъноро ҳосил кардааст:
«фурӯши активҳои давлатӣ дар асоси на камтар аз ду пешниҳоди беҳтарин…»
Ин ҷумларо калима ба калима тарҷума кардан нодуруст аст, бояд маънои ҷумларо дар чорчӯби қонун ва қоидаи забони тоҷикӣ ба хонанда расонд:
«фурӯши активҳои давлатӣ бо усули интихоби беҳтарин аз миёни ҳадди ақал 2 пешниҳод»


Хулоса, чунин тарзи тарҷумаҳо қобили қабул нест ва ба далели нофаҳмо буданаш касро аз хондани идомаи он бозмедорад. Он ҷумларо чунин тарҷума кардан мумкин буд:
«…Ба комиссияи давлатии музояда чунин ваколат дода мешавад:
– эълон додан дар бораи фурӯши амволи давлатӣ бидуни ифшои нархи ибтидоӣ;
– қабул кардани қарор дар бораи фурӯши активҳои давлатӣ бо усули интихоби беҳтарин аз миёни ҳадди ақал 2 пешниҳод (қатъи назар аз нархе, ки дар ҳисоботи арзёбӣ тавсия ва дар хулосаи коршиносон муайян шудааст)».
Ин тарзи тарҷума имкон медиҳад, ки хонанда ҷумлаҳои мураккабро осонтар бифаҳмад.
Ё, ин тарз тарҷума кардан низ қобили қабул аст:
«…Ба комиссияи давлатии музояда барои эълон додан дар бораи фурӯши амволи давлатӣ бидуни ифшои нархи ибтидоӣ ва қабул кардани қарор дар бораи фурӯши активи давлатӣ бо усули интихоби беҳтарин аз миёни ҳадди ақал 2 пешниҳод ваколат дода мешавад (қатъи назар аз нархе, ки дар ҳисоботи арзёбӣ тавсия ва дар хулосаи коршиносон муайян шудааст)».
Тарҷумаи фармону қарорҳо масъулияти калон дорад. Аммо, мо бо ин далел, ки як масъулиятро ба дӯш мегирем, набояд масъулияти дигарро аз худ соқит кунем. Бо чунин навиштаҳо худи мо боиси кам шудани сафи хонандагонамон мешавем. Хонандаи сода бехабар аз он, ки мо ғалат менависем, фикр мекунад, ки забони модариаш чунин душворфаҳм асту ӯ наметавонад мазмун ва муҳтавои нашрияҳои тоҷикиро дарк кунад. Дар чунин ҳолат табиӣ аст, ки вай аз хондани тоҷикӣ даст мекашад ва ба рӯзномаҳои забони дигар рӯ меоварад.
Забони форсӣ-­тоҷикӣ дар қатори ибарӣ (иврит), бас­кӣ, арабӣ, тамилӣ, юнонӣ, чинӣ, литвонӣ, исландӣ ва ирландӣ-­гэлӣ яке аз даҳ забони қадимтарини зиндаи ҷаҳон аст. Дар мақолаи «The 10 Oldest Languages Still Spoken in the World Today», ки сайти theculturetrip.com нашр кардааст, гуфта мешавад: «навиштаҳои форсии асри 9-ро гӯяндаи ин забон осонтар мефаҳмад, нисбат ба гӯяндаи забони англисӣ, ки шеърҳои Шекспирро мехонад».

Умед ФАРҲОДЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ