Арзиши биринҷ вобаста ба сифати он аст, қадри ҷомеа…

Дар шумораи 45-уми рӯзномаи «Овози Самарқанд» (09–06–2021) мақолаи Фаридуни Фарҳодзод таҳти унвони «Tik Tok: қадаме ҷониби таназзули маънавӣ» чоп гардид. Дар мақола яке аз муаммоҳои муҳими ҷомеаи имрӯза, ки ба доғи рӯз табдил ёфтааст, ҳаматарафа таҳлил карда шуда, паёмадҳои нохуши он баён гардидааст.
Камина низ нахуст дар бораи иловаи «Tik Tok» назари манфӣ доштам. Аммо пас аз пайгирии саҳифаҳои тиктокчиёни кишварҳои хориҷӣ, ин андешаам тағйир ёфт. Чунки аксари видеонаворҳои кӯтоҳмуддати онҳо мазмуни тарбиявӣ-­ахлоқӣ низ доранд. Онҳо тавассути наворҳои худ мардумро ба одаму одамгарӣ, меҳрварзӣ, ғанимат донистани умр, ёрирасонӣ ба атрофиён ҳидоят мекарданд. Масалан, дар як навор марде аз кӯча баклашкаҳоро мечинад. Атрофиён ба ӯ бо назари тамасхур менигаранд. Дар ҳамин маврид марди сарватманде бо мошини гаронбаҳо омада, дар ин кор ба марди жандапӯш ёрӣ мерасонад. Дар анҷоми кор, ноаён дар борхалтаи мард пул меандозад.
Албатта, тамошои ин навор атрофиёнро дар баробари даъват ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи экология, ба меҳрубону саховатманд будан ҳидоят менамояд. Қобили зикр аст, ки чунин наворҳо дар саҳифаҳои тиктокчиёни хориҷӣ хеле зиёданд.
Афсӯс, ки дар мамлакати мо чунин видеоҳои дорои аҳамияти тарбиявӣ хеле кам аст. Аксари наворҳои онҳоро тамошо карда, табъ хира мешавад.
Чанде пеш дар шабакаҳо наворе паҳн шуд, ки як ҷавон ба ҳайкали шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ беэҳтиромӣ кардааст. Кадом одами соҳибҳуш ва ботамиз ба симои шахси бузурге, ки нуфузи ҷаҳонӣ дорад ва мардум эҳтиром мекунанд, чунин рафтор менамояд. Албатта, ин кори ҷавонро аксар шаҳрвандон хуш қабул накардаанд, аммо теъдоди одамоне, ки «лайк» гузошта буданд, низ кам набуд. Охир, ин ба рӯйи халқ пой гузоштан, гузаштагони худро масхара кардан мебошад. Хатоест нобахшиданӣ. Ин рафторҳои номатлуб на танҳо аз костагии маънавияти ҷавонон, балки аз беэътибории волидон ба таълиму тарбияи онҳо низ гувоҳӣ медиҳад.
Мехостам дар ҳамин маврид як мисоли ҳаётиро биёрам. Медонем, ки арзиши биринҷ вобаста ба сифати он аст. Яъне, ҳаҷми биринҷ хурд ва дар дарунаш курмаку санг дошта бошад, нархаш арзон мешавад ва агар биринҷ хушсифати калонҳаҷм ва тоза бошад, нархаш қимат. Мо ҷамъиятро низ ба ҳамин монанд карданамон мумкин аст. Яъне, агар дар ҷомеа ҷавонони бохирад, худшинос ва боҳуш зиёд бошанд, нуфузи давлат ва ҷамъият боло меравад. Вақте ки дар ҷамъият инсонҳои сатҳи донишашон паст, аз маънавияту маърифат фарсахҳо дур, яъне «курмак»-ҳо зиёд шуданд, ҷомеа низ қафо меравад. Дар чунин давлат ва ҷамъият пешравӣ хеле суст ҷараён мегирад.
Афсӯс, мо пас аз тамошои наворҳои тиктокчиён, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил мекунанд, дар бораи сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо хулоса бароварда метавонем. Ва ин хулосаи мо ягон ҷиҳати манфиатбахш надорад.
Набояд фаромӯш кард, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ оташро мемонад. Мо бояд ба одамон аз ин оташ дуруст истифода намуданро биомӯзем. Афсӯс, ки ҳоло аксар одамон фирефтаи ҷилои оташ гардида, худро ба он мезананд ва якҷоя месӯзанд.
Барои пешгирии ин ҳолат мо бояд дар насли ҷавон маданияти истифодаи интернетро ташаккул диҳем. Дар телевизион ва радио, умуман воситаҳои ахбори оммавӣ чунин барномаҳоеро роҳандозӣ кунем, ки дар онҳо тарзи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва иловаҳои гуногун, аз ҷумла «Тик Ток» омӯхта шаванд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо шуури ҷавононро аз таъсири ин вабо, ки олами ботинии наврасонро заҳролуд месозад, ҳифз карда метавонем.

Акбар АЛИБЕКОВ,
ходими илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ