Муносибат ба муроҷиат – мезони баҳои роҳбарон

Таҳлили муроҷиат ва шикоятҳои шаҳрвандон мушкилу муаммоҳои соҳа, ё ҳудуди муайянеро равшан мекунад. Дар навбати худ ҳалли онҳо барои баҳо додан ва муайян кардани сатҳи фаъолияти роҳбар имкон медиҳад. Ба ҳамин далел ҳалли муроҷиатҳо ҳамеша дар маркази эътибори ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов аст.
Рӯзи 16-уми июн низ бо иштироки ҳокими вилоят масъалаҳои вобаста ба ҳалли муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ шуд. Дар ин нишаст ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони садорат ва шӯъбаҳои онҳо низ ҳузур доштанд.
Бино ба маълумот, шаҳрвандон аз оғози сол то ҳол ба ҳокими вилоят 29 ҳазор муроҷиат фиристоданд. Бархе аз муроҷиатҳо бевосита дар мулоқоту қабули сайёр ва боқӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тақдим шудаанд. 4,6 дарсади муроҷиатҳо вобаста ба соҳаи бонк аст. Ҳамчунин, дар 3,2 дарсад ҳолат масъалаҳои таъминоти барқ, дар 2,8 дарсад ҳолат муаммоҳои маҳалла боиси муроҷиати шаҳрвандон гардидааст. Ҳокими вилоят аз масъулон дар бораи ҳар як муроҷиат ҷавоб пурсид.
Тавре пеш хабар дода будем, ҳокимияти вилоят дар сари моҳ системаи электронии иҷрои муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба роҳ монда буд. Ин иқдом ҳоло сатҳи иҷрои муроҷиатҳоро беҳтар мекунад.
Эркинҷон Турдимов гуфт:
– Ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон, кор бо аҳолӣ бояд вазифаи асосии муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ бошад. Муносибати одамон ба муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки ин ҷараён чӣ тавр ба роҳ андохта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ