Дар кӯчаи «Даҳбед» кай тартиб мешавад?

Ҳоло дар асоси қонуну қарорҳои ҳукумат бино ва иншоотҳои бекорхобида ва объектҳои гуногун барои истифода ба ихтиёри тадбиркорон супорида мешавад. Албатта, мақсад аз ин барои тадбиркорон фароҳам овардани шароитҳои мусоид, таъмини шуғли аҳолӣ, беҳсозии шароити рӯзгори мардум ва дар баробари ин обод кардани биноҳои харобаи шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Афсӯс, ки баъзе тадбиркорон аз ин имкониятҳо нодуруст истифода мебаранд. Гоҳо вазифа ва масъулияти худро фаромӯш мекунанд. Масалан, дар ду тарафи кӯчаи «Даҳбед»-и шаҳр соли 2009 корҳои бунёдкорӣ амалӣ гардида, аксари биноҳои канори роҳ ба ихтиёри соҳибкорон супорида шуд. Тадбиркорон дар онҳо хизматрасониҳои гуногунро ба роҳ монданд, ки ин барои аҳолии гирду атроф як қатор қулайиҳоро фароҳам овард. Лекин ин масъала ҷиҳати дигар низ дорад, ки имрӯзҳо боиси эътирози барҳақи мардуми маҳаллӣ, бахусус ронандагон мешавад.
Гап дар сари он аст, ки дар ин гирду пеш ягон истгоҳи нақлиёт фаъолият надорад. Тадбиркорон ва харидороне, ки ба субъектҳои тадбиркорӣ, ошхона ё дигар мағозаҳо меоянд, ноилоҷ мошини худро дар сари роҳ мегузоранд. Ин худ аз худ тирбандии мошинҳоро ба миён меорад. Мутаассифона, масъуле нест, ки роҳи ҳалли муамморо ҷӯяд. Ҳатто дар ҷойе, ки гузоштани автомобил манъ карда шудааст, шаҳрвандон мошини худро бемалол мегузоранд. Баъзе соҳибкорони «кордон» ҳатто замини барои истгоҳи мошин ҷудошударо низ ба нуқтаи савдо табдил додаанд. Дарахтони манзаравии қади роҳро шикаста, дар пайроҳаи пиёдагардон низ савдо мекунанд. Масалан, дар пеши тарабхонаи «Тиллокорӣ», ошхонаи «Олтин ҷӯҷа», кафеи «Райҳон нур», ошхонаи «Шоҳҷаҳон», «Гаштак» ва якчанд «Хостел» –ҳои кӯчаи «Даҳбед» чунин ҳолатро гувоҳ мешавем.
Саволе ба миён меояд: дар ҷамъият манфиати инсон баланд аст ё манфиати тадбиркор? Мутассаддиён ба куҷо менигаранд? Ҳоло мо танҳо кӯчаи Даҳбеди шаҳрро мисол овардем. Чунин мисолҳо дар дигар кӯчаҳо низ вомехӯранд. Боварӣ дорем, ки роҳбарон сари ин масъала истодагарӣ карда, ҳалли онро меёбанд!

Наврӯз БОБОАҲМАД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ