Қулфинай — маликаи буттамева


Қулфинай меваест бо таъми фавқулодда. Шахсеро ёфтан душвор аст, ки ин меваро дӯст надорад. Пешрафти техникӣ имкон медиҳад, ки ин меваҳои олиҷаноб тамоми сол парвариш карда шаванд. Хусусан навъҳои ремонтании қулфинай, ки дар тӯли даҳ моҳ мева медиҳанд, хело ҳам паҳн шудаанд. Қулфинай бо хушбӯӣ, боллазатию шаҳдборӣ дар ҳақиқат унвони маликаи буттамеваро дошта, яке аз меваҳои аҷиби табиат, анбори воқеии витаминҳои муфид мебошад. Буттамева қодир аст, ки организмро аз зуком муҳофизат, системаи иммуниро мустаҳкам ва бехобиро рафъ кунад. Гузашта аз ин метавонад таъсири хеле қавии зидди илтиҳобӣ дошта бошад. Ин буттамева дар қисмати зиёди олам машҳур аст. Қулфинай дар тамоми ҷаҳон барои табиати хоси худ, ранги сурхи тобнок, таркиби мева ва бӯйи хосаш парвариш карда шуда, ба таври васеъ дар намуди тару тоза ё барои тайёр кардани афшураҳо, яхмос, пирогҳо, коктейкҳои ширӣ ё шоколад истифода мешавад. Буттамева метавонад дар тарабхонаҳо ҳамчун шириниҳо (десерт) хизмат кунад, ё ин ки барои оро додани пирожниҳо истифода шавад, яхкунонида шавад, компотҳо тайёр карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ