Қасди гург

Сафеддараи мо дар бағали кӯҳҳои баланд ҷой гирифта, аз дур ба тифли дар оғӯши модар хобида монанд аст. Ҳар гоҳе, ки аз шаҳри Самарқанд баромада, сӯйи ҷануб меравед, баъд аз паймудани 40–45 километр роҳ пеши чашматон Сафеддараи хушманзара намоён мегардад.
Деҳаи мо дар атрофу акноф бо ғори Ҳазрати Довуд маълуму машҳур аст. Ин ғори таърихӣ дар тори кӯҳ, дар баландии беш аз ҳазор метр маскан дорад. Ҳар сол аз дуру наздик ҳазорон сайёҳон ба зиёрати ин ғор ба Сафеддара меоянд.
Дар хусуси ғор ҳикояву ривоятҳои бисёр мавҷуд аст, аммо нақли ман дар бораи чизи дигарест. Мехоҳам воқеаро ба шумо гӯям, ки чанд сол пеш шоҳиди он будам.
Баъд аз таътили зимистона субҳе ба мактаб омада, дар саҳни ҳавлӣ як гурӯҳ бачаҳоро дидам, ки давра истода, касеро гӯш мекунанд. Ба давра наздик шуда, Асрори ҳаштумхонро дидам, ки дар гӯшае истода мегӯяд:
– Бовар доред, ки гурги зиндаро, бори нахуст дидам. Бо нигоҳаш «одамро мехӯрам» мегуфт: Ранги мӯйи танаш хокистарӣ, аммо мӯйи пушти сар, ду гӯшу поҳояш сиёҳтоб… Пештар ҳамсояамон Сабурамак гоҳ-­гоҳ аз кӯҳ харгӯш ё ғозро шикор карда меовард. Чанд рӯз пеш вай дар паси Сафедкӯҳ дом гузошта будааст. Ин дафъа гург ба дом дармондааст.
– Сабурамак гурги зиндаро дар куҷо нигоҳ медорад? – пурсид ҳамсинфам Рашид. – Бузу гӯсфандонашро як-­як дошта хӯрад, чӣ кор мекунад?
– Агар ҳавлии Сабур-­шикорчиро дида бошед, ӯ мудом дар даруни қафаси оҳанин саги зотияшро нигоҳ медошт. Акнун он қафас аз они гург шуд, – ҷавоб дод Асрор.
Ҳамон рӯз дарси аввалини мо зоология буд. Баробари ба синф даромадани муаллим Наврӯзи Бузургмеҳр нахуст аз шикори Сабурамак ҳарф задем. Гумон доштем, ки ӯ аз шунидани хабар хурсанду ба ҷасорати шикорчӣ қоил мемонад. Аммо аз суханони мо чеҳраи хандон ва нуронии устод ҷиддӣ шуду гуфт:
– Шунидам, кори хуб нашудаст, бачаҳо. Аввал ин ки гургу рӯбоҳ, хирсу харгӯш, хуллас, ҳамаи ҷонварон як ҷузъи табиатанд. Табиат барои мо мисли модар аст. Мо инсонҳо бояд табиатро бо тамоми ҷонваронаш эҳтиёт намоем. Дуввум ин, ки гургҳо ҷонварони қасосгиранд, аз мо бадӣ бинанд, бадӣ мекунанд.
Шавқи дидани гург моро ором намегузошт. Баъд аз дарс панҷ-­шаш нафар ҷӯраҳо роҳи хонаи шикорчиро пеш гирифтем. Дарвозаро ба рӯямон худи Сабурамак кушод. Чун мақсади омаданамонро гуфтем, ӯ гӯё баландтарин қуллаи кӯҳро фатҳ карда бошад, мағрурона хандиду гуфт:
– Марҳамат, марҳамат, дароед. Аммо дониста монед ва ба дигар бачаҳо низ гӯед, ки тамошои гург пулакист.
Худро ба нодонӣ зада, назди қафаси гург рафтем. Ҳаво сард, вале офтобӣ буд. Зери нурҳои хуршед мӯҳои сару бадани гург медурахшиданд. Гурги гирифтори қафас аз он, ки озодиро аз даст дода буд, ғамнок менамуд. Нигоҳи ғамангезашро аз мо гурезонда, дилтангона аз ин сӯ – он сӯйи қафас қадам мезад.
– Ба ман қоил шудед? – ногоҳ дар пушти сари мо пайдо шуд шикорчӣ. – Гургро зинда ба зинда дошта, хона овардан кори ҳар кас не, ҳа-­а.
Бо дандонкобак беғамона дандон кофтанашро дида, бо қаҳр ба рӯяш нигариста гуфтам:
– Амак, гурги дарранда ба шумо барои чӣ даркор? Оҳу ё харгӯш мебуд, гӯшташро мехӯрдед.
– Эҳ, бачаи нодон, – бо завқ хандид шикорчӣ. – Медонӣ дар бозор пӯсти гург чӣ қадар нарх дорад? Беҳтарин телпак, телпаки пӯсти гург аст. Аз пӯсти ин гург се-­чор телпак дӯзонда фурӯшам, хеле пул мешавад.
Баъди тақрибан ду ҳафта дар деҳа хабари нав паҳн шуд. Сабурамак ба сараш аз пӯсти гург телпак дӯзонда пӯшидааст. Аз боқимондаи пӯсти ҷонвар зани шикорчӣ беш аз дусад дона тӯморча дӯхтааст.
Овозаҳо рост буданд. Бо чашми худам дидам, ки ду писари шикорчӣ дар назди ғори Ҳазрати Довуд ба зиёраткунандаҳо тӯморчаро мефурӯхтанд.
Пештар Сабурамак соле ду-­се бор туфанг сари китф гирифта, ба шикор мебаромад. Баъди гургшикор ӯ ба қавли бобоям «маззахӯрак» шуда буд. Акнун қариб ҳар рӯз роҳи кӯҳро пеш мегирифт, вале аксар вақт дасти холӣ бармегашт.
Чиллаи сарди зимистон ҳам ноаён гузашт. Рӯзҳо дарозу ҳаво нармтар мешуданд. Шамол аз паси кӯҳҳо бӯйи гулҳои наврӯзиро ба машом мерасонд.

Чун иди модарон фаро мерасид, рӯзи истироҳат мо, як гурӯҳ ҳамсинфон, бо мақсади чидани гулҳои баҳорӣ роҳи кӯҳро пеш гирифтем. Боло мешудем, ки аз рӯ ба рӯ Сабурамак баромад. Ӯ дар пушт туфанги калони думила, дар бағал чизе дошт, ки ба миёнбанди шоҳии гулобирангаш печонда буд. Мо ба вай салом дода, аз шикораш пурсон шудем.
Шикорчӣ дар ҷавоби мо хандиду гуфт:
– Бачаҳо, мехоҳед, ки бачаи гург­ро бубинед? Нигоҳ кунед, чӣ қадар ширин, чӣ қадар дӯстрӯ.
Сабурамак бо як даст латтапечи дар бағал будаашро кушод. Аз бағали ӯ ҷонвараке мисли бачаи саги зотӣ сӯйи мо тарсону ларзон менигарист.
Сафеддараи мо дар ҷойи хушҳаво чойхонаи айвондоре дорад. Мардони деҳа, хусусан калонсолон дар хона, ки дилгир шуданд, ба чойхонаи сари роҳ сар мезананд. Соатҳо ин ҷо шоҳмотбозӣ ва сӯҳбати ширин мекунанд.
Бо мақсади бо гул ба ҳамдеҳагон расондани муждаи Наврӯз бегоҳирӯзӣ ба чойхона даромада, табъи баъзеҳоро нохуш дидем. Шамсибобои ҳафтодсола бо ғазаб мегуфт:
– Ман ба ин Сабур ҳайронам. Охир худаш ҳам фарзанд дорад. Чӣ хел дил кард, ки аз лонаи гург бачаи навзодашро дуздида биёяд. Ман гуфтаму шумо шунидед, Сабур бо ин рафтораш ба сари мардуми деҳа нохушии бисёре меорад…
Суханони Шамсибобо рост баромад. Субҳи рӯзи дигар аз хонаи ҳамсояи мо садои доду фиғон ба гӯш расид. Тозон рафта фаҳмидем, ки даррандае нисфишабӣ аз гӯсфандхонаи Шарафамак барраеро захмдор карда, гирифта гурехтааст.
Рӯзи дигар воқеаи аз ин ҳам бадтар рух дод. Даррандае ба оғили Камолмуаллим даромада говашро аз гардан газидаву кушта рафтааст. Шаби саввум хурӯси кулангии Аҳтамамак гум шуд. Хуллас, қариб ҳар шаб аз хонадоне мурғу хурӯс, бузу гӯсфанд нопадид мегашт ё кушта мешуд.
Аз қадим бисёр ҳавливу боғҳои деҳа девор надоштанд. Мардум баъди гум шудани чаррандаву паррандаҳояшон ба воҳима афтоданд, аз лаби дарёи Зарафшон мошин-­мошин санг кашонда, девор месохтанд. Аз мағозаи «Асбобҳои рӯзгор» мардум даста-­даста қулфу калид мехариданд.
Пиру ҷавони деҳ хуб медонист, ки ба касофати гургбачаро дуздидани Сабуршикорчӣ ба ғазаби гург­ҳо гирифтор шуданд. Куҳансолон борҳо шикорчиро маломат карда, амр доданд, ки зуд гургбачаро ба лонааш бурда монад. Сабурамак ваъда медод, вале ба ваъда вафо намекард.
Дар Сафеддара хонадоне нест, ки бузу гӯсфанд ё гову гӯсола надошта бошад. Мисли дигар рустоҳо дар ин ҷо низ ҷавонон бо навбат подаи деҳаро аз субҳ то шом дар доманаи кӯҳҳо мечаронанд.
Аввали моҳи апрел буд. Он рӯз подаро аз рӯйи навбат писари калонии Сабурамак Дилшод бонӣ мекард. Азбаски рӯзи истироҳат буд, Дилшод додараш Имронро ҳам бо худ гирифт. Шом пода аз чарогоҳ – аз доманаи Сафедкӯҳ бармегашт, ки ногоҳ осмон пур аз абрҳои сип-­сиёҳ шуд. Лаҳзае нагузашта, садои ваҳмангези раъду барқ баланд гардид ва якбора борон омад.
Бародарон бо мақсади моли мардумро сиҳат-­саломат ба соҳибонаш супурда, зудтар ба манзил расанд, бо шитоб қадам мегузоштанд.
Дар раҳу рӯ то чорвое намонда бошад, Дилшод хавотиромез ба қафо нигарист ва ногоҳ чашмаш ба гурги калоне афтод, ки аз тарафи кӯҳ бо суръат сӯйи пода медавад.
– Имрон! Имрон! Эҳтиёт шав, гург меояд, – фарёд зад ӯ ва таёқашро боло бардошта, ба муҳофизати пода омода шуд.
Аз шунидани номи гург дили Имрон ба ларза даромад.
– Акаҷон, акаҷон! – тарсон мегуфт ӯ. – Гург ба мо ҳамла намояд, чӣ кор мекунем?
Гурги бадхашм аз ҳай-­ҳайи Дилшод наҳаросида, ба пода наздик шуд. Аввал хез зада дандонҳои тезашро ба гардани гӯсолаи фарбеҳ халонда сӯйи худ кашид. Чун ба вай зӯраш нарасид, аз паси гӯсфанди сафед давид.
Бо як ҷаҳиш болои гӯсфанд баромада, ӯро аз по афтонд. Бо чобукӣ аз гардани ҷонвар газиду онро кашолакунон сӯйи кӯҳ давид.
Баъди ин ҳодисаи ваҳмангез дар хонадони Сабурамак нохушӣ болои нохушӣ меомад. Ба пода ҳамла кардани гурги сиёҳро дида писари хурдии ӯ Имрони даҳсола аз тарс бемор шуд ва ду моҳ дар шифохонаи шаҳр хобид. Сабурамак маҷбур пулҳои ғункардаашро ба муолиҷаи фарзандаш сарф кард.
Гӯсолаи аз теғи дандонҳои гург захмӣ шуда, ҳамон шаб ҳаром мурд. Соҳиби гӯсола Саидризоамак чандон одами содда набуд. Ӯ савори аспи ҷаҳл ба ҳавлии шикорчӣ рафт. Борони дашномҳои қабеҳро ба сари ӯ рехта, дуюним миллион сӯм пули гӯсоларо рӯёнд.

Гӯсфанди гургбурда маълум шуд, ки аз они раиси маҳалла Султони Зафар аст. Султони Зафар барои гӯсфанди думбакалонаш аз Сабурамак як миллин сӯм тавон талаб карда, мегуфт, ки сабабгори ин ҳама нохушиҳо худи ӯст.
Баъди ҳамаи ин воқеаҳо Сабурамак бовар кард, ки гургҳо ҷонвари қасосгиранд, ҳатто аз инсон интиқом гирифта метавонанд. Шикорчӣ гургчаро калон карда, пӯсташро фурӯхта пулдор шуданӣ буд. Аммо кор ранги дигар гирифт. Баръакс, пулҳои ҷамъкардааш беҳуда сарф мешуд.
Ниҳоят, қарор дод, ки гургбачаро ба кӯҳ бурда, ба лонааш мегузорад. Вале аз ҳамлаи гургҳои ба ғазабомада метарсид. Дар Сафеддараи мо Амир ва Самир ном бародарони варзишгару далер ҳастанд, ки дар мусобиқаҳои бузкашиву гӯштигирӣ ҳамеша дастболоянд. Онҳо чун аз азми шикорчӣ огоҳ шуданд, ваъда доданд, ки ӯро дар ин кори хайр ҳамроҳӣ мекунанд.
Як саҳар ҳар се савори се аспи тозӣ ҷониби Сафедкӯҳ равон гардиданд.
Гургбачаи дуниммоҳа, ки бо шири гову буз калон шуда, хеле фарбеҳаку хушмӯ гардида буд, аз бағали шикорчӣ бо шавқ манзараҳои атроф­ро тамошо мекард. Шояд дилаш аз кори хайри одамон гувоҳӣ медод, ки бо миннатдорӣ дастони шахшӯли Сабурамакро мелесид.
Баъди хеле ҷустуҷӯ дар баландие ниҳоят лонаи гург ёфт шуд. Шикорчӣ-­амак аз асп фаромада, гургчаро беозор даруни лонааш гузошт. Сипас, ҳар се аспсавор сӯйи деҳа шитофтанд. Хайрият, ки баъди ба лонаи худ бозгаштани гургбача гургҳо ором ёфтанд ва аз мардум қасдгириро бас карданд. Аҳли Сафеддара чандин сол боз ҳодисаи ба чорво ё парранда ҳамла намудани гургро надидааст.
Пас аз ин воқеа Сабурамак ҳам дигар ба шикори гург набаромад. Ӯ акнун хуб фаҳмида буд, ки бо гургҳо «ҳазл» кардан нашояд.

Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ