Умратро хазон макун!

Соли 1987 Ассамблеяи генералии СММ қарор қабул кард, ки ҳамасола 26-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ҷашн гирифта шавад. Аз ин сабаб, ҳар сол дар ин рӯз вобаста ба вазъи кунунии мубориза бо кишт, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор чорабиниҳо баргузор гардида, ҳисоботи оморӣ интишор мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди рушди соҳаи тиббиёт солҳои охир аз бемориҳои хатарнок ҳазорҳо одамон аз ҳаёт чашм мепӯшанд. Яке аз чунин бемориҳои хавфнок ин нашъамандӣ ба ҳисоб меравад. Қабули маводи нашъамандӣ на танҳо ба камолоти инсон, балки ба тараққиёти мамлакат низ таъсири манфӣ мерасонад.
Мувофиқи маълумоти статистикӣ дар дунё зиёда аз 500 миллион одам пойбанди нашъамандӣ гаштааст. Афсӯс, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонҳои то 30–сола ташкил мекунанд. Дар натиҷаи нашъамандӣ ҳар сол зиёда аз 200 ҳазор нафар аз ҳаёт чашм мепӯшанд. Инчунин, 57 фоизи ҷиноятҳо ба ҳиссаи нашъамандон рост меояд. Аз ҳамин сабаб бо мақсади мубориза бар зидди нашъамандӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид конвенсияҳои «Дар бораи моддаҳои нашъамандӣ», «Моддаҳои психотропӣ» ва «Дар бораи мубоиза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ ва нашъамандӣ» қабул гардидааст.
Одам чӣ хел нашъаманд мешавад? Чӣ гуна омилҳо ба ин мусоидат мекунанд? Дар навбати аввал пайдоиши он аз сигор, носкашӣ ва лоқайдии падару модарон ва таъсири муҳити оилавӣ сар мезанад. Дарди нашъамандӣ ба чашм ноаён буда, барои саломатии инсон бениҳоят хатарнок мебошад. Дар аксарияти нашъамандҳо бемориҳои саратони шуш, асаб, дарди буғумҳо мушоҳида мешавад ва сабаби марги бемаҳал мегардад. Аксари онҳо барои ба ҷони худ қасд кардан ҳаракат мекунанд ва ба корҳои ҷиноӣ майли бештар доранд. Ғайр аз ин, нашъамандӣ инсонро камғайрат, бепарво, заиф, маҷрӯҳ, ноқисулақл намуда, боиси пайдо шудани вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мегардад.
Ғайр аз ин, шахси гиёҳванд аз урфу одатҳои миллӣ, қадриятҳо, ору номус, шарму ҳаё, раҳму шафқат, меҳру оқибат бегона гашта, парешонхотир, беидрок мешавад. Аз рӯи маълумотҳои тиббӣ 80 фоизи гирифторони бемории ВНМО‑ро гиёҳвандҳо ташкил мекунанд.
Шахси гиёҳванд барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ аз ягон амали номатлуб рӯй намегардонад. Дар оилаҳое, ки яке аз ду узви оила – мард ё зан нашъаманд аст, фарзандҳои ногиро, маъюбу ноқисулақл ва нуқсондор ба дунё меоянд.
Хулоса, гиёҳвандӣ ба ҷамъият ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз тарафи моддӣ зарар мерасонад. Мубориза бар зидди гиёҳвандӣ на фақат ӯҳдадории ходимони корҳои дохилӣ, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Хуб мешуд, ки падар ва модарон дар ин ҷода масъулияти асосиро ба дӯш гирифта, ҷавононро барои омӯхтани илму ҳунар тарғиб кунанд. Бисёртар бо меҳнат, варзиш шуғл варзида, барои равнақи Ватан, оила, ҷамъият саҳм гузоранд.

Санҷар БАЙМИРОВ,
шифокор-­наркологи филиали минтақавии Маркази тиббии ихтисосонидашудаи илмӣ-­амалии наркологии ҷумҳурӣ дар вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ