Шароити истироҳатгоҳҳо чӣ хел?

Имсол дар мавсими тобистон 21 ҳазору 130 нафар бача ба истироҳатгоҳҳои вилоят ҷалб мешаванд. Ҳокимияти вилоят барои омодасозии истироҳатгоҳҳо ба мавсим ва хидматрасонии онҳо дар сатҳи зарурӣ чораҳои амиқро муайян кардааст.
Дар ин мавсим 9630 нафар бача дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳри Самарқанд ва 11500 нафар дар истироҳатгоҳҳои рӯзона истироҳат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, бо хоҳишу талаби падар ва модарон дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти қоидаҳои санитарӣ «Майдончаҳои саломатӣ» ташкил мегарданд.
Дар истироҳатгоҳҳо бачаҳоро мусобиқаҳо ва тадбирҳои фарҳангӣ мунтазир аст. Хонандагони боиқтидор, ки аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ таҳсил мегиранд, бар асоси имтиёз ва фарзандони оилаҳои шомили «Дафтари оҳанин» ва «Дафтари бонувон» бепул ба истироҳатгоҳ қабул мегарданд.

«Ситора»

Истироҳатгоҳи «Ситора» дар Оҳалик, дар паҳлӯи кӯҳ ҷойгир аст. Чанде пеш роҳе, ки ба истироҳатгоҳ мебарад, мумфарш шуд. Дар ин ҷо дар давоми мавсим 1000 нафар бача бар асоси роҳхати иттифоқи касаба истироҳат мекунанд.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи мудири оромгоҳ, имсол муаммои оби ошомиданӣ ҳал шуд. Ҳамчунин, майдони маросиму тадбирҳо мумфарш гардид. Ҳоло чароғҳои кӯҳнаи ҳавлиро иваз мекунанд.
Истироҳатгоҳ кинотеатр, майдончаи варзишӣ ва китобхона дорад.

«Алпомиш»

Истироҳатгоҳи «Алпомиш»-и шӯъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд дар маҳаллаи Ӯрта Оҳалик воқеъ аст. Ҳоло навсозии хобгоҳҳои истироҳатгоҳ идома дорад.
Самандар АБДУМӮИНОВ,
мудири муваққатии истироҳатгоҳ гуфт:
– Ҳокими шаҳр Б. Облоқулов, ки ҳафтаи гузашта ба истироҳатгоҳ омад, гуфт ки барои навсозӣ ёрӣ медиҳад. Барои ин корҳо ҳокимияти шаҳр 200 миллион сӯм ҷудо кард. То ҳол бом, сақф ва фарши хобгоҳҳо нав шуд. Баъди ду-­се рӯз ин корҳо ба поён хоҳад расид. Истироҳатгоҳи мо ба 660 нафар фарзанди омӯзгорон ва кормандони мактабҳои шаҳр дар 3 навбат қабул мекунад.

«Учқун» мунтазири бачаҳо аст

Шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд дар маҳаллаи Миронқул истироҳатгоҳи «Учқун» дорад. Толиб Муинов, мудири истироҳатгоҳ гуфт:
– Дар истироҳатгоҳи мо бачаҳои маҳалла ва деҳаҳои гуногуни ноҳия истироҳат мекунанд. Вазифаи асосии мо фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои истироҳати онҳо мебошад. Ҳавои истироҳатгоҳи мо тоза аст, зеро дарахти зиёд дорад. Имсол мо барои 25 нафар бинои нав сохтем. Акнун мо метавонем дар давоми мавсим дар 4 навбат ба 370 нафар хидмат расонем.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ