Журналист бояд дармонҷӯи мушкилоти аҳли ҷомеа бошад

Радио яке аз соҳаҳои расонаҳои ахбор ба ҳисоб рафта, хабару рӯйдодҳои ҳамарӯзаро ба воситаи мавҷи ҳаво ба шунавандагон мерасонад. Ҳоло дар Телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд низ шӯъбаи радио амал мекунад, ки тавассути мавҷи 105,2 ФМ дар се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ фаъолият пеш мебарад. Мо ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ бо сармуҳаррири бахши тоҷикии шӯъбаи радиои вилоят, журналисти бомаҳорат Собирҷон Бурҳонов сӯҳбат оростем.
– Қадамҳои аввалини Шумо дар соҳаи журналистика ва сабаби интихоби ин касб…
– Ростӣ, ман аз хурдӣ ба ин касб, яъне касби сухандонӣ шавқу ҳавас доштам. Вақте ки хурд будам, дар даст ашёеро чун «микрофон» гирифта, гуё журналист бошам, дӯстонамро ҷамъ карда, бо онҳо дар мавриди ягон мавзӯъ гуфтугузор мекардам. Бо амри тақдир баъди хатми мактаби зодгоҳ (мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Самарқанд) ҳамин шавқу ҳавас маро ба бахши суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Дар ин ҷо устодон Раззоқ Ғаффоров, Солеҳ Ҳалимов, Малик Адашев, Амон Воҳидов, Ҳамроҳқул Бердиқулов, Мавлуда Давронова ва дигарон моро бо асрори сухангӯиву сухандонӣ ошно намуданд. Баъди хатми донишгоҳ бо маслиҳату тавсияи устод Ғафурҷон Маҳмудов дар идораи Радио ва телевизиони вилоят ба ҳайси мухбири бахши тоҷикии радио ба кор шурӯъ кардам. Дар ин ҷо ман аз устодон, журналисти шинохта Ҳамза Ҷӯра, масъули бахши барномаҳои тоҷикии телевизион Ӯктам Иброҳим, ровиёни бомаҳорат Хайринисо Валихӯҷаева, Гулчеҳра Аҳмадова ва дигарон роҳу равиши омода кардани маводу материалҳо, одоби сухангуӣ, қоидаву қонунҳои гирифтани мусоҳиба, умуман асрори соҳаи журналистикаро омӯхтам. Таҷрибаи хешро дар ин боб сайқал додам.
– Аз назари Шумо журналист бояд чӣ гуна бошад?
– Дар бадали 20 соли фаъолият ҳам дар радио ва ҳам дар телевизион як чизро ба хубӣ дарк кардам, ки дар ҳар вазъият журналист бояд дармонҷӯи мушкилоти аҳли ҷомеа бошад. Хусусан, дар замони имрӯза, ки аз ҷониби ҳукумат ба масъалаи шаффофию ошкорбаёнӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад, мо паёмнигорон бояд баҳри саривақтӣ инъикос намудани мушкилоти ҷомеа ва дарёфти роҳҳои халли он саъю кӯшиш намоем.
– Имрӯзҳо шӯъбаи тоҷикии ширкати садо ва симои вилоят чӣ гуна барнома ва гузоришҳоро манзури тамошобинон мекунанд?
– Мо барои таҳия намудани барномаву гузоришҳои пурмазмуну шавқовар доимо дар ҷустуҷӯ ҳастем. Мекӯшем то ба мухлисон лавҳа ва дастурҳои рангоранг, гузоришҳои таҳлиливу танқидӣ, маводҳои ҳуқуқиро тақдим намоем. Бо ин мақсад зери рукнҳои «Минбари депутат», «Оё қонунро медонед?», «Муроҷиат ва муносибат», «Ҷавонон ва замон», «Сарчашмаи маънавият», «Таълим ва тараққиёт» барномаву гузоришҳоро омода намуда, пешкаши ҳаводорон менамоем.
Инчунин, рӯзҳои истироҳатӣ радио­журналҳои «Ганҷи адаб», «Ҷаҳоноро», «Пайки меҳр» ва амсоли ин, силсилагузоришҳои пуробурангу гуногунмавзӯъро пешкаши шунавандагон мекунем. Ҳоло мо сомонаи худро ташкил кардем, ки тавассути он мухлисон фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи гузоришу барномаҳо ба мо менависанд.
– Дар асри компутер ва технологияҳои иттилоотӣ таъсири рушди шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба фаъолияти телевизион ва радио чӣ хел аст?
– Албатта, босуръат тараққӣ ёфтани илму техника пеши кормандони соҳаи журналистика низ як силсила вазифаҳоро мегузорад. Хусусан, ин ҷараён ҳар як паёмнигорро ба тезкориву тездастӣ сафарбар намуда, тақозо мекунад, ки намояндагони радиову телевизион низ ҳамоҳанги шабакаҳои иҷтимоӣ маводу материалҳоро ҳарчӣ зудтар ба ҳукми муштариёну мухлисон бирасонанд. Ва ин нуктаро мо низ ба хубӣ дарк намуда, мекӯшем, то маводро саривақтӣ такдими ҳаводорони оинаи нилгун ва радоишунавандагон гардонем. Бояд зикр кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои мо на рақобатгар, балки ёвари ҳақиқие мебошанд, ки барои бо замона ҳамоҳанг фаъолият пеш бурдани мо мусоидат мекунанд.
– Таманнои шумо барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва муштариё­ни рӯзнома?
– Дар охир мехостам, устодон, ҳамкасбон ва онҳоеро, ки ҳаёти худро бо ин соҳа пайвастаанду барои халқу Ватан шабу рӯз меҳнат мекунанд, бо Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ самимона табрик намоям. Бигузор дар дил чӣ нияте дошта бошанд, бо инояти Парвардигор ҷомаи амал пӯшад.

Мусоҳиб Н.БОБОАҲМЕДОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ