Мақолаи аввалини ман!

Ҳар як журналист қадамҳои аввалини худро дар ин соҳа ҳамеша дар лавҳи хотир нигоҳ медорад. Бахусус, хотироти ширинеро, ки бо навиштани мақолаи аввалин ва дар рӯзнома чоп гардидани он вобаста аст. Воқеан, мақолаи аввалине, ки мо навишта будем, дар кадом мавзӯъ буд? Чӣ сабаб шуд, ки мо онро нависем?
Мо ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ афкори чанд рӯзноманигори ботаҷрибаро, ки аллакай номи мубораки устодро гирифта, шогирдонро асрори рӯзноманигорӣ меомӯзанд, рӯйи коғаз овардем.

Асадулло ШУКУРОВ,
сармуҳаррири нашриёти «Турон нашр»
:

Мактуб аз рӯзномаи маҳбуб

Ба ростӣ ман таърихи шеъри аввалинамро медонистаму вақте Фаридунҷон мақолаи аввалинатон кадом буд гуфта пурсиданд, чанде фикр кардам. Дар ин 30 соли фаъолияти рӯзноманигориям ҳазор­ҳо хабару мақола навишта бошам ҳам, мақолаи аввалинамро ба ёд овардан бароям душворӣ кард.
Бойгонии мақолаҳоямро ҷустуҷӯ карда, мактуберо, ки 30-юми апрели соли 1987 аз таҳририяти «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба ман расида буд, дастрас намудам. Хатмкунандаи мактаби овозадори рақами 12-и ноҳияи Сариосиё будаму баъзе навиштаҳоямро ба таҳририяти «Ҳақиқати Ӯзбекистон» фиристодам. Пас аз чанд рӯз директори мактабамон Бобораҷаб Шарифов шодравон маро даъват намуда, мактуберо ба дастам доданд. Дар болои лифофа номи рӯзномаи дӯстдоштаам навишта шуда буд. Бо дастони ларзон мактубро гирифтам. Дилам сахт метапид. Роҳбари мактабамон инро ҳис намуда, мактубро гирифта бо овоз хонданд:
«Дӯсти ҷавон А. Шукуров!
«Нидои модар» ном навиштаатонро барои истифода гирифта мондем. Ҳоло аз шумо ба сифати хабарнигори умедбахш хоҳиш дорем, ки ҳар чӣ зудтар дар бораи бурду бохтҳои ҳаёти маданиву маишии зодгоҳ, аз ҷумла мактабатон мақолаи муфассале нависед.
Шуморо бо ҳамаи идҳои моҳи Май таб­рик гуфта, дар хониш ва рӯзгоратон барору комёбиҳо таманно дорем.
Бо салом,
Мудири шӯъбаи маданият ва маишат:
Т. Тӯхтаев.»
Пас аз ин дар дили ман шӯълаи умед фурӯзон шуд. Хабару мақолаҳои зиёдам дар матбуоти даврии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон чоп гардиданд. Дуои устод Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон) маро ба олами матбуот ва адабиёт раҳнамо шуд.
Дар таҳририятҳои зиёд фаъолияти рӯзноманигориро идома додам. Аз устодон асрори пешаи ҳақиқатнигориро омӯхтам. Аз мухбири одӣ то сармуҳарририи рӯзномаю журналҳо расидам. Шукр, ки ҳоло шогирдону дӯстони эҷодкори зиёд дорам.
Дар ин рӯзҳои ҷашни касбӣ устодону ҳамкасбонро самимона муборакбод мегӯям.

Дилрабо НАСИМӢ,
масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Гулобод тонги»-и ноҳияи Самарқанд
:

Калиди дил куҷост?

Соли 1996. Рӯзҳои аввали кор дар идораи «Овози Самарқанд» ҷонишини сармуҳаррир Хурсанд Ҷумъа маро ба шогирдӣ қабул намуда, маслиҳату супоришҳо медоданд. Ҳамеша таъкид менамуданд, ки пеш аз ҳама калиди дили мусоҳибамро ёбам.
– Агар калиди дили мардумро ёбед, онҳо рози дилашонро ба шумо мегӯянд, – мегуфтанд устод – Навиштаҳоятон сохтаву бофта намебарояд, балки хонданибобу шавқовар мегардад.
Дар арафаи чопи шумораи ҳазорумини «Овози Самарқанд» бо супориши устод Хурсанд Ҷумъа бо шоир ва мутарҷим Акбар Пирӯзӣ (равонашон шод бод!) сӯҳбат намудам. Навиштаҳоямро Хурсанд Ҷумъа аз назар гузаронида, чаҳорқат карданд ва аз байнаш дарронда, ба қуттии партов андохтанд.
– Шумо бо шоир самимона сӯҳбат накардед, – бо афсӯс сар ҷунбонданд. – Мусоҳибаро сохтакорона, аз рӯйи зарурат навиштаед. Бори дигар бо Акбар Пирӯзӣ вохӯред!
Сӯҳбати дуюм низ самимӣ набуд. Ман савол медодаму Акбар Пирӯзӣ дар доираи он ҷавоб мегардонданд ва ба ман чашм дӯхта, интизори саволи навбатӣ мешуданд.
Пас аз суханҳои сахту обдори Хурсанд Ҷумъа бори сеюм ба хонаи Акбар Пирӯзӣ роҳ гирифтам. Соҳибхона дарро кушода:
– Ие, боз ту-­мӣ? – гуфтанд бо табассум. – Марҳамат, ба хона даро!
Ин дафъа дар рӯйи ҳавлӣ оиди гулу растаниҳо ва парвариши онҳо сӯҳбат намудем. Маълум шуд, ки Акбар Пирӯзӣ корҳои деҳқониро дӯст медоштаанд. Сӯҳбатамон ба қавле «қаймоқ» баст. Бо оҳистагӣ риштаи суханро ба рӯзнома ва рӯзноманигорӣ бурдам. Он кас оиди муваффақият ва муаммоҳои соҳа изҳори назар намуданд.
Рӯзи дигар Хурсанд Ҷумъа мусоҳибаро бе ҳеҷ таҳрир қабул карданд ва он дар шумораи ҳазорумин рӯйи чопро дид. Баъди ду-­се рӯз Акбар Пирӯзӣ дар даст тухми гули наргис ба идора омада, онро ба ман дода гуфтанд:
– Назди журналист ҳар гапро гуфтан мумкин не мегӯянд, рост будааст. Худ бехабар сирри диламро кушода мондем…
Бо фарорасии баҳор дар ҳавлиамон наргис гул мекунад. Сол то сол ниҳолакҳои он меафзояд. Ба онҳо нигариста, мусоҳибаи аввалинамро ба ёд меорам…

Умеда МАМАДАЛИЕВА,
муҳаррири калони телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд
:

Модар – тимсоли меҳр

Журналист. Ин калима оҳанги дигаре дорад. Касби мо баробари масъулиятноку заҳматталаб будан, шарафнок низ мебошад. Зеро ҳар як инсон ба журналистҳо бо чашми ҳавас менигарад. Вақте бо сафари эҷодӣ ба шаҳру ноҳияҳо, бахусус, деҳаҳои дурдаст меравем, аксарият «Ба Шумо ҳавас мекунем. Ба гӯшаҳои гуногун меравед, бо турфа одамоне мулоқот менамоед, бо нутқ ва маданияти худ аз атрофиён фарқ мекунед» мегӯянд. Вақте ки чунин суханҳои самимиро мешунавем, аз касби худ ифтихор менамоем ва бевосита қадамҳои аввалинамон дар ин шоҳроҳи пурмашаққат пеши рӯ намоён мешаванд.
Дар хотирам ҳаст. Ҳангоми таҳсил дар мактаб эҷодкор, журналист шуданро орзу мекардам. Иншоҳо менавиштам, андешаҳои худро рӯйи коғаз меовардам. Вақте ки дар синфи нӯҳум мехондам, дар газетаи бачагонаи «Тонг юлдузи» мақолаи аввалинам таҳти унвони «Модар – ­тимсоли меҳр» чоп гардид. Мақолаи хурдакаки саршор аз самимияти бачагона буд. Тӯли солҳо ин шумораи газетаро дар бойгонӣ нигоҳ доштам. Аммо тасодуфан онро гум кардам ва то ҳол афсӯс мехӯрам, ки мақолаи аввалинам дар бойгонии шахсиям нест.
Мақолаи дуввумам низ дар мавзӯи модар буд ва ҳангоми таҳсил дар самти «Сухандонӣ»-и литсейи санъати нафиси шаҳри Тошканд чоп гардид. Пас аз ин, пайваста насрнависиро машқ кардам ва навиштаҳоямро ба устодонам нишон додам. Оҳиста-­оҳиста қаламам сайқал ёфт. Мақолаҳоям дар газетаҳои «Ҳумо», «Ўзбекистон адабиёти ва санъати», «Халқ сўзи» чоп шуд. Аммо меҳру завқам ба соҳаи телевизион боло омада, имрӯз дар ин соҳа кор мебарам. Ҳоло низ мақола менависам ва ният дорам, ки мақола, мушоҳида ва мулоҳизаҳои худро ҷамъ карда, дар шакли китоб чоп кунам.

Тўлқин СИДДИҚОВ,
мухбири рӯзномаи вилоятии «Зарафшон»
:

Бо мақолаи аввалинам падарамро хурсанд карда будам

Мақолаи аввалинам дар газетаи «Истиқбол сари»-и ноҳияи Қӯшработ таҳти мавзӯи «Кори дуздон дар боғи Ҳусанбобо дуруст аст?» чоп гардида буд. Мухбири газета Зиёда Ғайбуллоева хатоҳоямро гуфта, маҷбур карда буд, ки мақоларо такрор ба такрор нависам. Бори шашум мақоларо ба дастам дода, аз нав навиштанро супориш дод. Аз дигар навишта наметавонам, гуфтам. Гуфтанд, ки сарлавҳаи мақола хуб баромадааст ва он дорои аҳамияти тарбиявӣ мебошад. Боз як бор кӯшиш кунам табъи дил мебарояд. Таъкид кард, ки метавонад худ таҳрир карда чоп намояд. Аммо мехоҳад, худам мақоланависиро хубтар омӯзам.
Қаҳрамони мақолаам Ҳусанбобо Ҳакимов яке аз одамони обрӯмандтарини Қӯшработ буданд. Дар даромадгоҳи маркази ноҳия зардолузори калон доштанд. Зардолуҳое, ки дар ин ҷо парвариш мешуданд, хуштаъму босифат буданд. Аксари бачагон вақти пешин ва ҳангоми шаб, ки Ҳусанбобо дар боғ намешуданд, барои зардолудуздӣ медаромаданд. Дар мақола дар бораи боғ мухтасар навишта, ба саволи «Аз дуздон хафа намешавед?» аз забони худи бобо ҷавобашонро навишта будам.
Ҳусанбобо гуфта буданд, ки бо дуздидани панҷ-­даҳ дона зардолу ҳосил кам намешавад. Аммо шохи дарахтонро шикастани бачагон диламро меранҷонад.
Рӯзи чопи мақола Ҳусанбобо падарамро дар кӯча дида, дар бораи мақолаам гуфтаанд ва таъкид намудаанд, ки аз ман эҷодкори хуб мебарояд. Хурсандие, ки ҳамон рӯз дар чеҳраи падарам дидам, муваффақияти бузургтарини ман буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ