Эҳтиром, эъзоз ва эътироф

Дирӯз дар базмгоҳи «Боғишамол гарден»-и шаҳри Самарқанд ба муносибати 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ тадбир баргузор гардид. Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрик кард.
– Аз фурсат истифода бурда, ба шумоён, ки аз рӯи виҷдон қарзи касбии худро бобати саривақтӣ ба аҳолӣ расондани ахбор, ҳамаҷониба равшан намудани ислоҳоти демократӣ дар мамлакатамон адо менамоед, миннатдории амиқ изҳор мекунам, – гуфт ҳокими вилоят. – Бояд гуфт, ки имрӯз дар марҳалаи нави инкишофи мамлакатамон ба ислоҳоти куллӣ ва такмили ҷанбаи ахбор низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ин раванд аз ҳар як корманди соҳа, хоҳ рӯзноманигор бошад, хоҳ мухбири телевизиону радио ва ё блогер тезкорӣ, дақиқназарӣ ва садоқат ба касбро талаб мекунад. Бори дигар аз таҳти қалб шумо азизонро табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, муваффақият, хушбахтӣ орзумандам. Шумо бо меҳнати шоистаи худ ба ҳама гуна эътибор, эҳтиром ва эътироф сазовор ҳастед.
Дар идомаи тадбир ба як гурӯҳ кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоят ва шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, инчунин, ба ғолибони озмуни «Журналистони фаъолтарини сол» мукофотҳо супурданд.
Сурудҳои дилкаши санъаткорон тадбирро шукӯҳи идона бахшид.

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ