Аз фойтун то «Алло, таксӣ»

ё ки тафовут аз куҷо то ба куҷо

Мувофиқи баъзе маълумотҳои таърихӣ аввалин таксӣ-­аробаҳои дучарха ҳанӯз дар Рими қадим будаанд. Таксиҳои оддӣ соли 1636 дар шаҳри Лондон, вақте ки фойтунчиҳо барои хизматрасонӣ литсензия гирифтанд, фаъолият оғоз карданд.
Баъди як сол чунин намуди хизмат дар шаҳри Париж низ ба роҳ монда шуд. Дар нимаи дуюми асри XIX фойтунчиҳо ба аробаи дучархаи кушода – кабриолет нишастанд. Аввалин таксиҳои мотордор солҳои 1890 дар Фаронса пайдо шуданд. Баробари пешрафти ин навъи хизмат ҳисоб кардани намуди пардохти музди он низ тағйир меёфт. Агар дар Рими қадим музди хизматро мувофиқи сангчаҳое, ки бо гузаштани масофаи муайян ба даруни зарф (тос) меафтид, ҳисоб кунанд, дар соли 1891 олими немис Вилгелм Брюн аввалин таксометр­ро ихтироъ кард. Дар соли 1907 дар кӯчаҳои Лондон аввалин таксомоторҳое, ки таксометр доштанд, хизмати худро ба мусофирон пешниҳод намуданд. Таксометр сафи мизоҷонро якбора зиёд кард. Баъди андаке муддат бошад, ширкати «Рено» аввалин шуда, истеҳсоли мошинҳои сабукрави таксометрдорро роҳандозӣ намуд. Ҳамин тавр, таксиҳо дар саросари дунё хизмат мекардагӣ шуданд.
Дар Самарқанд низ ин ҷараён пайваста инкишоф ёфт. Ҳоло дар Самарқанд ду навъи таксиҳо фаъо­лият доранд. Таксиҳои «зард», ки ҳеҷ гуна диспетчер надоранд ва онҳо аксаран мизоҷро аз кӯча мегиранд. Навъи дуюми таксиҳо хизмат­ро аз рӯйи супориши ба диспетчер дода иҷро мекунанд, яъне онҳо аз рӯйи даъват хизмат мерасонанд. Вақтҳои охир шумораи шаҳрвандоне, ки аз ин навъи хизмати таксӣ истифода мебаранд, пайваста меафзояд. Чунки нархи хизмати таксиҳои «зард» дар қаламрави шаҳри Самарқанд аз 5000 сӯм сар мешавад ва бо андаке зиёд шудани масофаи хизматрасонӣ нарх низ меафзояд. Зиёда аз ин кайҳо одат шудааст, ки ронандаҳои таксии «зард» розигии мизоҷи аввалиро напурсида, боз ҳар мизоҷе, ки манзилаш дар самти ҳаракати таксӣ аст, ба мошин савор мекунанд. Ғайр аз ин, таксиҳое ҳастанд, ки онҳо дар самти муайян равуо доранд. Мисол, аз бозори Сиёб то Мотуруд ё ки расадхонаи Улуғбек. Инҳо таксиҳои «зард» нестанд ва номаълум аст, ки фаъолияти онҳо ба кадом асос роҳандозӣ мешаванд.
Саволи табиие ба миён меояд, ки чаро мизоҷони таксиҳои бо супориш фаъолият дошта пайваста меафзояд. Мо аз чанд мусофире, ки аз хизмати чунин таксиҳо истифода бурдаанд, сабаби инро пурсидем. Онҳо аз ҷумла, чунин гуфтанд:
– Аввало, нархи хизмати онҳо нисбати таксиҳои «зард» арзон ва нишемани мошинҳо тозатар мебошанд. Муомилаи ронандаҳояш низ нисбатан хубтар мебошад. Ҳоло ҶММ, ки чунин тарзи хизматро роҳандозӣ кардаанд, дар шаҳрамон беш аз 10-то аст.
Маҳмуд Қулиев: – Мо ду нафар аз назди бозори «Қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо» то деҳаи Кӯи сахои ноҳияи Самарқанд ба таъзия раф­тем ва дар он ҷо 5–10 дақиқа нишаста, боз бо ҳамон таксӣ назди бозори мазкур омадем. Ронанда 30 ҳазор сӯм роҳкиро гирифт.
Илҳом Хоҷаев: – мо чор нафар аз истгоҳи Расадхонаи Улуғбек то фабрикаи трикотажӣ бо таксии даъваткардаамон омадем. Телефони ронанда роҳкироро 8000 сӯм нишон дод, ки нисбати таксиҳои «зард» хеле арзонтар аст.
Мирзо Маъмуров: – Се нафар ҳамшаҳрӣ аз хориҷа баргаштем. Ронандаҳои таксии «зард» ва мошинҳои хусусӣ хизмати худро пешниҳод мекарданд. Ягонтои онҳо ба роҳкирои аз 25000 сӯм кам розӣ нашуд. Ман ба хориҷа як ҳафта пеш бо сафари хизматӣ рафта будам. Медонистам, ки нархи таксиҳое, ки бо супориш хизмат мекунанд, арзонтар аст. Онро даъват кардем. Ду ҳамроҳи ман дар бозори Сиёб аз таксӣ фаромаданд. Ман дар назди ҳокимияти вилоят таксиро боздош­там. Роҳкиро ҳамагӣ 12000 сӯм шуд.
Аз мисолҳои зерин маълум мешавад, ки роҳкирои «ало, такси» дар ҳақиқат арзонтар будааст.

Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ