Асрори дарозумрӣ

ё садсола шаведу баъд аз он пир шавед…

Ҳаёт неъмати бебаҳост. Ба назари инсон одам чанд соле ки зиндагонӣ кунад, боз рӯз дидан, дароз гардидани умрашро мехоҳад. Бинобар ҳамин, ҳангоми дуои сари дастархон хотири ҷамъ, дили беғам, тани бедардро ба забон меоранд, сиҳату саломатӣ, ризқи фарох, умри дарозро орзу мекунанд. Ин хел суханон ҳангоми ҷашни зодрӯзҳо ба авҷи аълояш мерасанд. Дӯсту ошноҳо ҳангоми шодбошгӯйӣ ба соҳибҷашн саломатии бардавому умри саъдиёна мехоҳанд, мисли чанор дидани ҳазорсолаҳо ҳаётро таманно мекунанд. Ҳатто баъзеҳо ин байти машҳури шоири гумномро ба забон меоранд:
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед!
Дар ҷустуҷӯйи «оби ҳаёт»
Ҷон ширин аст ва инсон мурдан намехоҳад. Азбаски ҳаёти инсон кӯтоҳ асту аз марг ҷойи гурез нест, барои ҳамин одамон асрҳо боз талош мекарданд, ки бо ягон роҳ умри худро дароз кунанд. Дар таърих бисёр қиссаву ривоятҳо омадаанд, ки чӣ тавр одамон асрори дарозумриро ҷустуҷӯ мекарданд.
Дар бораи саргузашти Гилгамеш – подшоҳи шумериҳо бисёр қиссаву ҳикояҳо мавҷуданд. Дар онҳо ривояте омадааст, ки Гилгамеш ба саёҳати хатарноке мебарояд, то асрори аз марг раҳо ёфтанро ёбад. Вале ӯ ба ин мақсади худ намерасад.
Дар асри чоруми то милод баъзе кимиёгарони Чин дар пайи ихтирои «об»-е шуданд, ки онро хӯрда, ба одам дарозумрӣ бахшад. Кимиёгарон маҳлулеро тайёр карданд, ки дар таркибаш ду моддаи химиявӣ – симоб ва арсен дошт. Ривояте ҳаст, ки баъзе императорони Чин он маҳлулро чашида, оқибат мурданд.
Дар асрҳои миёна дар Аврупо баъзе кимиёгарон кӯшиш карданд, ки аз тилло хӯрока ё нӯшокае тайёр кунанд. Зеро онҳо фикр мекарданд, ки азбаски тилло ҳеҷ гоҳ занг намезанад, он метавонад ба одам дарозумрӣ бахшад.
Имрӯз баъзе биологу генетикҳо кӯшиш карда истодаанд, ки сабаби пиршавии организми одамро муайян созанд. Чуноне ки дар давраҳои қадим одамон «оби ҳаётбахше»-ро меҷустанд, имрӯз низ кӯшишҳои олимон нишон медиҳад, ки одамон пир шудан ва мурдан намехоҳанд.
Олимоне, ки ҳуҷайраҳои одамро меомӯзанд, беш аз 300 назарияро пешниҳод кардаанд, ки чаро мо пир мешавем ва мемирем. Солҳои охир биологҳои молекулярӣ дар санҷишҳои лабораторӣ ба генҳо ва сафедаҳои организми ҳайвонот ва инсон таъсир расонда, ба он комёб гаштанд, ки ҷараёни пиршавиро суст кунанд. Ин дастоварди онҳоро дида, баъзе банкиру олигарх ва одамони бой ба олимон пул доданд, то онҳо сабаби мурдани инсонро муайян созанд.
Ба ақидаи биологҳо, сабаби пиршавии инсон дар нӯги хромосомаи ӯ, ки теломер ном дорад, ҷойгир аст. Теломерҳо ҳангоми тақсимоти ҳуҷайравӣ чун муҳофизи маълумоти генетикии ҳуҷайраҳои инсон хизмат мекунанд. Ҳар дафъа, вақте ки ҳуҷайра тақсим мешавад, теломерҳо кӯтоҳтар шуда, оқибат ҳуҷайра аз тақсимшавӣ бозмемонад ва организм ба пиршавӣ сар мекунад.
Соли 2009 дорандаи мукофоти нобелӣ Элизабет Блакбурн ва ҳамкорони ӯ дар ҳуҷайраи инсон ферментеро муайян карданд, ки кӯтоҳшавии теломерҳо ва пиршавии ҳуҷайраҳоро бозмедорад. Лекин онҳо дар ҳисоботи худ иқрор шуданд, ки теломерҳо «чизҳои сеҳрноке нестанд, ки умрро дароз кунанд» ва онҳо ба мо имконият намедиҳанд, ки аз мӯҳлати муқаррарӣ бештар зиндагӣ кунем.
Тағйир додани маълумоти ҳуҷайравӣ боз як роҳи дигарест, ки олимон бо ёрии он кӯшиш доранд, ҷараёни пиршавиро боздоранд. Вале на ҳамаи олимон бо чунин ақида розиянд, ки амалиёти ҷавонкунии организм метавонад умри одамро аз будаш зиёдтар кунад. Лекин баъзе ҷонварон ва растаниҳо хеле дарозумранд.

Пиршавӣ аз кай сар мешавад?
Ҳоло одамони солхӯрда нисбат ба синну соли аҷдоди худ ҷавонтар менамоянд. Онҳо худро нисбати падару модаронашон дар ҳамин синну сол хубтар ҳис мекунанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин далелро ба инобат гирифта, табақабандии нави синнусолиро тасдиқ кардааст. Акнун 45-солагӣ ҳадди ниҳоии ҷавонӣ ба ҳисоб меравад. 46–60-солагӣ даври миёнсолӣ, 60–74 солагӣ даври кӯҳансолӣ аст. Аз рӯйи меъёри нав пиронсолӣ аз 75-солагӣ сар мешавад. Аз 90-солагӣ боло дарозумрон ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло на танҳо сарҳади пиронсолӣ дуртар ғеҷонида шудааст, балки ҳисоби миёнаи умрбинии одамон дар тамоми дунё дарозтар шудааст. Бо беҳшавии шароити кору ҳаёт, гуногуниву сифати хӯрок, дастрасии хизмати тиббӣ мӯҳлати фарорасии пириро боз дуртар – ба 80–85-солагӣ қафо мепартояд.
Аз рӯйи гуфтаи президенти фахрии Ассотсиатсияи геронтолог ва гериатр­ҳои Академияи фанҳои Россия, академик Владимир Шабалин давомияти ниҳоии умри инсон то 120–150 сол аст. Ин мӯҳлат дар барномаи генетикии одам гузошта шудааст. Вале на ҳама ба ин син расида метавонад.
Дар сад соли охир умри одамизод ду маротиба дароз шудааст. Дар оянда ҳам аз ҳисоби беҳшавии сифати хӯрок, тараққӣ ёфтани биологияи фундаменталӣ ва тиббӣ, ҷустуҷӯйи препаратҳои нави кимиёӣ ва ғайра умрбинии инсон боз дароз мегардад.
Дар Библия ҳам ҳамин мӯҳлат – 120–150 сол нишон дода шудааст. Аз ин зиёд умр дидани одамизод ғайриимкон аст, зеро пиршавӣ, аз нуқтаи назари биологӣ – ин тараққиёт аст. Тараққиётро наметавон боздошт. Аз ҳамин нуқтаи назар пиршавӣ аз рӯзи таваллуд оғоз меёбад.
Ҳадди охирини умри инсон аз нигоҳи олимон
Дар тамоми мамлакатҳои дунё ба дарозумрии одамон аз ҳисоби кам кардани марги кӯдакон, коҳиш додани бемориҳои онкологӣ ва дил ноил мегарданд. Бо ҳамин роҳ, одамизод пеши роҳи гуруснагӣ ва ҷангу ҷидолро гирифта, ба сӯйи ҳадди охири умрбинӣ наздик мешавад. Дар асоси графики сохтаи профессори анатомияи Университети Калифорния (ИМА) Леонард Хейфлик дарозумрӣ дар баъзе мамлакатҳо дар нуқтаи 115 сол аст. Баробари ҳамин, Хейфлик боз ба як қонунияти аҷибе рӯ ба рӯ шудааст. Яъне, умрдарозии инсон мутаносибан ба вазни мағзи сар ва тана вобаста будааст. Ин мутаносибӣ ҳар чӣ қадар баланд бошад, ҳамон қадар умр дароз мешудааст. Бар замми ин, Леонард Хейфлик боз як нуқтаи назари аҷиберо пешниҳод кардааст, ки пиршавӣ баъди сабзиши қад ба охир мерасад ва он ҷонвароне, ки бо гузашти солҳо сабзишашон қатъ намегардад, (наҳанг, тосмоҳӣ ва ғайра) ба оҳистагӣ пир мешаванд.
Оиди ҳадди ниҳоии умри одамон олимони гуногун ҳар хел ақида доранд. Масалан, ҳакими машҳури асримиёнагӣ Парастселс мегӯяд, ки одам метавонад 600 сол умр бинад.
Олимони асри XVII Алберт фон Галлер ва Христфор Вилгелм Гуфеланд 200 сол гуфтаанд. Олимони рус Иля Мечников ва Александр Богомолетс то 160 сол буданашро пешгӯйӣ кардаанд.
Ҳарчанд ин аҷоиб бошад, ки каме аз умрдарозон бо аҷали худ мурдаанд. Ҳамеша сабаби марги онҳо ягон хел беморӣ гардидааст.
Дарозумри машҳури англис Томас Парр (152 сол) ва Зара Ака (156 сол) ҳам аз таъсири бемориҳо фавтидаанд.
Дар байни дарозумрон майзадаҳо ҳам будаанд. Ҷарроҳ Политиман (1685–1825) дар 140-солагӣ вафот кардааст. Вай аз 25-солагӣ то охири умр менӯшидааст. Аз солхӯрдагон яке ба нӯшокӣ дода шуда бошад, баъзеҳо дӯстдори қаҳва будаанд. «Нашъаманд»-и қаҳва Елизавета Дюриэн 114 сол умр дидааст. Ё сигоркаши ашаддӣ Росс, ки мукофоти дарозумронро гирифтааст, 102 сол зиндагӣ кардааст.
Тағйирот ба Китоби рекордҳои Гиннес
Мувофиқи Китоби рекордҳои Гиннес ҳадди охирини давомияти умри одамӣ 122 сол аст. Зеро Жанна Луиза Колмаи франсавӣ ҳамин қадар умр дидааст. Сокини мамлакати Япония Шигечио Изуми (1865–1986) аз ӯ 2 сол камтар зиндагонӣ кардааст.
Вале олиму журналистон ақида доранд, ки Китоби рекордҳои Гиннес оиди дарозумрон ҳамаи маълумотро надорад. Масалан, репортёри газетаи «Ал-­Ахбор»-и Қоҳира дар бораи одами 195-солае нақл кардааст, ки кушодашавии канали Суэтсро хуб дар хотир дорад.
Рӯйхатгирии аҳолии соли 1991 дар Ветнам ҳам ба рӯйхати дарозумрон тағйирот даровард: дар уезди Кунколи провинсияи Нгетини ин мамлакат бо одаме вохӯрдаанд, ки 142 сол умр доштааст. Аз рӯйи маълумотҳо, ки яке аз умрдарозон дар Хитой ҳаёт ба сар бурдааст, Ли-­Чгунг-­Ян соли 1680 таваллуд шуда, соли 1933 дар синни 253-солагӣ вафот кардааст. Вале бо ҳуҷҷат ин маълумот тасдиқ нагардидааст.
Як дарозумри колумбиягӣ Хавери Пелейр 169 сол зиндагӣ кардааст. Ба шарафи 146-солагии ӯ маркаи почта баровардаанд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шарафи марди дарозумр Муҳаммад Эйвезов ҳам маркаи почта баровардаанд. Вай соли 1959 дар синни 151-солагӣ ин оламро тарк кардааст.
Аз дарозумрон, инчунин Злотан Петриҷ (Венгрия) 186 сол, Петр Зортай (Венгрия) 185 сол, Тэнсе Абзиве (Осетия) 180 сол, Худдис (Албания) 170 сол, Хоҷер Нине (Туркия) 169 сол, Саид Абдул Мабуд (Покистон) 159 сол ва ғайраҳоро номбар кардан мумкин аст.
Ба ҳисоби миёна
Дарозии умри инсон дар ҳар мамлакат – ин нишондиҳандаи тараққиёти он, некӯаҳволии халқ ва системаи ҳифзи тандурустӣ аст. Инчунин, ба дидани умри дароз иқлим, шароити зиндагӣ, сифати хӯрок ва риоя ба тарзи ҳаёти солим таъсир мерасонад.
Олимон ақида доранд, ки дар ҳазорсолаи нав шумораи таваллудшавандагон кам шуда, миқдори аҳолии кӯҳансол зиёд мегардад. Ин фактро ба дарозшавии умри одам вобаста медонанд.
Мамлакатҳое, ки дарозумрони зиёд доранд, инҳоянд: Хитой, махсусан Гонконг. Дар ин ҷо ҳисоби миёнаи дарозии умри инсон 83,73 солро ташкил мекунад. Мутахассисон ақида доранд, ки мардуми ин ҷо ба туфайли диетаи контонӣ, ки ҳар дувумин шахси ин минтақа риоя мекунад, мушарраф шудаанд. Ба ин комплекси машқҳои тарбияи ҷисмонии тай-­чӣ ҳам сабаб гардидааст.
Япония. Дар ин мамлакат ба ҳар 100000 нафар 35 нафари аз 100-сола боло рост меояд. Асрори дарозумрии онҳо ҳар рӯз истеъмол кардани маҳсулоти баҳрист. Ҳисоби миёнаи умри японҳо 83,3 сол мебошад.
Ҳисоби миёнаи умрбинӣ дар Италия 82,8, Шветсария 82,7, Сингапур 82,6 Исландия 82,3, Испания 82,27 солро ташкил мекунанд. Дар ин рӯйхат боз мамлакатҳои Австралия (82,09), Исроил (82,07), Шветсия (81,93), Франсия (81,84), Канада (81,78), Зелландияи Нав (81,56), Кореяи Ҷанубӣ (81,43) ва Люксембургро (81,33) дохил кардан мумкин аст.
Ҳисоби пасти миёнаи умрбинии одамон мувофиқи рейтинги соли 2021 дар Ҷумҳурияти Африкаи Марказӣ 45 сол, Лесото 46 сол, Серра-­Леоне 46, Зимбабве 46, Замбия 46, Афғонистон 47, Свазиленд 47, Конго 47, Мозамбик 48, Бурунди 48 сол аст. Сабаби кӯтоҳумрии аҳолии ин мамлакатҳоро ҷангу хунрезӣ, вич-­инфексия, паст будани хизматрасонии тиббӣ, марги кӯдакон, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ғайра медонанд.

Ҳуқуқи зиндагӣ
Ҷаҳду талош барои ҳаёти хушбахтона ва дидани умри дароз идома дорад. Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ки пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Ассамблеяи генералии СММ қабул кардааст (он ба Конститутсияи умумиҷаҳонӣ наздик аст) қатъиян таъкид менамояд, ки «ҳуқуқ ба зиндагӣ» арзиши асоситарини одам аст. Вале фавт ин ҳуқуқро вайрон мекунад.
Дар бораи омилҳои дарозумрӣ фикри баъзеҳоро пурсон шудем.
Нарзипӯлод САИДОВА,
нафақахӯри маҳаллаи Сӯзангарони шаҳри Самарқанд:
– Ба одам Оллоҳ чӣ қадар умр насиб гардонида бошад, ҳамон қадар ҳаёт мебинад. Бинобар ҳамин, ба нағзу бад сабр кардан, ба рӯзию неъматҳои додаи Худованд шукр кардан лозим аст. Аз ҳама муҳимаш, одам бояд асабҳои худро муҳофизат намояд. Рӯҳониёни Тибет ба туфайли эҳтиёти асабҳои худ умри дароз мебинанд. Чунки онҳо кори асабҳои худро ба тартиб медароранд. Ба ҳар кас гапи барзиёд назада, ҳаволаашро ба Худо мекунанд. Японҳо ба тарзи ҳаёти солим рӯ оварданд. Онҳо мунтазам ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, ҳаракати фаъол доранд, ҳеҷ набошад, пиёдагардӣ мекунанд. Мардуми Кавказ, ки доимо дар ҳаракатанд ва дар ҳавои тозаи доманаи кӯҳҳо зиндагонӣ мекунанд, ин боиси умрдарозии онҳо шудааст.
Барои пойдории саломатӣ ва умрдарозӣ ба тавсияи духтурон риоя кардан лозим аст. Хӯрокҳои ҳархела, бештар меваю сабзавот хӯрдан ҳам боиси дарозумрии инсон мегардад.
Хуршед НУРУЛЛОЕВ, маслиҳатчии ҳокими шаҳри Самарқанд оиди кор бо ҷамоатчигӣ, адиб:
– Ба фикри ман сабаби дарозумрии одам сето аст:

Хондан. Мутоилаи ҳар гуна асарҳо ба дароз гаштани умри одамизод мусоидат менамояд.

Хотирҷамъӣ. Хотири одам ҷамъ бошад, ба ҳар гуна бемориҳо камтар дучор мешавад.

Хушҳолӣ. Одам ҳамеша хушҳолу зиндадил бошад.
Вақти худро хушу хурсанд гузаронидан дар дасти одам аст, дарозумриаш ҳам дар дасташ мебошад.
Баръакси инҳо ҳамаи одатҳои бад, аз қабили носу сигоркашӣ, майнӯшӣ, асири моддаҳои нашъаовар шудан ва ғайра умри одамро кӯтоҳ мегардонад. Ғайбат, бахилӣ, ҳасудӣ, бадбинӣ, кинаварӣ, дилу ниятҳои бад доштан ва ба ҳамин монанд хулқу одоби касиф боиси кӯтоҳ гаштани ҳаёти одамизод мешавад.
Зироат МАҲМУДОВА, сокини маҳаллаи Кӯйи сахои ноҳияи Самарқанд:
– Барои дароз гардондани умр одам бояд баъди аз хоб хестан шукрона гӯяд. Аз майда-­чӯйдаҳои зиндагӣ дилгир нашавад. Муаммоҳои ҳаётӣ тамом намешаванд. Барои ҳамин, ба ҳар гапу кор «хӯш» гӯяд. Масалан, бобоям Ҷиянбобо ба 102 ва падарам Камолиддин Маҳмудов ба 95 даромада, аз олам гузаштаанд. Модарам ҳоло 88-солаанд. Худам ба 63 даромадаам. Дар ҳаёт одам бояд ба меъёрҳои кору зиндагонӣ риоя кунад. Дам гирад. Ба саёҳат барояд. Аз ҳавои тоза, махсусан арчазор нафас кашидан хеле фоиданок аст. Дар хонадони мо ҳамин хел аст. Модарам ҳар саҳар хеста, ба Худо шукрона мегӯянд. Мо дар оила 7 писар ва се нафар духтар будем. Ханда, чақ-­чақ аз хонадон канда не. Ғайбати як каси дигар набуд. Як нафар кам шудем. Ҳамаи додарҳо дар гирду атрофи модарамон.
Ҳозир ҳам ба хонаи модарам меравем. Мешинем, сӯҳбат мекунем. Аз кору борам мепурсанд. Аз ҳолу аҳволи ҳамсояҳо хабардор мешаванд. Ба оиладорӣ эътибор доданамро таъкид мекунанд.
Истеъмоли кабудиҳо ҳам барои дарозумрии одам аҳамияти калон дорад. Барои ҳамин мо худамон дар рӯйи ҳавлӣ ҳар хел кабудиҳо мекорем.
Барои дарозумрӣ аввало мафкураю қалби одам тоза бошад. Ба як кас ёриатон расад, худатон хурсанд мешавед. Дар оила ҳам, гапи нағзро дареғ надоред, чӣ хел нағз. Кайфияти тамоми аҳли хонадон дигар мешавад.

Умри дароз дидан нағз, вале…
Зани 50-солае, ки аз гуфтани ҷойи зист ва ному фамилияаш худдорӣ кард, чунин изҳор намуд:
– Ҳама умри дароз дидан мехоҳад. Ба фикри ман, умрбинии одам дар дасти Парвардигор аст. Чӣ қадар рӯз диданашро Худованд дар пешонааш навишта мондааст. Ношукрӣ нашаваду модарарӯсамро мисол биёрам. Он кас дар синни 92-солагӣ бандагиро ба ҷо оварданд. Вале солҳои охири ҳаёташон, рости гап, моро аз ҷонамон безор карданд. Дандонҳояшон рехта, гӯшашон вазнин шуд. Баъд чашмонашон хира гашт. Аз ҳама бадаш, дар ду-­се соли охири умрашон ақлашон ҳам беҷо шуд. Ақли одам вайрон шавад, барои аҳли хонавода рӯзи сахте будааст. Хеста ба кӯча баромада гум мешуданд. Бо баъзе ҳамсояҳо баҳудаву беҳуда ҷанҷол мебардоштанд. Худ ба худ ҳатто набераҳояшонро дуои бад мекарданд. Мо аз тарси пешгирии касофатҳо аввал аз ҳавлӣ, сонӣ аз хона баромадан намондем. Вақтҳое ҳам шуд, ки дарро аз болояшон қулф карда мондем. Дар хона ҳам «вайронкорӣ» мекарданд. Чизи ба дасташон омадаро мешикастанд ё бо корду қайчӣ гилему сару либосҳоро мебуриданд. Худо маро бахшад, ин гапро ҳам гуфтанам даркор. Аз ҳама гандааш, куртаву пойҷомаашонро ифлос мекарданд. Ҳарчанд шӯям, тоза кунам, ки бӯйи бадаш аз хона фаххос мезад. «Ба модарам нағз нигоҳ намекунӣ» гуфта шавҳарам маро ҷанг мекарданд, гоҳо дошта мезаданд. Охир боз чӣ хел нигоҳубин карданам лозим? Посбон шавам, ки бачаҳои гапнодаро барин аз ин хел корҳояшон намемонданд. Чунон зиқу зардоб ва аз ҷонам безор шудам, ки ба гуфтан рост намеояд. Ҳатто аз Худо илтиҷо мекардам, ки ё ҷони маро гирад, ё ҷони модарарӯсамро. Ҳамаи инҳоро дида худ ба худ мегӯям, ки умри дароз дидан ҳам нағз набудааст. Аз дасту по мондаву аз ақлу ҳуш ҷудо шудан барин рӯзи бад нест. Бинобар ҳамин, илтиҷои ягонаам аз Худои меҳрубон ҳамин аст, ки маро азоб надода, ҷонамро гираду бори гарони дигарон нашавам.
Ақл – бойигарии асосии инсон
Ба саволҳои «Чӣ бояд кард, ки умри одам дароз гардад?», «Омилҳои дарозумрии инсон кадомҳоянд?», «Аҳамияти тарҳи нақшаи зиндагонӣ чист?» ва ғайра психолог Нигора Каримова, чунин ҷавоб гардонд:
– Барои умри дароз дидан, пеш аз ҳама, мо бояд саломатиамонро нигоҳ дорем ва мустаҳкам намоем. Барои ин тарзи ҳаёти солимро пеш гирем. Ба реҷаи кор, хоб, хӯрок риоя намоем. Бо спорт машғул шавем.
Ҳаракат кунем, ки ба ҳолатҳои стресс камтар дучор шавем. Стрессҳои аз ҳад зиёди хурсандӣ ва хафагӣ зарар доранд. Онро ба дарун гирем, ба бемории депрессия дучор шуданамон мумкин аст. Одам бояд усулҳои аз стрессҳо раҳоӣ ёфтанро ёд гирад.
Мо аксаран ба хатоиҳо роҳ медиҳем. Баъди бо ягон кас вохӯрдан ва ё мулоқот кардан феълу хислатҳои ношоямашро бинем, меранҷем. Ӯро тарбия кардан мехоҳем. Вале ин кор аз дасти мо намеояд. Дигаронро не, мо бояд худамонро тарбия кунем. Бинобар ҳамин, одамон чӣ хеле бошанд, ҳамон хел қабул кардан даркор аст.
Дар ҳаёт бахшидани гуноҳу камбудиҳои дигаронро ёд гирем. Шукр карданро омӯзем. Накӯкору накӯандеш бошем.

Мо ҳамеша фикри хуб кунем. Фикрамон чӣ хеле, ки бошад, ҳамон хел ба худамон бармегардад. Масалан, ду кас дар паси панҷара бошанд, одами хушфикр дар берун гулҳои тару тозаи дарахтонро мебинад. Вале ба чашми одами бадандеш дар паси панҷара партову ифлосиҳо менамояд. Одам чӣ қадаре, ки фикру хаёлҳои бадро ба ёдаш орад, зарараш ба худаш аст.
Одамизод аз худ ҳеҷ гоҳ ҳиссиёти бадро тарк карда наметавонад. Бе ҳиссиёт худи ҳаёт вуҷуд надорад. Агар шумо оиди кайфияти нохуш бисёр фикр кунед, бо ин амалатон ба он қувва мебахшед. Роҳ надиҳед, ки ҳиссиёти нохуш шуморо ба тамом фаро гирад. Зеро худи одам ба ҳиссиёти худаш ҷавобгар аст. Онҳоро ба эътидол овардан зарур аст. Одам бояд аз лимӯ лимонад сохтанро омӯзад.
Ҳаёт барои одамизод як бор дода мешавад, онро бояд хушҳолонаву зиндадилона гузаронд. Одам хурсанд бошад, кайфият ҳам баланд ва натиҷаҳо ҳам мувофиқи ҳамон мешавад. Ҳаётро чӣ хел қабул кунад, оқибатҳояш ҳам ҳамон хел мегардад. Ҳаёти хуш шуморо мисли хоҳишатон мекунад, ҳаёти аз ҳад зиёд ҷиддӣ муаммоҳоро пеш меорад. Агар ҳаётатонро назорат карда тавонед, онро мувофиқи хости худ сохта метавонед.
Одам ба худ дастур додан, мақсад гузоштанро ёд гирад. Масалан, дар зиндагӣ ҳолатҳои аз занги соат пеш хестан ҳам рӯй медиҳад. Чаро? Чунки мо пешакӣ барои худ установка – дастур медиҳем. Барои пагоҳ ба сайёҳат рафтан нақша мекашем: соати 5-и саҳар хезам, то нонушта карда шудан соати 6, то ба ҷойи ваъдагӣ рафта расидан ба 7.30 дақиқа наздик мешавад. Ҳама ҷамъ шавад, соати 8 автобус ба роҳ мебарояд… Бо ҳамин хел фикру хаёлҳо ақрабаки занги соатро ба 5 рост карда мемонед. Вале саҳар худи одам аз занги соат пештар мехезад. Барои чӣ ин хел мешавад? Гап дар сари он, ки ин «дастур»-ро шуур қабул кард ва танаро дар вақти муайянкарда бедор намуд. Яъне, одам дам гирифта бошад, ки шуур – не. Ин кори шуурро дар мисолҳои дигари ҳаётӣ низ дидан мумкин аст.
Одам фикри умри дароз диданро кунад, шуур қувваи вуҷуди инсонро мувофиқи ҳамон ташаккул медиҳад. Масалан, одамоне, ки аҷдодонашон умри дарозе дидаанд, ҳамин фикр умри онҳоро дароз месозад. Модар Тереза гуфтааст: «Барои ба бахт ноил шудан калид шарт нест. Чунки дари он ҳамеша кушода аст».
Боз як чизи дигар: ба худамон рухсат доданро бояд омӯзем. Ба ҳар гуна орзуву мақсад бо роҳи ба худ рухсат додан расидан мумкин аст. Масалан, ба ҳаёти фаровон, соҳиби чизи дилхоҳ шудан, дар амал иҷро шудани орзуҳо, ба сайёҳат рафтан, ба дӯст доштан, ё дӯстдори касе будан ва ғайра рухсат додан зарур аст. Зеро то ҳол ба чизи дилхоҳатон ноил нашуда бошед, инро худ дар ҳоли дарк накардан ва рухсат надодан барои амалишавии он монеъ шудаед.
Дӯст доштани касб ҳам боиси дарозумрӣ аст. Одам ба он аз таҳти дил машғул шавад, такмил диҳад, навовариҳо дарорад, боварӣ ба худаш бештар мегардад.
Баъзе одамҳо «ман ба 60 дароям, ба нафақа мебароям, он гоҳ чӣ кор мекунам?» гуфта, ба яъсу ноумедӣ меафтанд. Яъсу рӯҳафтодагӣ сӯҳони умри инсон аст. Бинобар ҳамин, одам бояд дар пеши худ мақсадҳои калоне гузорад: ман ба 100 медароям, ба хондани набераам раҳнамоӣ карда, меъмори зӯр шуданашро бо чашмонам мебинам, ёддоштҳои худро ҳамчун раҳнамои ҷавонон менависам…
Барои дидани умри дароз тавсияҳо бисёранд. Вале ҳамаи онҳо дар дасти худи инсон аст. Бинобар ҳамин, одам ҳаргиз аз орзу кардан бознаистад. Ҳаёт – ин рӯзҳои дар оқиб монда не, ҳаёт рӯзҳои дар хотир монда аст. Одам хоҳ хандад, хоҳ гир­яд, ҳаёт мегузарад. Онро ҳеҷ кас нигоҳ дошта наметавонад. Вақте ки чунин аст, ҳамаи дарду аламҳоро бори худ насозад, аз онҳо халос шавад, фаромӯш кунад ва табассум намояд.
«Одам баъди пир шудан аз пайи орзуҳо намегардад» барин ақида нодуруст аст. Зеро одамон барои орзу накарда мондан пир мешаванд. Набояд фаромӯш кунем, ки бойигарии калони инсон ақл аст. Аз он дуруст истифода бурдан ҳам, боиси дарозии умри инсон мегардад.
Пирамидаи синнусолӣ
Дар охир оиди ин мавзӯъ мо бо мутахассиси ҳамин соҳа, мудири кафедраи бемориҳои дохилии рақами 2, доктори фанҳои тиббиёт, профессор Элионора Неъматовна Тошкенбоева сӯҳбате оростем. Инак, мухтасари он.
– Ҳоло дар назди геронтологҳо кадом вазифаҳои муҳим меистанд?
– Геронтология илмест, ки асоси қонуниятҳои пиршавиро бо якҷоягии умумибиологӣ ва принсипҳои иҷтимоӣ меомӯзад. Гериатрия бошад, ба омӯзиши хусусиятҳои махсуси рушд, ҷараён, табобат ва пешгӯи бемориҳои одамони солхӯрда машғул аст.
Ду хели синну сол мавҷуд аст: хронологӣ (календарӣ) – ин миқдори вақти умрбинӣ аз рӯйи табақабандии Ташкилоти умумиҷаҳони тандурус­тӣ. Синну соли биологӣ – ин меъёри пиршавии организм, яъне саломатӣ, ки ба давом ёфтани умр имкон медиҳад.
Яке аз вазифаҳои асосии геронтологҳо дароз кардани умри биологии одам аст. Мо мехоҳем, ки одамон на танҳо умри дароз бинанд, балки солим ҳам бошанд. Пирӣ ин зинаи ҷамъбастии онтогнезӣ аст. Ана ҳамин даври охирини онтогнезӣ дер ва табъи дил гузарад.
– Ҳозир умрбинии мардуми мо ба ҳисоби миёна чанд солро ташкил мекунад?
– Интизор меравад, ки дар соли 2021 умрбинии мардҳо ба ҳисоби миёна 69,5 сол ва занҳо 75,7 солро ташкил мекунад. Аз ин рақамҳо бармеояд ки умрбинии занҳо нисбати мардҳо дарозтар аст. Умуман гирем, аҳолии мамлакати мо қариб 34 миллион нафар аст. Мардҳо 49,7 фоизу занҳо 50,3 фоизро ташкил мекунанд. То охири сол аҳолии мамлакат боз ба қадри бештар аз 500 ҳазор нафар зиёд мегардад. То 15-солаҳо 26,5 фоиз, 15–64-солаҳо 68,8 фоиз ва аз 65-сола боло 4,7 фоизро ташкил мекунанд. Хулоса, умрбинии мардуми мо ба ҳисоби миёна то ба 72,5 сол мерасад. Ин нисбати умрбинии ҳисоби миёнаи мардуми ҷаҳон баланд мебошад. Аз рӯйи маълумоти шӯъбаи масъалаҳои нуфуси Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳисоби миёнаи умрбинии аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон қариб 71 сол аст. Умуман, гӯем пирамидаи синну солии Ӯзбекистони мо ҳолати прогрессивӣ ё типи сабзишӣ дорад. Ин гуна типи пирамида асосан хоси мамлакатҳои мутараққӣ аст.
– Ба умрдарозии инсон факторҳои зиёде таъсир мерасонад. Аҳолии мо бояд бештар ба кадом омилҳо риоя намоянд?
– Барои дидани умри дароз, махсусан дар Ӯзбекистон иқлим роли муҳим мебозад. Иқлими мо якхела нест. Якбора пасту баланд шудани обу ҳаво боиси пайдоиши ҳар хел бемориҳо мегардад. Барои он ки одамон дер гоҳ зиндагонӣ кунанд, бояд ба тарзи ҳаёти солим рӯ оранд. Масалан, ба беморхонаи мо аз тамоми ноҳияҳои вилоят одамон меоянд. Аксарияти онҳо аз иллати дандон азият мекашанд. Дар байни мардуми мо, инчунин, аз ҳад сер шудан, бисёр хӯрок хӯрдан одат шудааст. Масалан, организми инсонро ба печ шабоҳат диҳем, сӯзишвории зиёде андозем, он функсияи худро зуд иҷро накарда, аз кор баромаданаш мумкин аст. Инчунин, мардуми мо бештар равған ва углеводҳоро истеъмол мекунанд. Барои он ки организм хуб кор кунад, ба режими хӯрокхӯрӣ риоя намоем. Истеъмоли намаки йодкардашуда на бештар аз 5 грамм бошад. Баъд ҳаракати ҷисмонӣ. Дар синну соли пирӣ камтар ба стресс гирифтор шаванд. Агар одам ба ҳаракати ҷисмонӣ машғул нашавад, ба хоб таъсир мерасонад. Мутоила ҳам сабабгори дарозумрӣ мегардад.
– Элионора Неъматовна, барои он ки Дэвид Ракфеллер 102 сол умр бинад, 7 маротиба дилашро ҷарроҳӣ кардааст. Чандин маротиба ҷарроҳии пластикӣ гузаронидааст. Умуман, ҳоло пули калонро барои истеҳсоли доруҳои нав, ҷарроҳиҳо ва дидани умри дароз дареғ намедонанд. Ивазкунии узвҳо чанд маротиба имкон дорад?
– Саволи хуб ва актуалие додед. Ҳозир дар тамоми дунё ходимони тиб хусусиятҳои пир шуданро меомӯзанд, ҷавонтар мондан ва пеши роҳи пиршавиро гирифтан мехоҳанд. Транспотология дар Ӯзбекистони мо акнун рушд меёбад. Бо ивазкунии узвҳо бисёр духтурони ҷаҳон машғуланд. Ҳоло аутотрансплантатсия ҳам тараққӣ мекунад. Ин, масалан, як гурдаи ягон хешовандро гирифта, ба бемор мемонанд. Баъзе узвҳо ҳаст, ки онро иваз кардан осон нест. Масалан, дил. Чанд бор иваз кардани узвҳои организм мумкин аст? Ба фикри ман, як бор гузаронидан зарур аст.
Вазорати тандурустии мо, Президенти мӯҳтарамамон ҳам доимо тараққӣ додани тиб ва пешаки аниқ кардани бемориҳоро ба забон меоранд. Мардум ҳам ҳаминро мехоҳанд. Пештар шахсони 80-сола ба беморхона оянд, намехобониданд. Ҳозир 96–97-солаҳо ҳам табобат мегиранд.
Чиҳо умри одамро дароз мекунанд?
Фоида аз рӯйи меъёр. Исботи маҳсулоте, ки ба умрдарозии инсон мусоидат мекунад, вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин, оқилона ва хӯрокҳои ҳархела хӯрд. Вале ҳаҷми истеъмоли хӯрокро бо гузашти солҳо кам кард.
Ҳаракати фаъоли ҷисмонӣ. Вале дар хотир бояд дошт, ки машқи бисёри ҷисмонӣ зарар дорад. Пас аз 50-солагӣ тавсия дода мешавад, ки одам бештар ба шиноварӣ, рақс ва пиёдагардии скандинавӣ машғул гардад.
Ҳамсӯҳбат шавед. Кӯҳансолӣ сабаби дар болои диван дароз кашида хобидан нест. Ягон намуди нави фаъолиятро аз худ кунед, машғулоти дилхоҳи худро ёбед.
Аз одатҳои бад даст кашед. Сигоркашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртӣ умри одамро кӯтоҳ мекунад.
Мақсад дошта бошед. Барои дидани умри дароз сабабу мақсади дуруст доштан зарур аст.
Ба қоидаҳои гигиенӣ риоя кунед. Душ қабул кунед, ба ҳолати дандонҳоятон эътибор диҳед ва монанди инҳо худҳискунии одамро беҳтар мегардонад. Эътибор ба қоидаҳои психогигиенӣ ҳам муҳим аст. Бо худ ва атрофиён дар сулҳу амният зиндагонӣ кунед. Саломатии рӯҳӣ на камтар аз солимии ҷисмонӣ муҳим аст.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ