Масъулияти иҷрои дархостҳои депутатӣ

Сессияи сиюшашуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба он раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд. Пеш аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи сессия вазъи ҳалли дархостҳои депутатӣ, ки акнун дар ҳар сессия мавриди муҳокима қарор меёбанд, дида шуд.
Ба масъулони Садорати тандурустии вилоят, корхонаи таъминоти оби вилоят ва департаменти инкишофи сайёҳии вилоят барои саривақтӣ посух надодан ба муроҷиатҳои депутатҳо ва ҳал накардани масъалаҳои ба миён гузошта чораҳои интизомӣ ва маъмурӣ дида шуданд.
Хусусан, муносибати беэътиборонаи Садорати тандурустии вилоят ба муроҷиатҳои депутатҳо роҷеъ ба барқарор кардани саломатии бемороне, ки дар ҳавзаи интихоботии онҳо истиқомат мекунанд, танқид карда шуд. Ҳол он ки бо қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят барои табобат ва ҷарроҳии ин беморон маблағи пулӣ ҷудо карда шудааст.
Таъкид гардид, ки минбаъд натиҷаи муносибат ба дархости депутатҳо дар ҳар сессия муҳокима мегардад.
Аз ахбор дар бораи иҷрои Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ дар чоряки якум, ки мудири котибияти ҳокимияти вилоят С. Элмуродов дод, маълум шуд, ки 21-то банди барномаи давлатӣ амалӣ шуда, 40-тои он дар ҷараёни иҷро мебошад, 3-то банд ҳоло муддати иҷро дорад ва дар бораи ҳолати иҷрои 1-то банд (банди 95-и барномаи давлатӣ) аз сабаби ба гурӯҳи мутобиқкунанда маълумот тақдим накардани ҶС «Самарқанд электр тармоқлари» маълумот нест.
Аз 4-то банди айнан ба вилояти Самарқанд дахлдори Барномаи давлатӣ иҷрои бандҳои 171 ва 192 пурра таъмин шуда, банди 190-ум «Қаблан муайян ва табобат кардани бемориҳои эндокринӣ, инчунин, мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии муассисаҳои эндокринологӣ» то 1-уми ноябри соли равон давом мекунад. Аз банди 241-ум, ки дар қаламрави Донишгоҳи давлатии Самарқанд бунёди «Технопарки ҷавонон»-ро дар назар дошта шудааст, аксарият хабар доранд.
Иҷрои банди 192-юми Барномаи давлатӣ барои вилояти мо ҳолати хурсандибахш шуд. Дар он супориши роҳандозӣ кардани амалиёти трансплантатсияи гурда дода шудааст.
Маълум, ки рӯзҳои 10–12-уми июни соли равон дар шӯъбаи антиҷарроҳӣ ва трансплантатсияи маркази бисёрсоҳавии вилоят бори аввал дар вилояти Самарқанд ба 3 нафар бемор трансплантатсияи гурда бомуваффақият амалӣ гардид.
Аз намояндагони халқ ва ҷамоатчигии васеъ хоҳиш карда шуд, ки иҷрои банди 83-юми барномаи давлатӣ (ободонии маркази шаҳр ва ноҳияҳо)-ро зери назорат гиранд.
Намояндагони халқ инчунин ҳисоботҳои сардори садорати вилоятии корхонаи унитарии «Сув таъминоти ва оқова сув объектлари қурилиши бӯйича инжиниринг компанияси» С. Исоев ва директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самарқанд сув таъминоти» К. Юсуфовро роҷеъ ба иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 2-юми апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба амалӣ кардани барномаҳои «Қишлоқи обод» ва «Маҳаллаи обод», аз ҷумла вазъи корҳое, ки роҷеъ ба лоиҳакашии шабакаҳои оби ошомиданӣ ва партовобҳо, инчунин иншоотҳо амалӣ мешаванд, баррасӣ карданд. Аз сабаби дар комиссияи дахлдор ҳаматарафа муҳокима шудани масъалаи мазкур ҳисоботҳо тасдиқ гардиданд.
Инчунин, дар сессияи «Харитаи роҳ» доир ба ҳалли муаммоҳои ҳангоми сохтори кори «маҳаллабайъ» дар вилоят муайяншуда ва роҷеъ ба ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-­иқтисодии маҳаллаҳо, чораҳои зарурӣ барои бо сифат амалӣ кардани вазифаҳое, ки дар Барномаи чораҳои маҷмӯӣ барои дар солҳои 2021–2022 амалӣ кардани стратегияи дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон то соли 2030 муяссар шудан ба баробарии гендерӣ тасдиқ карда шуданд.
Депутатҳо дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят низ қарор қабул карданд. Аз ҷумла, ба маркази тиббии бисёрсоҳавии вилоят барои харидани асбобу ускунаҳои тиббии дар трансплантатсияи гурда зарурӣ се миллиарду 190 миллион сӯм, таъмир ва аз нав сохтани филиалҳои дурдасти 62 мактаб 2 млрд. 400 миллион сӯм ҷудо кардашуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ