Дар як рӯз 17 ҳолати қонуншиканӣ аниқ гардид

Дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-­меъёрие, ки фаъолияти «Ўзагроинспексия»-ро ба тартиб мебиёранд, аз ҷониби мақомоти инспексия бо мақсади дар соҳаи хоҷагии қишлоқ таъмин намудани иҷрои қонунгузрӣ, саривақтӣ ва босифат гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ барои дастрас намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, истифодаи самараноки захираҳои об ба таври доимӣ тадбирҳои мониторингӣ-­таҳлилӣ гузаронида мешавад. Бо ҳамин мақсад, аз ҷониби Садорати вилояти самарқандии Инспексия ва инспекторони шӯъбаҳои ноҳиявӣ рӯзи 28-уми июни соли 2021 ҷамъан 65-то тадбири назоратӣ гузаронида, 17-то ҳолати қонуншиканӣ аниқ карда шуд.
Дар давоми як рӯз аз ҷониби шӯъбаи инспексия дар ноҳияи Ҷомбой 10 тадбири назоратӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 2 ҳолати қонуншиканӣ аниқ гардид. Дар Иштихон аз 6 тадбири назоратӣ дар 2-тоаш, дар Каттақӯрғон аз 6 тадбири назоратӣ дар 1-тоаш, инчунин дар Пайариқ аз 4 тадбири назоратӣ дар 2-тоаш ҳолатҳои қонуншиканӣ аниқ карда шуд. Аз рӯйи ҳолатҳои қонуншикание, ки аниқ гардиданд, нисбат ба роҳбарони корхонаҳои хоҷагии қишлоқ 2-то нишондоди хаттӣ дода, 12-то қарори маъмурӣ қабул карда шуд. Оиди бартараф намудани муаммоҳои мавҷуд 1-то тақдимнома дохил гардида, ҳуҷҷатҳои ҷамъоваришуда оиди 2-то ҳолат барои қабул намудани қарори қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуд.

Хизмати ахбори Садорати вилоятии Агроинспексия.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ