Карантин: риоя ба қоидаҳо ҳам қарзу ҳам фарз аст

Мутаассифона коронавирус ҳоло кишвари моро батамом тарк накардааст. Шумораи беморон баъди Тошканд дар Самарқанд низ афзуд. Мо ба ҳамин муносибат бо сардухтури шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд, номзади фанҳои тиб Аҳмадҷон Бобоҷонов сабаби асосии мавҷи нави вирус, ҷараёни шадиди беморӣ ва зиёд шудани фавтидагонро пурсидем.
– Сабаби ин дар он аст, ки мардуми мо ба маҳдудияти карантинӣ ва риояи талабот бо бепарвогӣ муносибат мекунанд, – гуфт ӯ. – Соли гузашта ман дар маркази табобатгоҳ – толори варзиши шаҳрамон адои вазифа намуда, шоҳиди садҳо ашки шодӣ аз шифо ёфтан ва дареғо, ҳасрати ҷудоӣ аз наздикон рафтагон будам. Барои мо вируси «Covid‑19» як падидаи номаълуму пурхатар буд, вале шифокорон бо садоқат ба қасамёди хеш дар сафи пеши «ҷанг» истоданд. Афсӯс, чанд нафар ҳамкаси ман дар муборизаи шадид бар зидди коронавирус қурбон шуданд.
Воқеан, роҳбари кишвари мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши он чораҳои таъхирнопазир андешида, барои бунёди шифохонаҳои махсуси замонавӣ супориш дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, воситаҳои нафасгирии сунъӣ, ниқоб, дастпӯшак, корҷомаҳои ҳимоякунанда пурра таъмин карданд.
– Мӯҳтарам Аҳмадҷон Султонбоевич, шахсан ман шоҳиди қаҳрамонии табибон шудам, вале чӣ ҷойи руст кардан аст, ҳолатҳои айбдор кардани шифокорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасанд…
– «Шунидан кай бувад, монанди дидан», гуфтаанд, – оҳи бадард кашид мусоҳиби ман. – Бовар кунед, дар шифохонаи махсуси ихтисосонидаи вилоятӣ ҳамкасбони ман шабу рӯз навбатдорӣ мекунанд. Чашми сардухтури он Боймирзоев Абдусодиқ Исломович аз бедорхобӣ варамидааст. «Команда»-и ӯ барои рафъи оқибатҳои пандемия мубориза мебарад.
– Аз рӯйи маълумотҳо вақтҳои охир бештар ҷавонон ба гирдоби беморӣ афтодаанд. Чаро?
– Афсӯс, ки касалии сирояткунанда синну солро намедонад. Ба қавле наздаш шоҳу гадо баробар аст. Барои мо шифокорон бемор солхӯрда ё ҷавон аст, фарқе недоранд. Лекин маҳз ҷавонон ба қоидаҳои карантин бештар бепарво мебошанд. Эмкунӣ муҳим аст ваксинаро бояд ҳама гирад.
– Оё баъди гирифтани ваксина боз бемор шудан мумкин аст?
– Эмкунӣ сад фоиз кафолат дода наметавонад. Аммо пешгирӣ зарар надорад. Аз таҷрибаи кор бояд таъкид намуд, ки агар беморӣ ба шахси эмшуда сироят намояд, табобат сабук хоҳад гузашт.
– Баъзе шахсон дар хона табобат карданро афзал медонанд…
– Бемороне, ки дар шароити хона табобат мекунанд, бо хидмати тиббию дорувор ва чизҳои дигар таъмин карда мешаванд. Онҳо зери назорати шифокорони минтақавӣ ва бригадаи махсус ҳастанд. Фақат ба қоидаҳои карантин қатъӣ амал кардан лозим.
– Аҳмадҷон Султонбоевич маслиҳати шумо барои пешгирии ин беморӣ чӣ хел аст?
– «Covid‑19» бемории хавфноку бераҳм аст. Дар урфият мегӯянд, ки «эҳтиёт – ними ҳаёт!». Ҳар як шахс ба саломатии худ ва атрофиён ҷавобгар аст. Маслиҳат ва агар лозим бошад, супоришу талаб – ба қоидаҳои пандемия қатъӣ риоя кардан ҳам қарз ҳам фарз.

Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ