Худро аз гармо эҳтиёт кунед!


Ин рӯзҳо дар чандин кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ҳарорати ҳаво боло аз 40 дараҷа аст. Хӯш, барои пешгирӣ аз задани офтоб дар ин гармо чӣ кор кунем? Чӣ гуна либос пӯшем, чӣ хӯрем? Хадамоти матбуотии вазорати ҳифзи тандурустӣ бо ин саволҳо ба Баҳодир Юсупалиев, ҷонишини вазири ҳифзи тандурустӣ а раиси хадамоти осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ муроҷиат кард.
Юсупалиев гуфт:
Бино ба маълумот, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар кишвари мо хеле боло меравад ва шабона ба +25 дараҷа а рӯзона ба +43 дараҷа, дар вилоятҳои ҷанубӣ ҳаттто ба +47 мерасад. Шаҳрвандон сурати зарурӣ дар чунин шароит метавонанд дар давоми шабонарӯз ба рақами 103 занг зананд ва ёрии босифати тиббӣ қабул кунанд.
Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ ва 190 шӯъбаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он бо доруҳои зарурии кофӣ таъмин шудаанд. Илова бар ин, Саll-маркази вазорати ҳифзи тандурустӣ – 1003 низ кор мекунад ва дар сурати зарурӣ шаҳрвандон метавонанд ба он занг зананд ва ёрӣ пурсанд.
Бояд гуфт, ки дар чунин гармо пеш аз ҳама ҳифзи сар аз нури офтоб муҳим аст. чунки, дар сар рагҳои артерияи калон ва вена ҷойгир аст ва сарлуч гаштан дар гармо метавонад боиси задани офтоб гардад. Дар чунин ҳол ҳаорати бадан боло меравад, пӯст месӯзад ва кас хастагиро эҳсос мекунад. Нафасгирӣ душвор, зарабони дил шадидтар мешавад, сар дард мекунад, дил беҳузур мегардад ва гоҳо хатари аз ҳуш рафтан таҳдид мекунад.
Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард?
Каси офтобзадаро бояд фавран ба ҷойи соя хобонем, либосҳои ӯро кашем ва бо болопӯши нам бадани ӯро печонем, ба пешонии ӯ сачоқи аз оби сард намшударо гузорем. Дар гардан ва зери дастони ӯ халтачаҳои пур аз яхро гузоштан низ хуб аст. Дар ин ҳол зуд ба ёрии таъҷилӣ занг мезанем ва то омадани ӯ ба бемор кам-кам об медиҳем.
Пешгирӣ аз офтобзадагӣ
То қадри имкон дар нимаи аввали рӯз аз сарлуч гаштан худдорӣ кунем, хӯрок ва меваҳои зудҳазм хӯрем, бештар обу нӯшокиҳои гуногун нӯшем. Аммо аз нӯшидани кофе ва обҳои газноки ширин худдорӣ кунем.
Либоспӯшӣ
Мо дар чунин гармо бояд либосҳоеро интихоб кунем, ки он нури офтобро гардонад, васеъ бошад, на танг. Ҳамчунин ба ранги либос низ бояд эътибор дод. Рангҳои сиёҳ ва сурхи ҷигарӣ нури офтобро бештар ба худ ҷазб мекунанд. Либосҳои сафед баръакс гармӣ ва нури офтобро бармегардонанд.


Хадамоти матбуотии вазорати ҳифзи тандурустӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ