Виҷдони масъулони истироҳатгоҳҳо бояд бедор бошад

Рӯзҳои 1–3-юми июли соли ҷорӣ гурӯҳи махсуси корӣ ҳолати истироҳатгоҳҳои бачаҳои вилоятро омӯхта буданд. Дар соати санитарие, ки дирӯз дар ҳокимияти вилоят баргузор шуд, ҳамин масъала мавзӯъи асосӣ буд.
Ҳоло дар вилояти мо 17 истироҳатгоҳи доимӣ фаъолият доранд. Онҳо дар давоми мавсим 9310 нафар бачаро қабул мекунанд. Бояд гуфт, ки қабули бачаҳо ба истироҳатгоҳҳо аз 4 давра иборат буда, ҳоло давраи дуввум оғоз шудааст ва 2 405 нафар бача дар истироҳатгоҳҳо истироҳат мекунанд.
Мутаассифона, шароити баъзе аз истироҳатгоҳҳо ҷавобгӯи талабот нест ва захираҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Аз ҷумла, дар истироҳатгоҳҳои «Қалдирғоч» (Ҷомбой), «Шифокор гулшани», «Қувноқ» (Иштихон), «Янги Ӯзбекистон» (Пастдарғам), «Учқун», «Ситора» (ноҳияи Самарқанд), «Алпомиш» (шаҳри Самарқанд) корҳои ободонӣ иҷро нашудаанд ва ба қоидаҳои санитариву тозагӣ риоя накардаанд. Ба хусус, вазъи истироҳатгоҳҳои «Қӯшчинор» (Нуробод) ва «Камалак» (Пайариқ) таассуфовар буд. Ба ин далел, дар мавриди масъулони ин истироҳатгоҳҳо чораҳои зарурӣ дида шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар тадбир чунин гуфт:
– Падару модарон фарзандони азизи худро ба умеде ба истироҳатгоҳ мефиристанд, то онҳо хуб истироҳат кунанд. Оромгоҳҳо бояд шароити хуб дошта бошанд ва кормандони онҳо кӯдаконро ҳамчун фарзандони худ қабул кунанду ғамхори онҳо бошанд. Ба ҷойи ин бачаҳо фарзандони худро гузореду фикр кунед, ба фарзандони худ чӣ гуна эътибор диҳед, ба кӯдаконе, ки ба истироҳатгоҳ омадаанд, низ чунин бошед. Аз хӯрдани ҳаққи кӯдак, озор додан ба дили ӯ тарсед. Бо як гап, масъулону кормандони истироҳатгоҳҳо бояд виҷдони бедор, чашми сер ва дили фарох дошта бошанд.
Дар поёни тадбир гуфта шуд, ки баъди як ҳафта вазъи оромгоҳҳоро дубора тафтиш хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ