Манбаъҳои даромад зиёд мешаванд

Рӯзи 8‑уми июли соли ҷорӣ дар ҳокимияти вилояти Самарқанд бо иштироки ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷамшед Ӯроқов анҷумани матбуот баргузор гардид. Ӯ дар бораи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии нимсолаи аввал ва нақшаҳои нимсолаи дуюм маълумот дод.
Сипас, ба саволҳои ВАО оид ба иқтисодиёти вилояти мо муфассал посух дод.
Аз ҷумла, ба шаҳри миллионнафара табдил додани Самарқанд, эътибори васеъ ба сайёҳӣ, муаммоҳои асосии муҳоҷирони меҳнатӣ, муаммои роҳҳо баррасӣ гардид.
– Дар кишвари мо танҳо шаҳри Тошканд миллионнафара аст, – гуфт Ҷ. Ӯроқов. – Шаҳре, ки дар он зиёда аз миллион нафар зиндагӣ мекунад, ҳамаҷониба рушд меёбад. Сармоягузорони хориҷа барои ташкил намудани брендҳо даставвал ба чанд нафар будани аҳолии шаҳр эътибор медиҳанд. Мо барои рушди туризм роҳҳоро васеъ мегардонем. Роҳҳо то соли оянда ба тартиб меоянд.
Инчунин, Ҷ. Ӯроқов оиди камбизоатӣ ва мигратсия ҳарф зад ва дар он таъкид намуд, ки ҳамватанони мо имрӯзҳо ба кишварҳои хориҷӣ бидуни омӯзиши забони ҳамон давлат ва касбу кор мераванд.
– Мо бори нахуст дар миқёси ҷумҳурият маркази мигратсиониро ташкил кардем. Акнун ба касоне, ки майли кор дар давлатҳои дигар доранд, метавонем кӯмак бирасонем ва онҳоро дар он ҷо бо кор, ҷойи зист ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин намоем.
Ҷ.ӮРОҚОВ,
ҷонишини аввали ҳокими вилоят.
Дар вилоят 52048 оила ба рӯйхати «дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд. Ин оилаҳо 231767 нафар аъзо доранд. 67500 нафари онҳо коршоям, вале ҷойи корӣ надоранд.
Аз оилаҳое, ки ба дафтари оҳанин дохил карда шудаанд, 4651‑тои онҳо саробони худро гум кардаанд, дар 7190 оила камаш як нафар шахси ногироӣ дошта зиндагӣ мекунанд ва 24954‑тои онҳо шахсони бекор доранд ва даромади доимиашон мавҷуд нест. Инчунин, 2368 оила серфарзанд буда, мардҳои 1704 оила ба хориҷа рафтаанд, вале даромад намеборанд, 6903 оила мувофиқи шароити гуногуни иҷтимоӣ-­иқтисодӣ ба «дафтари оҳанин» дохил гардидаанд.
Ҳар як маҳалла «нуқтаи инкишоф» дорад
Барои аз камбағалӣ баровардани оилаҳое, ки ба рӯйхати «дафтари оҳанин» дохил шудаанд, – системаҳои нав роҳандозӣ карда мешаванд. Мисол, дар секторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба 64 «офиси идоравӣ» ба сифати «намояндагони доимӣ» роҳбарон ва кормандони маҷмӯи ташкилотҳои иқтисодӣ вобаста карда шуданд, ба 1100 маҳалла бошад, кормандони масъули бонкҳо вобаста гардиданд.
Бар асоси супоришҳои Президентамон, ки ҳангоми ташрифи худ ба вилояти мо рӯзҳои 15–16‑уми апрели соли равон дода буд, дар ноҳияҳои Булунғур, Пастдарғам ва Ургут марказҳои кор бо усули «маҳаллабайъ» ташкил гардид. Ҳар яки ин марказҳо аз 9 воҳиди штатӣ иборат аст: роҳбари марказ, 4 сардори шӯъба ва 4 ходим. Ба ҳар се маҳалла як нозир вобаста мебошад. Акнун ҳамаи ин кормандон аз ҳисоби буҷет маош мегиранд.
Ҷонишинҳо дар маҳаллаҳо роҷеъ ба масъалаҳои соҳибкорӣ ва ободонӣ бевосита ба системаи ҷонишинҳои аввали ҳокимон доир ба масъалаҳои иқтисодӣ гузаронда шуданд.
Дар натиҷаи мониторинг 33 самти ихтисосонида ё ки беш аз 1700 «нуқтаи инкишоф» (драйверҳо)-и ҳар як маҳалла, ки аҳолӣ дар онҳо аз рӯйи ихтисосе таҷриба доранд, муайян гардид.
Дар байни шаҳрвандони бекор роҷеъ ба муайян кардани имкониятҳои онҳо ва доштани бартарӣ ба кор (касб)-е сӯҳбати индивидуалӣ гузаронда шуд. Аз рӯйи натиҷаи тадқиқот роҷеъ ба шуғли аҳолӣ ва инкишофи ҳар як мавзеъ «харитаи роҳ» таҳия карда.
Нақшаҳои оянда
Мувофиқи «харитаи роҳ», дар вилоят бо кор таъмин кардани аъзои 64 ҳазор оила, ки даромади умумӣ надоранд, инчунин 132145 бекорони коршоямро ба нақша гирифтанд. Бояд таъкид кард, ки 61852 нафари ин шаҳрвандон – ҷавонон ва духтарони аз 18 то 30 сола, 32899 нафарашон бошанд, занҳои аз 30 сола калон мебошанд.
Ба касбе омӯзондани 15151 шахси бекор, ба соҳибкорӣ омӯзондани 5537 нафар, ба нақша гирифта шудааст.
«Харитаи роҳ»
Инчунин, беҳдошти инфрасохтори иҷтимоии ҳар як маҳалла, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба хизмати коммуналӣ (таъмири роҳҳои дохилӣ, беҳдошти таъминоти оби нӯшиданӣ, таъмин бо гази табиӣ ва баллонҳои гази моеъ, таълими томактабӣ, мактабҳои миёна ва тандурустӣ), дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, таъмири объектҳои маданӣ ва варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Кор дар амал
То ҳол 66620 одам – аъзои оилаҳое, ки ба рӯйхати «дафтари оҳанин» дохил гардидаанд, бо кор таъмин шуданд. Аз ҷумла, 444 кас ба тиҷорати оилавӣ ҷалб гардид, аз онҳо 154 нафар бо ҳунармандӣ машғул мешаванд. Ғайр аз ин, 4971 нафар ба кори ҷамоатии музднок, 6188 шаҳрванд дар корхонаҳои саноатие, ки ташкил шуданд, ё ки фаъолияти худро васеъ кардаанд, соҳаҳои хизматрасонӣ ва кишоварзӣ ба кор қабул гардиданд.
Дар объектҳое, ки мувофиқи барномаҳои манзилӣ ва инвеститсионӣ сохта мешаванд, 1530 нафарро бо кор таъмин карданд, ба 7771 шахси бекор қитъаҳои замин доданд. 42014 нафар худро бо шуғле банд намуд.
Дар доираи ҳаракати умумимиллии «Саховат ва кӯмак» 52 ҳазору 48 оила ба миқдори умумии 41,8 млрд. сӯм ёрӣ гирифтанд. Агар муфассалтар гӯем, ба 31 млрд. сӯм хӯрокворӣ, 111,6 миллион сӯмина доруворӣ, 1,4 млрд. сӯмина ёрии моддӣ расонда шуд. Дар самти чорводорӣ ва паррандапарварӣ 2,4 млрд. сӯмина ва дигар навъҳои ёрӣ 6,9 млрд. сӯмина кӯмак расонданд.
Бояд алоҳида таъкид кард, ки имсол 10464 шаҳрванде, ки ба рӯйхати се дафтар дохил гардида буданд, 20,6 млрд. сӯмина техникаи махсус ва асбобҳо гирифтанд. Сабаб дар он буд, ки шахсони коршоями бекорро ба соҳибкорӣ ҷалб карда, шуғли онҳоро таъмин ва манбаи иловагии даромадро ташкил кунанд.
Аз ҳисоби воситаҳои фонди «дафтари ҷавонон» ба 72 нафар донишҷӯи муассисаҳои таълими олӣ барои шартномаи таълимии онҳо 279,3 миллион сӯм пардохта шуд.
Дар натиҷаи чунин кори амалӣ бо қарори Шӯрои намояндагони халқи шаҳр ва ноҳияҳо 47035 оилаи 64764 аъзояшон бо кор таъминшударо аз рӯихати «дафтари оҳанин» бароварданд.
Дар ҳолати 1‑уми июли соли равон дар ин рӯйхат 5013 оила монданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ