Дастгоҳҳои замонавии тиббӣ дар беморхонаҳои Булунғур

Дирӯз бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Булунғур аз рӯйи шиносоӣ бо навиди соҳаи ҳифзи тандурустии ноҳия пресс-тур ташкил гардид.
Иштирокдорони тадбир-­журналист ва блогерҳо шиносоиро аз лабораторияи клиникии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи мазкур оғоз намуданд. Мудири шӯъба Клара Бегимқулова, шифокорони шӯъба Нафиса Бӯрқаева ва Нодира Тоғаева, ба иштирокдорон хонаҳои таҳлили серологӣ, ситологикӣ, биокимиёвӣ, санҷиши таҳлилҳои пешобу ахлот, хунгирӣ ва ғайраи шӯъба шинос карданд. Шӯъба бо асбобу дастгоҳҳои замонавии тиббӣ таъмин гардидааст. Масалан, асбоби тиббии «ПЦР»-ро як ҳафта пеш овардаанд. «Термостар», маҷмӯи аппаратҳои «ИФА» барои давои бемориҳо беназир мебошад. Пештар аҳолӣ барои аз санҷиши лабораторӣ гузаштан сарсон шуда, ба шаҳр мерафтанд. Имрӯзҳо, аҳолии ноҳия дар ин шӯъба аз санҷиши лабораторӣ мегузарад. Ҳоло бошад, як нафар мутахассис дар давоми 10–15 дақиқа ба беморӣ ташхис мемонад. Дар шӯъба 300 навъи беморӣ таҳлил карда мешавад. Дар шӯъба 3 нафар шифокор, 7 нафар ҳамшира ва 4 нафар ҳамшира меҳнат мекунанд.
Сипас, иштирокдорон бо фаъолияти шӯъбаи бачагонаи иттиҳодия шинос шуданд. Дар шӯъба барои давои бемории бачаҳо тамоми шароит муҳайё аст. Хонаҳо бо асбобу анҷом ва дастгоҳҳои замонавӣ таъмин шудаанд. Мудири шӯъба Маъмур Тағоев, ки 14 сол боз мудирӣ мекунаду таҷрибаи 40‑солаи шифокорӣ дорад, ба журналистон дар бораи кори шӯъба маълумот дод. Вақтҳои охир бачаҳо асосан бо бемории диарея, вайроншавии сохтори меъдаву рӯда, гиҷҷа, гурда ва ғайра ба шӯъба меоянд. Дар хонаҳои PIT-интенсив-­терапия ва ғайраи шӯъба беморонро табобат мекунанд.
Баъди ҳамин, иштирокдорон дар шӯъбаи реабилитатсияи иттиҳодия шуда, бо кори ходимон шинос шуданд. Ин шӯъба 15 ҷойи хоб дошта, корафтодагон бо усулҳои замонавии давокунӣ табобат карда мешаванд. Дар хонаҳо барои табобати беморҳо шароит мусоид аст. Мудири шӯъба Наҷмиддин Коржовов дар бораи фаъолияти шӯъба маълумот дод. Беморонро бо ёрии асбобҳои замонавии тиббӣ табобат мекунанд. Беморон дар 7–10 рӯз шифо меёбанд. Нархи табобат қимат нест.
Манзили навбатии иштирокдорон шӯъбаи ҷарроҳии иттиҳодия шуд. Дар шӯъбаи мазкур шифокорон ҷарроҳии мураккаби бачаҳоро мегузаронанд. Иштирокдорон дар ду блоги ҷарроҳӣ шуда, бо дастгоҳҳои замонавитарини тиббӣ шинос гардиданд.
Баъди ҳамин, иштирокдорон бо фаъолияти поликлиникаи оилавии рақами 1, ки дар маҳаллаи Килдон воқеъ аст, шинос шуданд. Поликлиника соли 2018 таъсис ёфта, имрӯзҳо дар он 27 ходим ба 12000 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. То имрӯз дар хонаи эмкунӣ беш аз 1,5 ҳазор нафар аҳолӣ (22 дарсад) бар зидди бемории коронавирус ваксинаи истеҳсоли ӯзбекистониву хитоиро гирифтанд. Рӯзе 100 нафар шаҳрвандро холкӯбӣ карда истодаанд. Дар ноҳия беш аз 159000 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунад. То ин вақт беш аз 23720 нафарро бар зидди бемории коронавиррус ваксина гузаронданд. Ба ин амал 25 нафар мутахассиси пуртаҷрибаи тиббӣ, ки дар вилоят такмили ихтисос карда омадаанд, ҷалб шуданд.
Иштирокдорон дар клиникаи хусусии «Impuls» ҳам шуда, бо фаъолияташ шинос гардиданд. Клиника моҳи ноябри соли гузашта таъсис ёфтааст. Он бо асбоб ва дастгоҳҳои замонавитарини тиббӣ ҷиҳозонида шуда, мутахассисиони пуртаҷриба кор мекунанд Дар клиника қариб 20 намуди беморӣ бо усулҳои замонавӣ табобат карда мешавад. Директори клиника Камол Умаров ба журналистон дар бораи имконияти табобатии клиника маълумот дод. Дар бунёди клиника 2,5 миллиард маблағи кредитӣ ва 4,5 миллиард сӯм маблағи шахсӣ сарф шудааст.
Дар поёни тадбир дар таҳририяти рӯзномаи ноҳиявии «Булунғур ҳаёти», ки хонаи матбуоти ноҳия, низ дар он ҷо ҷойгир аст, бо иштироки ҷонишини ҳокими ноҳия Азизбек Бӯрибоев ва саршифокори Иттиҳодияи тиббии ноҳия Воҳид Худойқулов барои иштирокдорони тадбир анҷумани матбуотӣ ташкил гардид. Онҳо дар бораи фаъолияти иттиҳодия, камбудӣ ва муваффақияти соҳаи тандурустӣ ҳарф заданд. Дар охир ба саволҳои журналист ва блогерҳо посух доданд.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ