НАҒМАПАРДОЗИИ АНДАЛЕБ

НОВЕЛЛА
(ба ёди неки устод Даврон САФОЗОДА)
Ҳанӯз субҳ надамида буд, ки Саид Раҳматро гӯиё садои чаҳчаҳзании булбул дар боғи рӯ ба рӯи иморати панҷошёна бедор кард. Вай аз ҷо бархоста, ба айвон баромад. Рост, гӯшаш хато накардааст. Булбул хониш дошт.
– Булбули дилхун… волаву шайдо, – зери лаб пичиррос зад вай. Байте ба ёдаш расид:
Аз гул арақ чакиду ҳамон дам гулоб шуд,
Хун дар димоғи булбули дилхун шароб шуд.
Ҳанӯз маҳтобшаби асроромез тӯри ҳарир ва нуқратобашро набардоштааст. Боғ дар оғӯши маҳтобшаб аст, булбули шӯрида дар он чаҳ-чаҳ мезанад.
Сурудаш ба дил сурур мебахшад. Дигар мурғакон хониш надоштанд. Кай хониши онҳо ба нағмапардозии булбул баробар шавад?! Хониши нафису хушоҳанги булбул ҳамоно шӯре дар дили ҳассоси мусаввир эҷод мекард.
Вай рӯзи гузашта бармаҳалтар хобид. Кам андар кам шудааст, ки Саид Раҳмат дар умри тӯлонӣ шабзиндадорӣ накарда бошад. Эҳ, чӣ бисёр шаб­ҳоро бо сапедадам пайвастааст.
Дирӯз ҷанҷол бо муаллифи китоби «Спитамен», баҳс бо ҷиянаш Исо, ки ҳамчунин мусаввир аст, кори декоратсиясозӣ дар театр вайро хаста кард ва ӯ бо андешаи он ки субҳидам бархоста, бо асаби ором ва хотири ҷамъ кор хоҳад кард, ба бистари хоб даромада буд.
Хуб, саҳеҳтараш карда бигӯем, дирӯз чӣ ҳодисаву воқеае буд, ки хотирашро парешон, мушавваш кард. Муаллифи китоби «Спитамен», ки ороиш ва мусавваранигории онро ба ӯҳда гирифта буд, норозӣ аз суръати кор ҷанҷол карда рафт. Соатҳои ёздаҳ буд, ки ҷиянаш Исо ба театр, ки он ҷо вай саррассом аст, омада, ӯро ба устохонааш кашола кард, ки то Саид Раҳмат мусаввараҳои навашро бинаду баҳо диҳад. Саид Раҳмат корашро ғундошта монду ҳамроҳи Исо ба устохонааш рафт. Дар устохона дар таки тиреза рӯи курсии роҳат ҷавонзани нозукандом ва чашму абрӯсиёҳ пойҳои зебояшро болои ҳам гузошта, нишаста буд. Исо мегуфт:
– Зебоиро аз даст додан лозим не. Ҳозир ин паризодро тарҳ мекашам. Исо мусаввараи пурвус­ъатеро пеши вай гузошт, ки «Арӯсбиёрон» унвон дошт. Дар мусаввара ҳамаи ҷузъиёти «Арӯсбиёрон» бо машъалафрӯзиву «Ёр-ёргӯӣ»,»Саломномахонӣ», гулхани фурӯзон, арӯсу домод, муҳити тӯй, никоҳ ва ғайра устокорона тасвир ёфта буд.
Саид Раҳмат ба ваҷд омада, хитоб кард:
– Хуб аст, ниҳоят хуб. Боз чӣ гуна мусаввараҳо дорӣ?
– Ана ин мусаввараро бинед. «Талош» ном дорад.
Дар мусаввара ду саги бузургҷусса –яке сиёҳу дигаре сафед ба ҳам барои устухон дарафтода буданд. Сагчае аз фурсат истифода бурда, устухонро мерабуд.
Исо даст ба ришаш бурда гуфт:
– Тағо, ин дунё – дунёи талош. Мубориза…
– Барои чӣ?
– Мебахшед, тағо. Шумо ҳаминро намедонед? Дар байни мардум барои сарват, шӯҳрат ва ғайра набарди аладдавом буду ҳасту мемонад.
Ҳамин лаҳза Саид Раҳмат пай бурд, ки ҷиянаш ширакайф аст. Чашмонаш каме тангу хумор буданд. Аз ваҷоҳати ҷиянаш табъи Саид Раҳмат хира шуд. Бисёрҳо мушоҳида кардааст, ки мусаввирҳо давраҳои пурдуд барпо карда, шаробнӯшӣ мекунанд. Дар мастомастӣ баҳс мекунанд, якдигарро оғӯш карда, фарёд мезананд:
– Ту нобиғаӣ, ту ягонаи даврон ҳастӣ!
Ин вақтгузаронии онҳо ба вай писанд набуд. Вай ба ройгон рафтани умри онҳо афсӯс мехӯрд. Аксарият барои беҳтару хубтар кор кардану касби камол кӯшиш намекарданд. Исо мусаввири боистеъдод аст. Аммо шаробнӯшиаш, боз ба устохонааш ин гуна олиҳаҳои ҳуснро оварданаш… Риш мондааст, мӯйсарашро дароз кардааст, қадаммонӣ, рафтореро касб кардааст, ки ҳарчӣ бештар шахси вайро эҳтиром кунанд. Дар дигар мусаввирҳо, ҳайкалтарошҳо ҳам мушоҳида кардааст ҳамин иморати зоҳирро зеб дода, худро чун фарди асроромез ҷилва доданро…
Саид Раҳмат як новеллаи франсавиро ба ёд овард, ки «Ба дунё омадани одами машҳур» ном дошт.
Як рассоми боистеъдод бисёр кор мекард, аммо асарҳояшро харидоре набуд. Вай дар фақру бенавоӣ зиндагӣ дошт. Дӯсти ҳамкасбаш, ки машҳур, корчаллон, сарватманд буд, ба вай мегӯяд:
– Агар хоҳӣ, ки машҳур шавӣ, асарҳоятро одамон харанд, гуфтаи маро кун! Аввалан мӯйсаратро дароз кун, ришу мӯйлаб сабзон. Чубуқ ҳам бихар. Либосатро тағйир бидеҳ. Бо мухлисон бо ибораҳои асроромез ҳарф бизан. Рангҳоро илоҷаш бошад, ба таблу чарахса кун. Мусаввараҳоят ҳар қадар нофаҳмо бошанд, ҳамон қадар хубтар аст!
Рассоми бенаво ба ин гуфтаҳо амал мекунад. Мебинад, ки чӣ тавр мардуми харидор ва мухлис ба мусаввараҳояш баҳо медиҳанд, чӣ тавр нуктасанҷӣ мекунанд. Боре, вақте ки онҳо дар намоишгоҳи мусаввараҳои вай ҷамъ шуданд, вай ба курсии роҳат нишаста, чубуқи тамоку дар даст бо виқор гуфт:
– Шумо чӣ тавр равон гардидани дарёро дар туман дидаед?
Хонумҳо ҳар як ҳарфашро ба ҷон мешуниданду бо ҳам нидо мекарданд:
– Вай нобиға аст!
– Ҳаққо ки нобиға аст!
Рассом машҳур шуда, аз чангноли бенавоӣ раҳоӣ меёбад.
Овози Исо вайро ба худ овард:
– Ана ҳамин хел, тағо. Ман мусаввараи «Арӯсбиёрон»-ро барои пул кашидам. Соҳиби тарабхона як ҷувол пул ваъда кард. Мо ҳаққи худро талаб карда мегирем. Ана шумо, тағо мебахшед, нони даҳонатонро ягон кас гирифта равад ҳам, коре надоред.
– Ман ба одамон даркор. Хурду калон эҳтиром мекунанд.
– Бо эҳтироми одамон шикам сер намешавад. Шуморо одамон муфт кор мефармоянд.Ба Шумо дилам месӯзад…
– Исо, ҷиянам, ту оё медонӣ барои чӣ булбул чаҳ-чаҳ мезанад? Вай суруд нахонад, мемурад. Ман дар Тошканд ва дигар ҷоҳо дидаам, ки санъаткорон бизнесмен шудаанд. Онҳо аз як бурда нон мондаанд чӣ?
– Санъаткорон ҳам зан, бачу кач доранд. Тағо, мардум бояд санъаткоронро эҳтиром кунанд. Шуморо мардум чун кӯдаки нодону сода фиреб медиҳанд!
Исо аз ҷевон шишаи коняк, қадаҳҳо ва қуттии шоколадро гирифта, ба рӯи миз гузошт. Ба худаш «олиҳаи ҳусн», ба Саид Раҳмат шароб рехт.
– Барои саломатии шумо, рассоми беҳамто, барои хусну ҷамоли ин паризод менӯшем. Рафтем.
– Исо, ту рассоми бениҳоят боистеъдод ҳастӣ. Шаробнӯшиву дигар корҳоро камтар кунӣ намешавад?
– Тағо, дар ин дунё сутун намешавем, хоҳ-нохоҳ мемирем. Хайём гуфтааст:
– Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме ки бо тараб мегузарад.
Саид Раҳмат дар тараддуди рафтан шуд. Исо вайро то кӯча гусел кард ва ба оғӯш кашида гуфт:
– Тағо, шумо устоди ман. Шумо аз ҳамаи мо баланд. Инсони бузург ҳастед, аммо ба қадри худ намерасед. Ман фалсафаи зиндагии шуморо намефаҳмам.
– Фалсафа оддӣ. Ба санъат беғараз хидмат кардан. Ана булбул…
– Монед, ҳамон булбули шӯридаро. Тағо, ман шароб нӯшидаам. Вагарна шуморо бо мошин бурда мемондам…
– Корат набошад, пиёда меравам.
Саид Раҳмат раҳораҳ андеша меронд, гӯиё бо Исо баҳс мекард. Монологи ботиниаш идома дошт:
«-Исо, ман содда нестам. Ман хафтодупанҷсолаам. Ба устохонаи ман одамони бисёр меоянд. Магар ихлос, меҳр, эҳтироми мардум аз ҳамаи сарватҳо баланд нест? Санъаткор барои рӯзгузаронӣ не, барои абадият кор мекунад. Санъаткор худро оташ мезанад, месӯзаду месозад, шамъи фурӯзон, оташи хушсӯзу гуворо мешавад. Бе миннату бе иллат ба халқ хидмат мекунад. Пас мардум қарнҳо осори санъаткоронро ҳифозат мекунанд, номи онҳоро зинда медоранд. Маҳз халқ осори ҳақиқии санъатро аз оташи ҷангу муҳорибаҳо, офатҳо, хушксоливу қаҳтиҳо ва ғайра бегазанд нигоҳ доштааст. Дар тӯли таърихи дароз шохҳо омадаанду рафтаанд, хазинаҳои онҳо гум, тахт­ҳояшон вожгун гардидаанд, номи аксарияти онҳоро мардумон дар ёд надоранд, аммо номи санъаткорони асил ҷовидон сабт ба ҷаридаи таърих гардидааст».
…Саид Раҳмат дар ин лаҳзаҳои субҳидам нағмапардозии андалебро мешуниду андеша мекард:
«Оре, санъаткор ба масал булбул аст. Вай сурудан мехоҳад. Насуруда наметавонад…»
Нағмапардозии андалеб мусаввири пиронсолро ба шӯру шавқ, илҳом оварда буд. Вай Спитаменро дар баландии тасаввураш медид, ки дар тан ҷавшан, либоси ҳарб дорад. Мардум бо машъалҳои фурӯзон дар поёнанд… Мардум ташнаи сухани пешво, саркарда аст, мардум озодиро мехоҳад, озодиро бо баҳои ҷон хариданист. Спитамен даст мебардорад. Одамон хомӯш мешаванд. Онҳо ташнаи сухани Спитаменанд.
Мусаввири пиронсол даст ба мӯйқалам мебарад…

Ӯктам ИБРОҲИМ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ