MASDAR дар Самарқанд нерӯгоҳи офтобӣ месозад

12‑уми июли соли 2021 дар Тошканд созишномаи сохтусози ду нерӯгоҳи офтобӣ дар Ӯзбекистон аз ҷониби ширкати MASDAR-и Амороти муттаҳидаи араб имзо шуд.
Дар ин маросим Муҳаммад Ҷамил Ал Рамаҳӣ, мудири кулли MASDAR гуфт: «Ин лоиҳаҳо нишон медиҳанд, ки Ӯзбекистон нақши воқеии роҳбариро дар лоиҳаҳои энергетики сабз дар минтақа мебозад ва дар амалиёти ҷаҳонӣ дар мубориза бо гармшавии иқлим саҳми худро дорад. Ин рисолати ҳаётан муҳим аст ва мо дар ин кор ба шумо кӯмак хоҳем кард».
Озмуни кушод барои лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои офтобӣ (PVP) бо иқтидори 220 МВт дар минтақаи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ва минтақаи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо дастгирии техникии корпаратсияи молиявии байналмилалӣ баргузор гардида буд.
MASDAR бар асоси натиҷаҳо ғолиби озмун дониста шуд. Яке аз пешниҳодҳои ҷолиби ширкати аморотӣ интиқоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои офтобӣ бо тарофаҳои пасти рекордӣ дар тӯли 25 сол буд. Ҳамин тариқ, нерӯи барқ аз нерӯгоҳи Ҷиззах ба шабакаи ягонаи барқрасонӣ ба нархи 1.823 сент барои 1 кВт/соат ва аз нерӯгоҳи Самарқанд – 1.791 сент барои 1 кВт/соат расонда мешавад.
Интизор меравад, ки MASDAR дар ин лоиҳаҳо то 300 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад. Сохтусози нерӯгоҳҳо дар семоҳаи аввали соли 2022 оғоз хоҳад ёфт.
Мо илова менамоем, ки ин нерӯгоҳҳо дар иҷрои вазифаҳои соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон то соли 2030, дар истеҳсоли 8 ГВт нерӯи барқи «сабз» кӯмак хоҳад кард. Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо партови газҳо ба ҳаво тақрибан 500 000 тонна кам хоҳад гардид.

Хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ