Қуфлкушои ҳама дарҳост илм

Бо мақсади минбаъд васеъ гардондани фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва пурзӯр гардондани рақобати солим байнии муассисаҳои таълими олӣ, ки дар стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, қарори сарвари кишварамон «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2021–2022» дар матбуот эълон гардид. Бо ҳамин муносибат мо бо доктори фанҳои физика – математика, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ Ахмаджон Солеев сӯҳбат оростем
– Хушбахтона, имсол ҳам аз 20‑уми июн бақайдгирии довталабон тавассути марказҳои хидматҳои давлатӣ тавассути портали ягона, яъне онлайн ҷараён гирифт, ки ба хотима ёфтани тирбанд шудани мардуми бисёр дар шӯъбаи комиссияи қабули донишгоҳ сабабгор гардид, – гуфт Аҳмадҷон Солеевич, – вагарна ҳамроҳи довталабон боз чанд ҳангоматалабон омада, асаби худ ва дигаронро вайрон мекарданд. Бояд таъкид кард, ки имсол нуфузи донишгоҳи мо боз ҳам афзуд. Бо қарори Девони Вазирони республикаи Ўзбекистон дар назди донишгоҳи мо Донишкадаи педагогии Ӯзбекистону Финландия таъсис ёфт, ки вазифаи он тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аст. Дар шӯъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи он беш аз 3000 нафар таҳсил мегиранд. Инчунин дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё соли гузашта Донишкадаи педагогӣ ва тадбиркории Донишгоҳи Самарқанд ташкил шуд, ки дар он ҳоло қариб 4000 нафар донишҷӯй сабақ мегиранд. Имрўзҳо дар шаҳри Каттақӯрғон ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ўзбекистон шӯъбаи донишгоҳи мо кушода шуд. Дар ин шўъбаи донишгоҳ беш аз 800 нафар довталабон дохил мешаванд.
– Аҳмадҷон Солеевич, санҷиши дониши довталабон чӣ хел мешавад?
– Озмоишҳои дохилшавии тестӣ аз ду фани асоси ва се фани ҳатмӣ, ки ба самти таҳсили бакалавриат, мувофиқат мекунад, гузаронида мешаванд. Аллакай дар чанд ҷойи Самарқанд манзилҳои муносиби кушода ва пӯшида интихоб гардида, камераҳои назоратии ошкоро ва пӯшида гузоштем, ки пешгирии ҳар гуна фиребгарӣ ва бо адолат ба поён расидани ҷараёни имтиҳон аст. Ба довталабон ҳуқуқи иштирок дар озмун то панҷ самти таҳсилоти бакалавриат бо блоки якхела ва пайдарпайии фанҳое, ки санҷишҳои тестӣ гузаронида мешаванд, дода мешавад. Барои зан-духтароне, ки тавсияномаи Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро доранд, дар асоси гранти давлатӣ нишондиҳандаҳои чорфоизаи қабулро хоҳанд гирифт.
– Боз киҳо аз довталабон аз имтиёзҳои қабул истифода мебаранд?
– Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар ҷумҳурият ва арсаҳои байналхалқӣ. Чемпионҳои Ӯзбекистон аз бозии шоҳмот ҳуқуқ доранд бидуни имтиҳон ба факултаи дилхоҳи худ дохил шаванд. Чемпионҳо аз намудҳои дигари варзиш бо тарзи сӯҳбат ба факултаи тарбияи ҷисмонӣ қабул мешаванд. Бинобар ҳамин ба насли наврас маслиҳат медодам, ки бо варзиш машғул шаванд. Аввало, тарбияи ҷисмонӣ – баҳои ҷавонӣ, сонӣ фикри солим. Боз ҳаминро бояд таъкид кард, ки аз якчанд ноҳияҳои ба кадрҳо мўҳтож ба тариқи истосно қабули мақсаднок мешаванд. Ин довталабон аз ноҳияҳои Ургут, Денов, вилояти Навоӣ ва ғайра мебошанд.
– Соли гузашта роҷеъ ба ҷараёни кӯчондан ва барқароркунӣ ба таҳсил бисёр гапу калочаҳо шуд…
– Дуруст гуфтед. Воқеан, дар қаламрави Ӯзбекистон 34 ҳазор нафар, аз он ҷумла ба донишгоҳи мо беш аз се ҳазор нафар толибилмони мактабҳои олии хориҷӣ бо муаммои кӯчонидан муроҷиат карданд. Тафтиш ва санҷиш нишон доданд, ки аксарият бо ҳуҷҷатҳои сохта номи «донишҷӯӣ»-ро гирифтаанд. Масалан, дар шиносномаи чанд нафар донишҷӯёни самарқандии шӯъбаи рӯзонаи мактабҳои олии шаҳри Панҷакенти ҷумҳурии ҳамсоя танҳо як маротиба сарҳади ду кишварро убур кардани онҳо қайд шудааст. Идораҳои дахлдор ҳаннотии чунин донишҷӯйро фош сохтанд. Имсол низ мо ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои кӯчондан ва барқароркунии таҳсил месанҷем. Комиссияи махсус аз се фанҳои асосии донишҷӯ имтиҳони тестӣ гузаронида, ба дониши онҳо баҳои холисона хоҳанд дод. Шахсоне, ки аз озмоиш нагузаштаанд, дар асоси шартномаи пулакӣ ба хондан қабул мешаванд.
– Аз бисёр гӯшаю канори ҷумҳурият довталабони тоҷикзабон ва наздикони онҳо ба идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» занг зада ё тавассути мактуб пурсида истодаанд, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд чанд гурӯҳи тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад ва ҷараёни қабул чӣ хел аст?
– Ба маълумоти шумо расонам, ки тавассути интернет ба ҳама гуна маълумот соҳиб шудан мумкин мебошад. Аммо боз такрор карда метавонам, ки дар донишгоҳи мо 11 гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Дар факултаи филологияи тоҷик 40 нафар, математика ва информатика 17 нафар, физика 15 нафар, кимё 15 нафар, биология 15 нафар, таърих 16 нафар, таълими ибтидоӣ 18 нафар, технологияи таълим 15 нафар танҳо довталабон аз мактабҳои тоҷикӣ, ки аз санҷиши тестӣ мегузаранд, қабул карда мешаванд.
– Шунидем, ки китоби сеҷилдаи дарсии шумо аз чоп баромадааст ва аз рӯйи он донишҷӯёни мактабҳои олӣ сабақ мегиранд.
– Барои худситоӣ не, дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки аллакай қариб даҳ номгӯй китобҳои дарсӣ оид ба математика иншо намудам. Сарвари давлатамон 7 майи соли 2020 қарореро «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани сифати таълим ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи математика» имзо карда буд, ки дар он як қатор вазифаҳои ба сатҳи баланд бардоштани илм ва таълимоти риёзӣ қайд шудааст.
«Асоси математикаро аҷдодони бузурги мо ба монанди Ал-­Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абурайҳон Берунӣ гузоштаанд, – гуфт Президенти мӯҳтарамамон Шавкат Мирзиёев, математика дар хуни мост. Имрӯз ҳадафи мо дар рушди ин соҳа фароҳам овардани муҳити рақобат дар риёзиёт, тайёр кардани кадрҳои хуби самти мазкур мебошад».
Бояд таъкид намуд, ки сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба рушди математика аҳамияти махсус дод, ки мо, мутахассисони ин соҳаро шод гардонд ва руҳи тоза бахшид.
Шумо медонед, ки мувофиқи нақша ва дастурҳои таълимӣ омӯзиши илми математика аз давраи ба дабистон қадам ниҳодан оғоз ёфт, он минбаъд дар зинаҳои дигари таълим идома меёбад. Аз якуми январи соли равон ҳукумат барои математикҳои ҷавон сертификати миллиро ҷорӣ намуд, ки маркази давлатии тест бо саволҳои муайян дараҷаи дониши хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва тахассусиро месанҷанд. Дар асоси қарори мазкур дар хамкорӣ бо садорати таълими халқии вилоят, озмоиши чанд мактабҳоро ташкил кардем. Афсӯс, натиҷа ба талаби замона ҷавобгӯ нест. Натиҷаҳои ноилгардидаи индикатории («Индикатор» вожаи лотинӣ буда, он дар забони тоҷикӣ маънои «муайян мекунам»-ро дорад З.Ҳ.) математикҳои ҷавони ноҳияҳои Қароқулу Олоти вилояти Бухорои шариф фахри математикҳои ҷумҳурият аст. Онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, бо медалҳои нуқраву тилло сарфароз мегарданд. Пас чаро мо аз таҷрибаи ҳамдигар ибрат гирифта, ба якдигар дасти ёрӣ дароз накунем? Охир Самарқанд маркази тамаддуни Шарқ буд.
– Аҳмадҷон Солеевич, шумо устоди устодон, бобоҷони дуогӯй, машъалафрӯзи илму маърифат ҳастед. таманно ва маслиҳату насиҳати шумо ба насли наврас.
– Биёед, хубтараш аз паёми дурандешонаи сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис иқтибос оварам: «Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккули заминаи эҳёи нав дар кишварамонро гузоштем ва бо ин мақсад мо бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем. Дар ин раванди таърихӣ муҳимтарин омилҳо, ҷузъи ҷудонашавандаи ғояи миллӣ мо рушди таълиму тарбия, илм ва навоварӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошанд.
Вазифаи афзалиятноки мо бояд фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон гардад, то ки онҳо дар назди худ ҳадафҳои азим гузоранд ва ба он муваффақ гарданд. Танҳо дар он сурат фарзандони мо нерӯи воқеӣ хоҳанд шуд, ки орзуи деринаи мардуми моро амалӣ карда метавонанд.
Ана ҳамин аст, дархости ман. Ва аз имконият истифода бурда, ба довталабон комёбиҳо таманно дорам. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16‑ӯми ноҳияи Самарқанд чанд байтҳои пандомез аз аллома Абдураҳмони Ҷомӣ азёд карда будам, ки такрор мекунам:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст аз ашғоли дигар суст кун!

Нигорандаи сӯҳбат Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ