МАРДИ АСИЛИ МАТБУОТ

(очерк)

Ман бо ин марди шариф аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба воситаи матбуоти ҳамон давр ғоибона шинос будам. Баробари навиштаҳои ман, ки дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ҳамонвақта чоп мешуд, аз деҳаи Оқмасҷид ва мактабҳои ноҳияи Самарқанд бо имзои Толиб Юнусов низ хабарҳо пасу пеш ба чашм мерасид. Гӯё ӯ бо ман дар соҳаи хабарнависӣ қувваозмоӣ мекарда бошад.
Аз байн чанд сол гузашту маро ба рӯзномаи «Шарқ тонги» («Гулобод тонги») ҳамчун мудири шӯъбаи маданият ба кор таклиф карданд. Рӯзе ба хонаи кориям ҷавони миёнақади сафедрӯ даромада баъди салому алейк аз сумкааш коғазеро бароварду «Ҳамин хабарро чоп мекардед, аз ҳаёти мактаби рақами 37» – гуфта онро ба ман дод. Хабарро гирифта аз чашм гузаронидам. Дар зераш Т. Юнусов навишта шуда буд.
Аз ҳамон рӯз сар карда бо акои Толиб ҳамкору дӯсти ҷонӣ ҳастам. Имрӯз, ки бародари мо синни мубораки ҳафтодумини умри пурбаракати худро қайд карда истодааст, ба худ лозим донистам, ки дар бораи фаъолияти пурмаҳсули меҳнатияш чизе бинависам.
Толиб Юнусзода пас аз хатми мактаби деҳа ва Донишкадаи педагогии Самарқанд ба номи С. Айнӣ ҳамчун муаллими забону адабиёти тоҷик дар мактаби рақами 37-и ноҳияи Самарқанд ба кор шурӯъ кард. Муаллими ҷавон фаолияти худро бе устодон тасаввур карда наметавонист. Аз ин ҷост, дар мактаб ба омӯзгорони таҷрибакор Тошқул Субҳонқулов, Рафоат Маъруфова, Қодир Хуррамов, Аюб Ҳабибов, Аҳмадҷон Саъдиев пайравӣ кард. Кори пешоҳангонро ба роҳи дуруст гузошт. Баробари ҳамаи ин аз хабарнависӣ дур намонд. Дар давоми солҳои 1974–76 шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи халқии мухбирони коргару деҳқонро хатм кард. Дар бораи одамони машҳури давр қаҳрамониҳои онҳо пасу пеш мақолаҳо менавишт. Аз ҷониби идораи рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва дигар нашрияҳои Ҷумҳурияти Тоҷикистон ба номи ӯ мактубу ифтихорномаҳо меомад. Барои ба озмунҳо пешдасти кардани шогирдонаш борҳо бо ифтихорномаҳои Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон, Садорати таълими вилоят сарфароз гардид. Соли 1981 ба анҷумани бонуфузи наврасон «АРТЕК» – Лагери умумиттифоқии ҷавонони собиқ давлати Шӯравӣ иштирок карда ба забони тоҷикӣ баромад кард. Барои дар байни ҷавонон пойдор кардани муносибатҳои дӯстию рафоқат дар солҳои 1982–86 сазовори ифтихорномаи собиқ Иттифоқи ҷавонон шуд. Соли 2005 бошад Вазорати таълими халқии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон фаолияти пурсамари ин педогоги фидоиро ба ҳисоб гирифта, бо унвони «Аълочии таълими халқии Ӯзбекистон» сарфароз гардонид.


«Ба зан зулфу ба мард ришу мӯйлаб зебанда»
– Ин зарбулмасали халқист, фаҳмидед. Вақте солҳои 80‑уми асри гузашта ришу мӯйлаб мондам, аҳд кардам, ки то охири умр онро наметарошам. Аммо ин кор ба сарам бало шуд, – гуфта моҷароҳои риши худро ҳикоя кард Толиб ака.
… Он солҳо дар яке аз ноҳияҳои дурдаст Толиб ака бо хонанагони мактаб ба мавсими пахтачинӣ сафар карда буд. Онҳо дар майдони шафати роҳи автомобилгард аз пайи пахтачинӣ буданд. Ҳамин вақт «Волга»-и сафед дар канори роҳ омада истод. Аз дохилаш ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Самарқанд Баҳриддинов фаромада, аз аҳволи хонандагон пурсон шуд. Толиб ака бо ришу мӯйлаби расидаи худ ба хонандагон фармоиш медод. Баҳриддинов ин ҳолатро дида, мефармояд, ки он муаллим ҳатман ришу мӯйлабашро гирад, вагарна аз кор пеш карда мешавад. Аммо, акои Толиб ришашро натарошид ва директори мактаб Убайдуллоев дар бюрои Райком огоҳии қатъӣ гирифт.
Рӯзе акои Толиб барои шудгори замини рӯи ҳавлӣ ба бозори мардикор рафт. Ду нафар милисионер, ки ба тартибот мардикорон масъул буданд, ба акои Толиб бо назари шубҳа нигариста, ду дасташро ба ақиб баста, ба шӯъба оварданд. Онҳо даъво мекарданд, ки ин марди ғулӯлариш шахси хавфнок аст. Аксашро бинед, ки ҳамон рӯз қаҳрамони мо на шиноснома дошту на ягон ҳуҷҷати расмӣ. Ӯ зорию тавалло кард, ки мухбир ва муаллими мактаб аст. Агар бовар накунанд, ба директор занг зананд.
Гашти пешин бо тарсу ваҳму ҳаяҷон Убайдуллоев ба идораи милитсия омада, бо зорию тавалло муаллими худро аз ин бало халос кард. Ӯ дар роҳ ба акои Толиб асабиёна нигоҳ кара гуфт:
– Ҳамин риши сабил мондагиро тарошед намешавад?! Як рӯз не як рӯз ба сари ҳар дуямон ҳам балое меорад.
Акои Толиби мо гунаҳкорона бо сари хам ҷавоб дод:
– Устод, медонед. Сухани мард якто мешавад. Охир ман аҳд кардаам, ки то охири умр ришамро наметарошам.
Чунки, пиронсолон беҳуда нагуфтаанд, ки «Сухани мард шикастана, гардани шайтон шиканад».
Қобили қайд аст, ки моҳи январи соли 1990 дар Самарқанд аввалин рӯзномаи вилоятии тоҷикӣ «Овози Самарқанд» аз нашр баромад ва акои Толиб ҳамчун яке аз беҳтарин мухбири ҷамоатӣ дар он ҷо фаъолияти худро оғоз кард. Ӯ баробари навиштани хабару мақолаҳо барои тарғиб ва обунаи рӯзнома дар деҳаҳои Оҳалику Миронқул ва ё Оқсой мешитофт. Мошини шахсии «Тико»-яшро мудом дар роҳ медидед. Аз ҷониби муҳаррир чӣ гуна супориш дода шавад, ҳатман иҷро мекард. Гуфтани ҳастем, ки ӯ ҳамчун шахси фидоии рӯзнома ном баровард. Мутаассифона, рӯзе акои Толиб бо ҳамон мошинаш ба садама дучор шуд. Худаш сиҳат монду аммо «Тико»-яш лату қат гардид. Ҳамин вақт муҳаррири рӯзнома ҷавонмарди ҳалиму босавод Озод Ҳамидзода ба телефони дастии ӯ занг зада илтимос кард, ки ҳатман ба деҳаи Оҳалик равад. Анҷумани вилоятӣ мешавад. Толиб ака фаҳмонид, ки мумкин ба оҳалик рафта наметавонад. Аммо, аз ин муомила дилаш хиҷил шуда ба воситаи мошини сабукрави мусофиркашон дар анҷуман ҳозир шуд. Озодҷон, ки аз омадани Толиб ака умед надошт худаш ба он ҷо рафт ва акои Толибро дида ба оғӯш кашид.
Бале, Толиб Юнусзода то имрӯз баробари дигар рӯзномаҳо бо «Овози Самарқанд» ҳамкорӣ мекунад. Дар давоми солҳои тӯлонӣ садҳо хабару мақола, шеъру ҳаҷвияҳо навишт. Ӯ муаллифи китоби «Оҳанги зиндагӣ» аст. «Раиси кордон», «Саргузашти Катя хола», «Устои гулдаст» ва даҳҳои мақолаҳои публитсистӣ эълон кард. Имрӯзҳо синни ин марди зиндадил ба ҳафтод расида бошад ҳам, ҷавонона қадам мемонад. Аз пайи супоришҳои редаксия мешитобад. Дар атроф фарзандону наберагону аберагон бо ҳамсари вафодораш Шоираойтӣ гашти пирӣ меронад. Ва ниҳоят ман оиди завқи даври пирӣ аз ин марди хирадманд пурсон шудам. Ӯ бо мисраҳои зерин ҷавоб гардонид:
Шаби пирӣ чунон тӯлоние аст,
Ки кас сил мешавад аз паҳлӯгардӣ.
Ту, эй субҳи мунаввар тезтар дам,
Бадал бар гармӣ кун,
ин ҳама сардӣ.
Бигзор, ҳар як субҳи содиқи Толиб Юнусзода мунаввар буда, дили гарму нарми ин марди асили матбуот солиёни зиёд дар тапиш бошад.

Ҳамза ҶӮРА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ