Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони грант — лоиҳаҳо


Дирӯз, 13-уми июл дар маҷлисгоҳи хурди ҳокимияти вилояти Самарқанд маросими тақдирнамоии ғолибони озмуни навбати 1-и озмун бо номи “Дар таъмини иҷрои барномаи давлатӣ “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ”, ки аз ҷониби Фонди ҷамоатии дастгирии Ташкилотҳои нодавлатию нотиҷорати (ТНН) — и назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва донишкадаҳои ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ эълон карда шудааст, баргузор гардид. Бо мақсади боз ҳам афзудани нақши ташкилотҳои нодавлатию нотиҷоратӣ, мустаҳкамсозии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, иштироки фаъолонаи онҳо дар ислоҳотҳои дар вилоятамон амалишудаистода аз буҷаи вилоят ба Фонди ҷамоатии назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар соли 2021 ба миқдори 1 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.
Назди Шӯро комиссияи ҷамоатӣ таъсис ёфт. Дар ҷамъомади комиссияи мазкур, ки 3-юми майи соли ҷорӣ шуда гузашт, мавзӯъҳои навбати 1-и озмун эълон карда шуда буд.
Аз ҷониби ходимони шӯъбаи вилоятии Ассотсиатсияи миллии ТНН ва Фонди ҷамоатӣ талаб ва шартҳои иштирок ба озмунҳои грант корҳои тарғиботӣ бурда шуд.
Аз ҷумла дар ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Ҷомбой, Булунғур, Қӯшработ ва Иштихон 9 то семинар-тренинг ташкил гардид. Инчунин, ба беш аз 20 иштирокдори озмун корҳои фаҳмондадеҳӣ, инчунин, маслиҳатҳо дода шуд.
Дар натиҷа, дар поёни озмуни мазкур 24-то лоиҳаи гранти 734 миллион сӯмина омада расид.
18-то лоиҳа аз ТНН, 4-то аз ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳалла, 1-то аз Иттифоқи касаба ва 1-то аз Воситаҳои ахбори оммавӣ дар навбати 1-и озмун иштирок карданд. .
Лоиҳаҳои гранти омадарасида интихоб гардид. Дар натиҷа, ба 10 лоиҳаи 305 миллион сӯмина аз ҷониби гурӯҳи корӣ хулосаи мусбӣ дода шуд.
Ғолибони озмуни мазкур бо сертификатҳо тақдир гардиданд.
Якҷо бо ин бар асоси қарори комиссия аз ҷониби Фонди ҷамоатӣ навбати 2-и озмун бо номи “Дар ҷамъият дар баландбардории ҳуқуқҳои инсон ва маданияти мулоқот афзудани фаъолии ТНН” ва навбати 3-и озмун бо номи “Дар ривоҷи туризм ва соҳаи хизматрасонӣ, дар оилаҳо мустаҳкамсозии тарзи ҳаёти солим ва саломатии аҳолӣ васеъ ҷалб кардани ҷамоатчигӣ” эълон карда шуд.
Баъди маросими тақдирнамоӣ дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки сармутахассиси шӯъбаи ҳудудии Ассотсиатсияи миллӣ Фотеҳ Раҳматов бор мақсади шиносоии натиҷаи навбати 1-ва нақшаҳои гузаронидани навбатҳои 2 ва 3 –и озмун брифинг ба амал омад. То 1-уми августи соли ҷорӣ тақдим кардани лоиҳаҳои ТНН ва дигар донишкадаҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ муайян гардид.
Ф.Раҳматов ғолибони озмунро самимона табрик карда, ба журналистон дар бораи натиҷаҳои навбати 1-и озмун, тартиб ва гузарондани навбатҳои 2 ва 3 –и озмун, корҳои аз ҷониби комиссия то моҳи автусти соли ҷорӣ амалишаванда ва ғайра сухан кард.
Хурсандиовар аст, ки байни 10 ғолиби озмун ҳамкасби мо – роҳбари сомонаи zarnews.uz-и вилояти Самарқанд Акрам Ҳайдаров ҳам ҳаст. Сомонаи мазкур гранти 31 миллион сӯминаро ба даст овардааст.
Ҷамшеди ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ