Академияи футболи “Реал Мадрид” дар Самарқанд – лоиҳа ё пиар?

Рӯзҳои 22-23 нобяри соли 2019 дар Самарқанд нахустин форуми байналмилалии сармоягузорӣ ба унвони “Invest in Samarkand” баргузор шуда буд. Дар чорчӯби ин форум, ки кишварҳое мисли ИМА, Русия, Япония, Италия, Испания, Исроил, Туркия ва ғайра дар он иштирок карданд, 146 созишномаи ҳамкорӣ ба арзиши умумии 1,3 миллиард доллар ба имзо расид. Аз ҷумла, бо дастгирии сафорати Ӯзбекистон дар Испания меморандуми таъсиси Академияи футболи клуби “Реал Мадрид” дар вилоят имзо шуд.
Ҳаводорони варзиш, махсусан футбол ин хабарро бо хушҳолии беандоза қабул карданд. Зеро, таъсиси академияи клуби бузурги ҷаҳонӣ – “Реал Мадрид” дар Самарқанд метавонад ба рушди футболи вилоят ва тамоми кишвар таъсири чашмрас расонад. Дастпарварони чунин академия бешубҳа барои бозгардондани мавқеъи пешинаи дастаи “Динамо”-и шаҳр, ки солҳое пеш барои чемпионӣ низ талош мекард ва ҳоло оҳиста-оҳиста ба лигаи поёни – Про-лига хӯ мегирад, ёрӣ мерасонд.
Вале, аз рӯзи имзо шудани ин меморандум то ҳол беш аз якуним сол гузашту аз академия дараке нест. Мо барои равшан кардани ин вазъият ба Умед Ҳатамов, ки дар он ҳангоми намояндаи клуби “Реал Мадрид” дар Ӯзбекистон буд ва ҳоло мудири варзишии клуби “Бухоро” аст, муруоҷиат кардем.
Ӯ гуфт:

  • “Реал Мадрид” мехоҳад дар базаи мактаби рақами 59-и Мотрид як лоиҳаи иҷтимоиро амалӣ кунад. Онҳо дар чорчӯби лоиҳа дар мактаб маҳфили футболро ба роҳ меандозанд ва фаъолияти онро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин мекунанд. Дар оғоз мутахассисони испаниягӣ ба Самарқанд меоянд ва ба мутахассисони маҳаллӣ кору таҷрубаи худро меомӯзад. Минбаъд худи мутахассисони маҳаллӣ кори маҳфилро идома медиҳанд.
  • Пас дар Самарқанд академияи “Реал Мадрид” таъсис намеёбад?
  • Не, ин фақат як лоиҳаи иҷтимоӣ, як кӯмак аст. Онҳо дар Бекобод академияи худро таъсис хоҳанд дод. Вақти баргузории форуми сармоягузорӣ маълумот дар бораи ин лоиҳа дар расонаҳои хабарӣ андак нодуруст инъикос ёфт.

Чи тавре, ки хадамоти матбуотии садорати варзиш ва сайёҳии вилоят эзоҳ медиҳад, мақсад аз роҳандозии ин маҳфили футбол дар Мотрид тарғиби варзиш аст. Маҳфил барои ҳаваскорон, аз ҷумла, фарзандони оилаҳои камтаъмин пешбинӣ шудааст ва футболбозони касбиро тарбия намекунад. Ба далели пандемия ва тағйирот дар роҳбарияти дастаи “Реал Мадрид” иҷрои лоиҳа ба таъхир афтодааст.
Албатта, ин лоиҳаи иҷтимоӣ ҳам хеле хуб аст, аммо ҳар як воқеа бояд дар асли худ ба журналистон расонда шавад ва аз тариқи онҳо тақдим ба хонандагон гардад. Зеро, вақт хоҳу нохоҳ аслиятро рӯи об меоварад.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ