Даҳ масъалае, ки намояндагони халқ муҳокима карданд

Рӯзи 16‑уми июли соли равон сессияи сиву ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро Шералӣ Йӯлдошев сарварӣ кард.
Рӯзнома, тартиби кор ва котиби сессия тасдиқ карда шуд.
Муваффақиятҳо назаррас, вале норасоиҳо низ ҳастанд
Намояндагони халқ аввал ҳисоботи ҳокими ноҳияи Самарқанд Носир Мавлоновро дар бораи иҷрои барномаи чораҳои амалии беҳдошти ҳолати ривоҷёбии иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мувофиқи нишондиҳандаҳои рейтингии баҳогузорӣ ба дараҷаи инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ шуниданд.
Аз ҳисобот маълум шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии пешбинишуда чунин мебошанд:
– ҳаҷми истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ 749,0 млрд. сӯм буда, суръати афзоиш 101,6 фоиз;
– ҳаҷми хизматҳо 553,7 млрд. сӯм буда, суръати афзоиш 107,8 фоиз;
– гардиши чаканаи маҳсулот 3960 млрд. сӯм буда, суръати афзоиш 104,1 фоиз;
– ҳаҷми корҳои сохтмон 153,1 млрд. сӯм буда, суръати афзоиш 109,0 фоиз;
– хоҷагиҳои қишлоқ, ҷангал ва моҳипарварӣ – 669,0 млрд. сӯм буда, афзоиш 104,2 фоизро ташкил мекунад.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 пардохтҳо ба буҷети маҳаллӣ 36,1 млрд. сӯм (124,8 фоиз) ё ки 7,2 млрд. сӯм зиёд иҷро гардид.
Дар моҳҳои январ – июн ҷалб кардани 6,0 млн. доллар инвеститсия ба нақша гирифта шуда, мувофиқи ҳисобу китобҳои пешакӣ дар даври гузаштаи соли ҷорӣ 11,2 млн. долларина инвеститсияҳо азхуд карда шуданд.
Дар соли 2021 барои ноҳия нақшаи 69,4 млн. долларина содирот пешбинӣ шудааст, аз ҷумла 36,0 млн. доллар маҳсулоти саноатӣ ва 33,4 млн. доллар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ.
То 1‑уми июли соли равон 64 корхона ҳамагӣ 28,8 млн. долларина, аз ҷумла 19,1 млн. долларина (140 фоиз) маҳсулоти саноатӣ ва 9,7 млн. долларина (50 фоиз) маҳсулоти кишоварзӣ содирот карданд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ 5344‑то (нисбати соли гузашта 127 фоиз), аз ҷумла 3567‑то субъектҳои бизнеси хурдро ташкил карданд. Дар чоряки дуюми соли равон 1139‑то субъекти нав ташкил гардид. Дар натиҷа дар 6 моҳи соли ҷорӣ пардохтҳо ба буҷети маҳаллӣ 36,1 млрд. сӯм ё ки нисбати нақша 7,2 млрд. сӯм зиёд шуд.
Дар ноҳия баробари чунин муваффақиятҳо норасоиҳо низ ба чашм мерасанд. Мисол, дар 6 моҳи соли равон нақшаи содирот 87,6 фоиз иҷро шудааст.
Намояндагони халқ ҳисоботро ҳаматарафа муҳокима карда, саволҳо доданд.
Донистани забони хориҷӣ – талаби давр
Ҳисоботҳои ректори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Илҳомҷон Тӯхтасинов ва сардори Садорати таълими халқи вилоят Зебинисо Шодиева дар бораи иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 19‑уми майи соли 2021 «Дар бораи чораҳои аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав баровардани оммавигардонии омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» буд.
– Бо мақсади беҳдошти куллии фаъолияти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд лоиҳаи қарори Президент «Дар бораи чораҳои такмили куллии фаъолияти Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд» таҳия гардида, бо тартиби муайяншуда барои тасдиқ кардан пешниҳод шуд, – гуфт И. Тӯхтасинов. – Бар асоси қарори мазкури Президент (ҚП‑5117 19.05.21) дар вилояти Самарқанд 18 мактаби ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ихтисосонида ташкил карда шуд. Ин мактабҳо ба 13 кафедраҳои мутахассисии донишкадаамон вобаста гардиданд.
Сардори Садорати таълими халқи вилоят З. Шодиева дар ҳисоботи худ роҷеъ ба ривоҷдиҳии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба сифати самти устувори сиёсати таълим, беҳдошти куллии сифати таълим, ҷалб кардани педагогҳои соҳибмалака ба соҳа ва зиёд кардани шавқи аҳолӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳарф зада, дар бораи вазифаҳое, ки дар ин самт ба зиммаи садорати таълими халқ гузошта шудаанд, маълумот дод. Баробари муваффақиятҳо норасоии кор ва роҳҳои ҳалли онҳоро таъкид кард.


Дар сессия инчунин масъалаҳое аз қабили;
«Ҳисоботи Сарсадорати шуғли вилоят дар бораи иҷрои вазифаҳо дар нимсолаи соли равон роҷеъ ба ташкили корҳое ҷамоатие, ки музди меҳнат дода мешаванд»;
«Ҳисоботи роҳбари гурӯҳи ташкилӣ – назоратии ҳокимияти вилоят Б. Раҳматуллоев доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10‑уми феврали соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсии роҳбарони органҳои идораи давлатӣ ва идораҳои иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ» таҳти рақами ФП‑6166»;
«Дар бораи тасдиқ кардани нақшаи кори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд дар нимсолаи дуюми соли 2021»;
«Дар бораи тасдиқ кардани «Харитаҳои роҳ»-и роҳбарони секторҳои вилоят, ки барои хубтар ташкил кардани корҳо роҷеъ ба инкишофи комплексии иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят ва беҳдошти тарзи зисту ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия кардаанд»;
«Дар бораи тағйир додани ҳудуди минтақаҳои хурди саоатӣ, ки бар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9‑уми марти соли 2020 «Дар бораи тасдиқ кардани Низом «Роҷеъ ба минтақаҳои хурди саноатӣ» таҳти рақами 134 фаъолият доранд»;
«Дар бораи ахбори раиси комиссияи вилоятии интихобот С. Нуриев дар бораи натиҷаҳои интихоботе, ки 11‑уми июли соли 2021 ба ҷойҳои холишудаи депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронда шуданд»;
«Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят»;
«Дар бораи истифодаи маблағҳои хазинаи «Саховат ва кӯмак»-ро муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ