Ҳамеша некӣ кунед, он ба худатон бармегардад

Ёдоварии гузаштагон кори хайру савоб аст. Дар рӯзи ёдбуди падар фарзандони рӯзноманигор, муҳаррири аввалини рӯзномаи «Овози Самарқанд» Норқул Остонақулов (Нор Остонзода), 11.X.1938 – 3.XI. 2007 моро ҳам даъват намуданд. Мо ёдбуди устодро ҳамроҳи писараш Бахтиёр Остонақулов аз зиёрати қабри ӯ, ки дар баландии самти офтоббарои қабристони Шоҳи Зинда аст, ба рӯҳу арвоҳи покаш аз хондани дуои фотиҳа сар кардем.
Муаллим Раҳматилло Шарифзода оҳе кашида, ба сухан даромад:
– Дар як даври душвори солҳои нахустини истиқлолият рӯзномаи вилоятии тоҷикии «Овози Самарқанд» таъсис ёфт. Ин орзуи деринаи мардуми мо буд. Мо равшанфикрон рӯзномаро дастгирӣ мекардем, ҳамкорӣ менамудем.
Як бегоҳирӯзии моҳи ноябри соли 1990 ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Хурсанд Ҷумъазода ба хонаи мо омад. Фаҳмам, сармуҳаррир Норқул Остонақулов маро даъват кардаанд. Он солҳо ман муаллим будам. Рӯзи дигараш ба назди Норқул Остонақулов омадам. Маро хуб қабул карда, мақсади ба кор таклиф карданашонро гуфтанд. Ҳангоми сӯҳбат як шахси бомаданият, маърифатнок, меҳнатдӯсту ҳақиқатҷӯй ва боандешаву хоксор будани ин шахс­ро фаҳмидам. Ман ваъда додам, ки бо иҷозати директори мактаб Облоқул Эшонқулов ба кор меоям. Он вақтҳо ба вазифаи котиби масъулу мудири шӯъбаи маънавият одам лозим буд. Ба зиммаи ман вазифаи мудири шӯъбаи маънавиятро гузоштанд. Ба кори рӯзнома гузашта бошам, ки рӯзҳои шанбе дар мактаб ба хонандагон аз фанни санъати тасвирӣ дарс медодам.
Дар идораи рӯзнома норасоии кадр­ҳо, кабинетҳо ва шароити кор, хулоса, муаммоҳо бисёр буданд. Дар як кабинет ходимони се шӯъба 8–9 нафар кор мекардем. Газета ҳафтае се маротиба чоп мешуд. Шабона баъзан то нисфи шаб мемондем. Баъзеҳо шабро дар ҷойи кор рӯз мекарданд. Сарфи назар аз инҳо ходимон аз сидқи дил кор мекарданд. Нор Остонзода ба ҳама устодвор меҳрубонӣ менамуданд. Аз душвориҳо наҳаросида, зарбулмасали халқии «поёни шаби сиёҳ сафед аст»-ро зуд-зуд ба забон меоварданд.
Бо сарварии Нор Остонзода пас аз чопи рӯзнома сифати материалҳо таҳлил мегардид. Материалҳои беҳтарин номбар ва материалҳои суст танқид карда мешуд. Ҳама кӯшиш менамуданд, ки сифати рӯзнома хубу материалҳои хонданибоб бештар чоп шаванд.
Нор Остонзода ба маданияти либоспӯшӣ эътибор медоданд ва худ намуна буданд. Инро аз дигарон ҳам талаб мекарданд. Бинобар ҳамин, дар идораи газета байни ходимон маданияти муносибату муомила, хушгуфторӣ, якдигарфаҳмӣ то рафт пойдор мегардид.
Моҳи ноябри соли 1991 ба мо муяссар гардид, ки якҷоя ба сайёҳати Қрим равем. Дар он ҷо дидам, ки Нор Остонзода саҳар хеста, ба тарбияи ҷисмонӣ машғул мешуданд, пиёдагардӣ мекарданд. Аз он кас бисёр чизҳоро омӯхтам. Хулоса, дар бораи ин одам ҳар чӣ қадар сухан ронем, меарзад. Инсони ҳалол, кордон ва ростгӯву поквиҷдон буданд.
– Дар ҳақиқат, дар оғози фаъолияти рӯзномаи «Овози Самарқанд» норасоии кадрҳо баръало намоён мешуд. Бинобар ин намояндагони дигар касбу фанҳое, ки ба адабиёту матбуот дили гарм доштанд, низ ба кор қабул мешуданд. Соли 1991 мани математик ва шодравон Шавкати Баҳром, ки омӯзгори забони русӣ буд, дар як рӯз ба кор омадем, – гуфта ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Тошқул Азимзода. – Устод Нор Остонзода аввалин шахсе буд, ки ба мо аз маҳорати журналистӣ сабақ дод. Хабару мақола нависем, онҳоро аввал мудири шӯъба, сипас ҷонишини муҳаррир Х. Ҷумъаев ё ки котиби масъули рӯзнома Ӯ. Иброҳимов ва охирин Нор Остонзода хонда имзо мегузоштанд. Ҳамон солҳо аксарияти навкорони рӯзнома аз ин мактаби маҳорат сабақ омӯхтаанд. Нор Остонзода маводҳоро нағз таҳрир мекарданд. Дар ин масъала одилона рафтор менамуданд. Агар муаллиф даъвое кунад, ба вай мефаҳмонданду мабодо ҳақ бошад, рӯйи рост мегуфтанд, ки дар ин масъала шумо ҳақ ҳастед.


Нор Остонзода як марди баландболои паҳлавоннусхаи зардинае буд. Дар вазифашиносӣ, покизакорӣ ва дақиқӣ ҳамто надошт. Ҳангоми сӯҳбат лабонаш ҳамеша моили табассум буданд.
Ӯ пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар рӯзномаи республикавии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба фаъолияти меҳнатиаш оғоз бахшидааст. Чанд сол ҳамчун муаллим дар мактаб дарс додааст. Соли 1991 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» таъин шуда, то ба нафақа баромадан роҳбари ин рӯзнома будааст.
Нор Остонзода бо ҳамсараш Норчучук Одилова чор нафар фарзанд – Бахтиёр, Нигина, Ифтихор ва Масрурро сазовори замон тарбия карда, ба воя расонид. Ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ шуда, аксарият дар соҳаи тиббиёт фаъолият доранд.
Нор Остонзода дар соҳаи журналис­тика пурмаҳсул кор карда, ҳикояҳо менавишт. Ба эҷоди қисса ҳам даст мезад. Вале афсӯс, ки дар зиндагӣ рӯйи китоби худро надид. Пас аз як соли вафоташ фарзандон маҷмӯаи ҳикояҳои ӯро таҳти унвони «Дунёи қуръагардон» дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардонданд.


– Дар бораи Норқулака бисёр гапҳои нек гуфтан мумкин аст, – гуфт дар рӯзи ёдбуд қудои калонии муаллим Раҳмат Нарзуллоев. – Бо янга чор фарзандро ба дунё оварданд. Ҳамаи онҳо ҳоло соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Ахлоқу одобашон нағз. Яке аз онҳо домоди мо – Бахтиёрҷон аст, ки ба қатори фарзандамон медонем. Ҳоло дотсенти Институти давлатии тиббии Самарқанд мебошанд ва ба пойдории саломатии мардум ҳисса мегузоранд.
Норқулака Остонақулов инсони аҷоиб, дӯсти ҳақиқӣ, маслиҳатчии беҳтарин буданд. Ин хел инсонҳои пок, ҳалол, ростқавл дар дунё кам вомехӯранд.
Ҳамсояи Нор Остонзода Солеҳ Ҷалолов ҳам аз реҳлати барвақтии ӯ таассуф хӯрда, чунин изҳор кард.
– Раҳматӣ Норқул Остонақуловро мо «муаллим» мегуфтем. Чунки мо дар мактаби рақами 8 мехондем. Баъди тамом кардани мо он кас ҳам дар ҳамин мактаб муаллимӣ карданд. Баъд мо дар ин ҷо ҳамсоя шудем. Пештар одамҳо мегуфтанд, ки ҳавлӣ нахар ҳамсоя хар. Он кас ҳамсояи нағз буданд. Мо бо он кас ва як дӯсти дигарамон, Худо раҳмат карда бошад, Рустамҷон ҳамеша якҷоя будем. Ба тӯю маъракаҳо хабар кунанд, ҳамроҳ мерафтем. Муаллим одами обрӯманди маҳалла буданд. Ҳар касе, ки бо чунин одам сӯҳбат кунад, хурсанд мешуд. Ҳамчун одами соҳибмаълумот маслиҳатҳои нағз медоданд. Ягон коре барояд ё муаммое пеш ояд, аз муаллим мепурсидем. Дар ҳамин маҳаллаи Тазар чанд соле, ки зиндагонӣ карда бошанд, ба ягон кас озоре надодаанд, ба ягон кас гапи гандае назадаанд. Аз пушти кас гап заданро бад медиданд. Ғайбатгӯиашон набуд. Фарзандонашон ҳам хуштарбия. Ба ҳама ҳамчун оилаҳои намунавӣ шинохта шудаанд. Илоҳо ҷояшон ҷаннат шуда бошад.
Дамирхон ФАТҲУЛЛОЕВ,
қудои устод Нор Остонзода:
– Ифтихор – писари муаллим домодамон аст. Онҳо се фарзанд доранд. Ҳоло бо тақозои замон дар Амрико кору зиндагонӣ мекунанд. Худи ман ҳозир нафақахӯр. Пештар дар системаи савдо кор кардаам. Вақтҳои охир дар ҳокимияти шаҳр будам. Қудобобо, яъне Норқул Остонақулов ҳамгузари падарам – аз Қозикалон буданд. Якдигарро мешинохтаанд. Аз он пеш ҳам алоқа доштаанд. Бо тақозои тақдир духтарамон дар дасти ҳаминҳо афтод. Умуман, ҳар чор фарзанди қудобобо аз якдигар хубанд. Одобу ахлоқ, тарбияашон нағз. Сабабаш, дар муҳити хуб ба воя расида, бо нони ҳалол тарбия ёфтаанд.
Рустам МАЪРУФӢ:
– Раҳматӣ Норқул Остонақулов бо падарам Рауф Маъруфӣ дӯст буданд. Падарам аз даврҳои бачагӣ маро ҳамроҳ ба маҳфилҳои адабӣ мебурданд. Ҳатто дар тӯйҳои хатнасури Бахтиёр гирифта рафтанашон дар ёдам ҳаст. Аслан Норқул Остонақулов барои мо поччо бошанд, ки ман он касро «муллоамак» мегуфтам. Ба хона меомаданд. Сӯҳбатҳои нағз барпо мешуд.
Ҳар ҳафта рӯзи якшанбе одамони илму донишдор дар Хона-музейи Сад­риддин Айнӣ ҷамъ мешуданд. Ҳозир ин хел ҷамъомадҳо мешавад ё не, ман хабар надорам. Дар он ҷо Болта Ортиқов, Эркин Азаматов ва дигарон ҷамъ меомаданд. Ҳама болои кат менишастанд. Дар чойник чой оварда мемонданд. Соатҳои даҳ дадаам маро аз дастам дошта мебурданду мегуфтанд, ки ин ҷо шин. Инҳо сӯҳбатҳои аҷоиб мекунанд.
Дар хотир дорам. Муллоамак ҳатто як рӯз ба хонаи мо ба ҳашари бомандова омада буданд. Он солҳо боми ҳамаи хонаҳо лоин буд. Дар ҳашар якчанд ҷӯраҳои падарам ҳам иштирок доштанд. Муллоамак гуфтанд, ки ман обчӣ мешавам, лойхонаро бо об таъмин мекунам. Ба ман фармуданд, ки ягон рейкаи 5‑метра ёфта оям. «Э, рейкаро чӣ кор мекунед?» – гӯям, «ёфта биёед, он тарафашро мебинем» гуфтанд. Ман тахтаи дилхоҳашонро аз таҳхона ёфта овардам. Сонӣ сим ёбед гуфтанд. Симро ҳам овардам. Муллоамак ба рейка рӯдаи обро бо сим баста, ба лойхона об доданд. Муллоамак ба ҳашар наомаданашон ҳам мумкин буд. Вале ҳамчун одам, бо мақсади дилёбӣ омада буданд.
Ҳурматашон бисёр баланд буд. Вақти бемор шуданашон ҳам омада хабар мегирифтем. Мегуфтанд, ки ин дунё аҷоиб будааст. Одам кор мекардаасту гузаштани вақтро намедонистааст. Вале мо хоб рафта мондем. Хоб рафта бошем ҳам, диламон ҷӯш мезанад. Ман дилбардорӣ кардам, ки ҳоло сиҳат мешавед, боз ба кор мебароед, ҷӯраҳоро мебинед, ҳамааш нағз мешавад.
Набераи духтарии муаллим, магистранти Институти давлатии тиббии Самарқанд Назира Рустамова дар назди мизи кории бобояш андеша мекард. Гоҳ-гоҳ ба сурати бобояш менигарист.
– Вақте, ки мо ба ҳавлии бобоҷонам меомадем, ин ҷо «тӯфон» барпо мешуд. Бо бозиву шӯхиҳои худ ба асабашон расем, ки сарзаниш намекарданд. Дар ёд дорам: боре ман пирог пухта омадам. Бобоҷонам хӯрда, хуб таъриф карданд. Баъд худам ҳам мазаашро чашиданӣ шудам. Хӯрда бинам, мағзаш хом, хамир. Хуб шарм доштам. Минбаъд ҳушёр шуда ба ин хел камбудиҳо роҳ надодам.
Фирӯза ОДИЛОВА, акушер-­гинекологи поликлиникаи рақами 10‑и шаҳр:
– Нор Остонзода ба ман поччо мешуданд. Бисёр одами нағз буданд. Кадом вақте набинед, гапҳои нағз гуфта, ҳамаи моро хандондаву хурсанд мекарданд.
Байни апааму он кас дар зарфи ин қадар солҳо ягон маротиба ҷангу ҷанҷол ё дилхунукиро надидам. Поччом бо апаам ному насабашонро ба забон гирифта, гап мезаданд. Якдигарро «шумо-шумо» гӯён муроҷиат мекарданд.
Келини калонии хонадон Дилфуза НАРЗУЛЛОЕВА падарарӯсу модарарӯси худро чунин ёдоварӣ кард:
– Ба тӯй шуда омаданам 30 сол шуд. Дар давоми ин солҳо аз забони худораҳматӣ аяам ё муллоамакам ягон маротиба гапи ноҷо нашунидам. Муомилаи нағз буд. Аз дар дароед «келин чӣ хӯрок мепазед. Манту мекунед ё барак мепазед, тунук карда пазед» мегуфтанд. Беозор буданд. Фарзандонашон ҳам худашон барин ба занҳо бо ҳурмат гап мезананд. Дар ин хонадон ман фақат ҳурмату эҳтиром, маданиятнокӣ, одамгариву поквиҷдониро дидам. Аз остона даромада, муллоамакам туфлиҳояшонро кашида, дар ҷояшон мемонданд. Либосҳояшонро бо тартиб ба ҷевон меовехтанд. Ягон кас аз пасашон сару либосашонро ба тартиб намедаровард. Шукри Худо, аз пушти онҳо фарзандҳо, набераҳояшон ҳама дорои маълумоти олӣ шуданд. Соҳиби касбу корҳои нағз гаштанд.


Духтарҳо бештар ба падар меҳрубонанд. Падарҳо ҳам нисбати писарон духтарҳоро як парда болотар дӯст медоранд. Дӯхтари ягонаи Нор Остонзода Нигина Остонақулова ҳам бо гиряву оби чашм падарро чунин ёдоварӣ намуд:
– Ман танҳо ҷиҳатҳои хуби падарамро дар ёд дорам. Бачагиамро ба ёд меорам, ки чи хел дар даст бардошта мегаштанд. Дадаҷонам бисёр меҳмондӯст, хушмуомила буданд. Ба ҳамаи мо дӯст доштани китоб, ҳурмат кардани онро ёд медоданд. Ҷевонҳои хона аз китобҳо пур буданд. Мо мабодо ба китоб беэътиноӣ зоҳир кунем, ягон ҷояшро қат кунем, сарзаниш мекарданд. «Китоб ҳам ҷон дорад, азоб диҳед, ҷонаш дард мекунад» гуфта мефаҳмонданд. Махсус, коғазҳои дарозрӯя меоварданд, ки саҳифаҳоро қат накарда, ба байни китоб монем.
Доимо мегуфтанд, ки ба як кас нағзӣ кунӣ, он ба худат бармегардад. Бинобар ҳамин, ҳамеша некӣ кун. Аз паси гап нагард, хушмуомила бош. Доимо ба пеш рав, мегуфтанд. Ҳоло ҳамонҳоро ба ёд оварда мегӯям, ки падарам бисёр дурандеш, пок, дилашон тоза будааст. Ман дар ҳаёт одами ба падарам монандро вонахӯрдаам. Одами зиёии бо ҳарфи калон буданд.
Дар ёд дорам: вақтҳои нав ташкил шудани газета шабу рӯз дар ҷойи кор мемонданд. Ҳушу ёдашон ба кор буд. Касби худро ончунон дӯст медоштанд, ки дар даруни касбашон месӯхтанд. Баъзан газетаро ба дастам дода мегуфтанд:
– Ана, Нигина, имрӯз ин хел корҳо шуд, газета ин хел баромад. Бин канӣ, рӯзнома ба ту маъқул аст?
Ба фикрам, дадаҷонам, тамоми ҳастии худро ба кор бахшида буданд. Ҳама вақт менавиштанд ё китоб мехонданд. Ба ман доимо мегуфтанд, ки забони модарро аз ёд набарор, ба бачаҳоят ҳам ёд деҳ. Баъд мегуфтанд, ки чӣ қадар омӯзӣ, чӣ қадар бештар илмдор шавӣ, ҳамон илмат калиди бисёр дарҳо мешавад.
Ҳоло, ҳар вақте ки дадаҷонамро ба ёд меорам, худ ба худ мегӯям: мо ба гуфтаҳояшон кам эътибор дода будаем. Баъди гузаш­тани солҳо ба дарки гуфтаҳояшон акнун мерасем. Дадаҷонам бисёр одами боандеша, ба додару хоҳарашон меҳрубон буданд. Ҳозир ман ин хел меҳрубониро аз акаам мебинам.


Дар бозгашт боз аз паҳлӯи қабристони Шоҳи Зинда мегузаштему афсӯс хӯрдем, ки ҳамроҳ ягон шумораи рӯзномаро набурдем. Барои таскини дил ба сурати рӯйи қабри муалим нишон медодем, ки ба оғози кори саркардааш бештар аз 30 сол гузашт. Рӯзномаи имрӯзаро бо рӯзномаи он солҳо муқоиса карда намешавад. Рӯзнома ранга мебарояду тарҳу ҳаҷмаш дигару материалҳояш шавқовару хонданибоб шудаанд. Сол аз сол беҳтар мегардад. Сайтҳои интернетиаш ҳам ҳаводорони зиёде доранд.
Ва катибаи санги мазораш пеши назар ҷилвагар мешавад:
Рӯҳи покатон шод бошад пас аз ин,
Номи некатон доимо дар ёд бошад пас аз ин.
Бо дуою хатми Қуръон ёд меорем шуморо,
Хонаи охирататон обод бошад пас аз ин.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ