Намояндагони Бангладеш дар Самарқанд

Ҳайати намояндагони Бангладеш, ки ҳоло меҳмони кишвари мо ҳастанд, таҳти роҳбарии сарвазири ин мамлакат Абдул Муъмин ба Самарқанд ташриф овард. Муовини ҳокими вилоят Б. Нуруллоев меҳмонони олирутбаро дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд пешвоз гирифт.
Меҳмонон дар оғоз аз оромгоҳи Имом Бухорӣ дар ноҳияи Пайариқ боздид карданд ва ба ҳаққи муҳаддиси бузурги ислом «Қуръон» тиловат намуданд. Ҳамчунин, онҳо бо раванди бозсозии маҷмуъа ошно шуданд ва музейи Маркази байналмилалии илмӣ тадқиқотии Имом Бухориро тамошо карданд.
Сипас меҳмонон аз расадхонаи Мирзо Улуғбек ва корхонаи гилембофии «SAG»-и шаҳри Самарқанд дидан карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ