Киҳо зидди коронавирус ҳатман эм мешаванд?

Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии чораҳои барқарорсозии вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар маҷлис баргузор кард.
Дар маҷлис вазъияти эпидемиологии вилоятҳо баррасӣ гардид, бобати пешгирии паҳншавии коронавирус ва зиёд кардани масъулияти шаҳрвандон дар риояи қоидаҳои карантинӣ вазифаҳои муайян гузошта шуд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва мутахассисони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки маҳз ваксиназании умумӣ барои мубориза бо коронавирус ва пешгирии мавҷҳои нави он шароит месозад. Ба ин далел, вақтҳои охир амалиёти ҳатмии ваксиназанӣ дар саросари ҷаҳон ҷорӣ мегардад.
Бино ба қонуни «Дар бораи осоиштагии санитарӣ ва эпидемиологии аҳолӣ», сардухтури давлатии санитарии Ӯзбекистон дар сурати таҳдиди пайдошавӣ ва паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи хавфнок ва паразитӣ ваколат дорад, ки дар бораи баргузории тадбирҳои санитарӣ-­гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ қарор қабул кунад.
Дар моддаи 30‑юми қонун баргузории эмкунии профилактикӣ дар қатори тадбирҳои зарурӣ сабт шудааст.
Бо назардошти вазъияти имрӯза қарори сардухтури давлатии санитарӣ ва раиси хадамоти осоиштагии санитарӣ-­эпидемиологӣ ва саломати ҷамоатии Ӯзбекистон Баҳодир Юсуфалиев – «Дар бораи таҳкими чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус дар миёни аҳолии Ӯзбекистон» қабул шуд.
Ҳамчунин, бар асоси қоидаҳои мавҷуд ба тартиби ҷадвали ваксиназанӣ бар зидди коронавирус илова ворид гардид.
Бар асоси он, тоифаҳои зерини аҳолӣ, ки синнашон боло аз 18 аст, бояд маҷбурӣ бар зидди коронавирус эм шаванд:

кормандони соҳаҳои хидматрасонӣ (марказҳои хидматҳои давлатӣ, шӯъбаҳои почта, бонкҳо, ташкилотҳои лизингӣ, нотариусҳо, ширкатҳои суғурта, сартарошхонаҳо ва ғайра);
кормадони ҳамагуна фурӯшгоҳҳо (дӯкону мағозаҳо ва ғайра);
кормандони мактабҳо ва толорҳои варзишӣ;
кормандони ҳамагуна масканҳои истироҳатӣ ва маданӣ;
кормандони меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва кемпингҳо;
кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии мусофиркашӣ;
кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
сарбозон;
кормандони марказҳои хӯрокхӯрӣ (ошхона, чойхона, ресторан, кафе ва ғайра) ва боррасонӣ (доставка);
кормандони соҳаи тиб;
кормандони соҳаи хидмати коммуналӣ;
кормандони алоқа ва телекоммуникатсияҳо;
кормандони ҳокимияти давлат ва дигар идораҳо;
кормандони ҳифзи ҳуқуқ.

Ин тоифаҳо бояд то 1‑уми сентябр дозаи якумро, то 1‑уми октябр дозаи дувумро ва то 1‑уми ноябр дозаи савумро бигиранд.
Танҳо дар сурате, ки кас аз ҷиҳати саломатӣ сабаби муайян дорад, зидди коронавирус эм карда намешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ