Осори бебаҳои Имом Бухорӣ

Дар миқёси олам рӯз то рӯз бемории шадиди коронавирус паҳн шуда истодааст. Барои ёфтани илоҷи он тамоми инсоният дар ташвиш асту роҳи пешгириву бартарафсозии онро ҷустуҷӯ доранд. Аммо дар фарҳанги мусулмонӣ, ки ҷузъи муҳимтарини бовари мардуми моро ташкил медиҳад, доир ба ин чӣ гуфтаҳо вуҷуд дорад? Олимони бузурги ислом, ба хусус ҳамдиёрони номоварамон, ки асрҳо қабл умр ба сар бурдаанд, дар хусуси бемориҳои сироятӣ, мисли вабо, тоун ва ғайра чӣ пешниҳодҳо кардаанд?
Аз байни манбаъҳои муҳимтарин китоби «Ал-­Ҷомеъ-ус-­Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ шоҳкории бузург буда, баъд аз Қуръони Карим дуввумин сарчашмаи фарҳанги мусулмонӣ ба шумор меравад. Дар кишварамон барои омӯзишу баррасии мазмуну муҳтавои он корҳои зиёде сурат мепазирад. Китоби мазкур, ки он бо номи «Саҳеҳи Бухорӣ» низ машҳур аст, муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти инсониро фаро гирифта, ба зиндагии покизаву ибратангез ҳидоят менамояд. Дар ҳамин росто, доир ба бемориҳои гуногун ва роҳи муолаҷаи он низ нишондодҳои судманд оварда шудаанд. Чунончи, дар боби 1‑и китоби 4‑уми он мехонем: «Абӯ Ҳурайра розияллоҳу анҳу чунин нақл намуданд: « Ҳар як машаққат – дард, ташвиш, ғам, азият ё худ ночорӣ, ҳатто хори бар бадани шахси мусулмон халида ҳам, дар даргоҳи Аллоҳ ба гуноҳи ӯ кафорат мешавад». Аз ин бармеояд, ки ҳадисҳои шариф моро ба сабру бурдборӣ дар баробари мушкилоту машаққат, ҳатто ранҷу бемориҳо даъват менамояд.
Дар боби 28‑уми ҳамин китоб омадааст: Усома ибн Зайд мегӯянд, ки Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд: «Дар ягон ҷой мавҷуд будани ваборо шунавед, ба он ҷой надароед ва дар ягон ҷойи истодаатон саршавии ваборо шунавед, аз он ҷой берун нашавед». Маълум мешавад, ки моҳияти ҳадисҳои мазкур, ки тахмин 1400 сол пеш аз ин гуфта шудаанд, то чӣ андоза ба тиббу гигиенаи ҳозиразамон мувофиқ меояд. Зеро он ба пешгирии паҳншавии беморӣ нигаронида шудааст.
Қафса бинти Сирин ривоят мекунанд: «Анас ибн Молик пурсид, ки «Яҳё ибн Сирин аз чӣ вафот кард?» Ман гуфтам: «Аз вабо». Он гоҳ Анас гуфт: «Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи васаллам гуфтаанд: «Ҳар як мусулмони аз вабо вафоткарда шаҳид меравад». Боз ба ҳамин мазмун ҳадиси дигаре аз Абӯ Ҳурайра овардаанд, ки пайғамбар алайҳиссалом одатан мегуфтанд: Шахси аз дарди шикам ва вабо мурда шаҳид меравад». Хусусан, оиди сабру тоқат дар баробари беморӣ ва риояи қоидаҳои пешгирӣ ҳадиси зер низ ибратбахш аст: «Модарамон Оиша хабар медиҳанд, ки он зот ҳангоми аз пайғамбарамон дар хусуси вабо пурсидан чунин ҷавоб додаанд: «Вай (вабо) азобе будааст, ки Аллоҳ ба бандаи хостааш мефиристодааст. (Акнун) бошад, Аллоҳ онро ҳамчун як раҳматаш ба бандаҳои мӯъмин мефиристодагӣ шуд. Ба ягон банда вабо расаду, ӯ бовар кунад, ки ба ғайр аз дар пешонааш навиштаи Аллоҳ нахоҳад шуд ва дар шаҳри худ сабр карда истад, албатта ба ӯ ҳамон қадар савоб дода мешавад, ки ба бандаи дар роҳи Аллоҳ ҷангида шаҳидшуда дода хоҳад шуд».
Ҳадиси дигареро низ овардан бамаврид аст, ки аз усулҳои беҳтарини табобат ба шумор меравад: тибқи он, ки аз Муҷоҳид ибн Аббос ҳикоят кардаанд, Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи васаллам гуфтаанд: «Асал (хӯрдан) ва хунгирӣ ба дардҳо давост».

Ф.ШУКУРОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ