Қурбонӣ – далели имони мустаҳкам

Таърихи қурбонӣ кардан ба даври Иброҳим алайҳиссалом мерасад ва ба он чунин таъриф дода мешавад. Иброҳим алайҳиссалом писараш Исмоилро бисёр дӯст медошт. Чунки ӯ ба падараш итоаткор буд. Аз ҳамин сабаб Аллоҳ Таъоло Иброҳим ва Исмоилро имтиҳон мекунад. Барои он, ки одамон аз ӯ ибрат гиранд ва ба мустаҳкамии имони ӯ боварӣ ҳосил кунанд. Рӯзе Иброҳим алайҳиссалом хоб мебинад ва дар хоб ваҳй мешавад, ки фарзандат Исмоилро қурбонӣ мекунӣ. Ин хобро фармудаи Аллоҳ дониста, ба ин розӣ мешавад ва ба писараш Исмоил рӯй оварда мегӯяд, ки «Писарам, ман хоб дидам, ки туро қурбонӣ карда истодаам». Писар дарҳол дар ҷавоб мегӯяд, ки «Эй падарҷон, ба шумо чӣ фармуда шуда бошад, ман ба ҳама чиз сабр мекунам». Иброҳим алайҳиссалом ҳамроҳи писараш бо нияти қурбонӣ кардан ба кӯҳи Мино меоянд ва нияти худро амалӣ карданӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳолат Аллоҳ таъоло аз ғайб як гӯсфандеро ба ҷойи Исмоил ато мекунад. Ва аз ҳамон давр қурбонӣ кардан то ин вақт давом мекунад (сураи Соффат, ояти 101–107).
Дар мазҳаби мо қурбонӣ кардан воҷиб аст. Барои қурбонӣ кардан инсон бояд озод, ба балоғат расида, оқил, муқим бошад. Асосан дар рӯзҳои 10, 11 ва 12-и моҳи Зулҳиҷҷа, яъне рӯзи якум, дуюм ва рӯзи сеюм то вақти шом қурбонӣ кардан мумкин аст. Барои қурбонӣ шутур камаш 5‑сола, гов 2‑сола, буз ва гӯсфанд 1‑сола буданаш лозим. Бузу гӯсфандро як нафар қурбонӣ мекунанд. Лекин шутуру говро то 7 нафар дар якҷоягӣ қурбонӣ карданаш мумкин. Дар ин бора дар ҳадиси шариф омадааст. Аммо аз ин қурбонии шарикӣ бояд эҳтиёт шуд, дар навбати аввал шарикон бояд мусалмон ва дар нияти қурбонӣ бошанд. Қурбонӣ бояд баробар тақсим карда шавад. Боз як чизи муҳим ин, ки моле, ки қурбонӣ мекунанд, солим бошад, яъне кӯр, ланг, харобу лоғар набошад, ҳамаи аъзояш як лухт бошад. Паррандаро қурбонӣ кардан ҷоиз нест.
Гӯшти қурбониро ба се қисм тақсим карда, ба оила, ҳамсояҳо ва боқимондаашро ба мӯҳтоҷон додан мустаҳаб ба ҳисоб меравад. Гӯшти қурбониро хомохом низ тақсим кардан мумкин аст. Пӯсташро фурӯхтан ё ба ҷойи ҳаққи қассоб додан ҷоиз нест. Хулоса, шахсе, ки бо нияти холис дар роҳи Аллоҳ таъоло молеро забҳ мекунад, ин ба мустаҳкамии имони ӯ далолат медиҳад, ки ӯ будашро барои Аллоҳ қурбон кард. Аз рӯи суннатҳои пайғамбарамон дар рӯзҳои ид меҳру оқибат, ҳамкорӣ ва бародариро боз ҳам мустаҳкам кардан айни муддаост. Инчунин, дар ин рӯзи муборак волидон, устод, хешу табор, ёру бародар ва бемору мӯҳтоҷонро зиёрат карда, ҳадяҳо диҳем, бисёр дуруст ва аз рӯи меҳрубонӣ мешавад. Чунки Расулулоҳ (с. а.в) фармудаанд, ки «Некиҳое, ки дар ин рӯз карда мешавад нисбати дигар рӯзҳо беҳтар аст» (ривояти Имом Бухорӣ).
Дар рӯзи ид мардум баъди ду ракъат намози ид қурбон мекунанд. Дар ривояти Имом Бухорӣ омадааст, моле, ки пеш аз намози ид (ид ал-Азҳо) забҳ карда шудааст, қурбонӣ ҳисоб намеёбад. Мувофиқи суннат моли қурбониро пас аз намози ид метавон забҳ кард. Аллоҳ Таъоло қурбонӣ ва ибодатҳои ҳамаи мӯъминонеро, ки ба нияти холис кардаанд, қабули даргоҳаш гардонад.

Ҳоҷӣ Абдуллоҳ МЕЛИКОВ,
имом хатиби масҷиди Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ