Ҳаҷ – ибодати бузург

Ҳаҷ – панҷумин рукни ислом аст ва барои мусалмононе, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва саломатӣ имкон доранд, адои он дар даври муайян дар давоми умри худ амали фарз мебошад. Мусалмон ба сафари Ҳаҷ барои адои фарз, пок шудан аз гуноҳҳо меравад, тиҷорат, ё саёҳатро мақсади худ намекунад.
Дар китобҳои фиқҳӣ чунин навишта шудааст: адои ин ибодат барои ҳар касе, ки дар дил нияти онро кардааст, чанд шарт дорад. Синни балоғат, ақл, тандурустӣ ва миқдори кофии маблағ ин шартҳоянд. Вале, маблағи сафар бояд аз пуле, ки кас барои эҳтиёҷи оилаи худ дар ҳангоми зиёрат мегузорад, ҷудо бошад. Ҳамчунин, кушоду бехатар будани роҳ низ аз шартҳои фарз будани ҳаҷ аст. Барои зан як шарти иловагӣ низ вуҷуд дорад. Ӯ дар ин сафар як ҳамроҳи маҳрам бо худ дошта бошад.
«Барои Худо ҳаҷҷи он Хона (Каъба) бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро доранд, (фарз) ҳаст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст.»
Сураи Оли Имрон, ояти 97.
Вақте, ки аз паёмбари ислом (с. а. в.) пурсиданд, ки «Қодир ба роҳ будан чист?», ӯ ҷавоб дод: «Доштани маблағи кофӣ барои роҳ ва воситаи нақлиётист». Маълум мешавад, ки ҳаҷ ибодати молӣ ва ҷисмонӣ аст. Кас пеш аз анҷоми ин амал бояд аркони қаблиро мукаммал адо кунад, тақвои ҳақиқӣ ҳосил кунад.
Ҳаҷ фазилатҳои бузург дорад. Рукнҳои ҳаҷ дар ҷойи махсус, яъне дар макони нузули Қуръони Карим ва замине, ки қадами мубораки пайғамбари мо Муҳаммад алайҳисалом расидааст, адо мегардад.
Ҳаҷ ибодатест, ки бештар саъйу кӯшиш талаб мекунад. Зиёраткунанда дар ҳаҷ тавофи Каъбаи муаззам, гаштан дар миёни Сафо ва Марва, сангпаронӣ дар Ҷамарот, ҳузур дар водиҳои Арафот ва Миноро анҷом медиҳад. Ин амалҳо аз кас сабру таҳаммул талаб мекунад.
Аз Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ ривоят мекунанд: «Вақте, ки кас тамоми шарту шароити заруриро дорад ва ҳаҷ барои ӯ фарз мегардад, ӯ дар ин сурат метавонад адои ҳаҷро ба солҳои дигар ба таъхир гузорад». Далел ин аст, ки паёмбари мо соли фарз шудани ҳаҷ Абӯбакри Сиддиқ розиаллоҳу анҳуро барои адои он фиристоданд ва худ дар соли охирини умри худ ба ҳаҷ рафтанд.
Агар сарватмандон аз ояти «Албатта, Аллоҳ аз ҳар як кори хайри шумо огаҳ аст» умед дошта бошанд ва ба ятимону муҳтоҷоне, ки имкони ба ҳаҷ рафтанд надоранд, дасти ёрӣ дароз кунанд, савоби бузург хоҳанд ёфт.
Ба далели пандемияи коронавирус ҳамватанони мо ду сол боз наметавонанд ин ибодати бузургро адо кунанд. Умедворем, ки одамизод ин балоро ҳарчи зудтар паси сар кунад ва ба тамоми мусалмонон адои ҳаҷ ва умра насиб кунад.

Саид Ҷамол МИР-­ҶАЪФАРОВ, олими арабшинос ва шарқшиноси Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ