Тестҳо дар мактабҳои Самарқанд чӣ тавр мегузаранд?

Шӯъбаи вилоятии Маркази давлатии тест (МДТ) рӯзи 17‑уми июли соли ҷорӣ дар Хонаи матбуоти вилоят анҷумани матбуотӣ гузаронд. Дар он масъулон ба масъалаҳое, ки барои ҳар як довталаб муҳим мебошад, ҷавобҳои муайян дода, ходимони воситаҳои ахбори оммавиро бо тарзи гузаронидани санҷишҳои тестӣ шинос карданд. Инчунин, дар давоми чорабинӣ оиди қабули довталабон ба мактаби президентӣ дар Самарқанд, мактабҳои ихтисосонидаи таълими миёна ва мактабҳои олӣ низ маълумот дода шуд.
Ба мактаби президентии Самарқанд қабул аз кай оғоз мегардад?
– Ба мактаби президентӣ гузаронидани зинаи якуми имтиҳонҳо дар рӯзҳои 26–28‑уми июл ба нақша гирифта шудааст, – гуфт роҳбари шӯъбаи вилоятии МДТ Воҳид Сирлибоев. – Ба мактаби президентӣ аз 14403 аризаи қабулшуда то ҳол 13329 тоаш аз тасдиқ гузашт.
Дар бораи ин масъалаҳо инчунин, ҷонишини роҳбари Садорати таълими халқии вилоят Қ. Саидов, роҳбари Садорати саломатии ҷамоатӣ ва амнияти санитарӣ-­эпидемиологии вилоят А. Баҳромов, сардори шӯъбаи Садорати вилоятии Вазорати рушди технология ва коммунникатсияҳои ахбор В. Мухторов маълумотҳои ҷолиб доданд.
Таъкид гардид, ки тестҳо барои соли хониши 2021–2022 аз 26‑уми июл оғоз гардида, дар варзишгоҳҳои «Локоматив» (2000 ҷой), варзишгоҳи мактаби рақами дуввуми варзишии наврасон ва бачаҳои Сартеппа (1800 ҷой), майдони варзишии «Нурафшон» ва дигар гузаронида мешаванд. Имтиҳони тести довталабонро садҳо мутахассисҳои соҳибтаҷриба назорат мекунанд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ