Нахустин магистрони Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Ипак йӯли» соҳиби диплом шуданд


Дар шаҳри Самарқанд маросими дипломсупории нахустин магистрони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Ирак йӯли» шуда гузашт. Донишгоҳи мазкур соли 2018 бо ташаббуси Президентамон Шавкат Мирзиёев ташкил шуда, он дар Ӯзбекистон нахустин муассисаи таълими олии ихтисосонидашуда ба ҳисоб меравад, Дар донишгоҳ омӯзиш бо дастурҳои таълими байналхалқӣ бо забони англисӣ бурда мешавад. Дар давоми ду моҳ доир ба соҳаи сайёҳӣ 21 нафар хатмкунанда ба соҳаи сайёҳӣ соҳиби дипломи магистр шуданд. Дипломи магистрантонро ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири соҳаи варзиш ва сайёҳӣ, ректори донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Ирак йӯли» Азиз Абдуҳакимов супорид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ