Одобҳои рӯзи ид

Иди Қурбон барои мусулмонон ҷашни хурсандӣ, меҳру мурувват, хайру саховат ва дидорбинӣ ба шумор меравад. Онро мувофиқи талаботи шариат бе гиряву шеван ва кайфияти хуш бояд гузаронид. Дар ин айём амалҳое мавҷуданд, ки мустаҳаб буда, сабаби аҷру савоби беҳад мегардад:

  1. Пеш аз баромадан ба намози ид ғусл карда, либосҳои беҳтаринро бояд пӯшид ва ба худ хушбӯиҳо пошид. Агар либоси нав набошад, беҳтаринашро дарзмол карда пӯшидан мустаҳаб аст.
  2. Дар рӯзи Иди Қурбон, баръакси Иди Рамазон, чизе тановул накарда, ба намоз баромадан лозим аст. Баъди баргаштан бошад, аз гӯшти қурбонии худ, ё ки ҳадяшуда хӯрдан мустаҳаб аст.
  3. Ба масҷид қадри имкон барвақттар бояд рафт. Дар чеҳраи мусулмон зоҳир будани аломати хурсандӣ, аз одобҳое ба шумор меравад, ки аз садақа ва хайру эҳсон ҳам беҳтар ҳисобида мешавад.
  4. Ба намози ид пиёда рафтан ва ба масҷид аз як роҳ рафта, бо роҳи дигар баргаштан ҳам мус таҳаб аст. Баъзе уламо қайд кардаанд, ки сабабаш дар он аст, ки агар аз роҳи дигар баргардад, ҳар чӣ бештар фариштаҳои дар роҳҳо буда дар рӯзи қиёмат ба фоидаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
  5. Дар рӯзи ид бо ёру бародарон, хешу ақрабо дидорбинӣ намуда, бо ид табрик кардан, мисли «Идатон муборак бод!» суханони табрикӣ гуфтан аз одоби ин рӯзи бузург аст.
  6. Як рӯз пеш аз ид барои аҳли оила тӯҳфаҳо харида, баъд аз намози ид аз калонашон сар карда, тақдим намудан, бо аъзои оила дар сари дастархони ороёфта ҷамъ шуда, муомилаи хуш кардан, бо аҳли оила аз дил сӯҳбат намудан, хешу ақраборо зиёрат кардан ва ҳоказо аз амалҳои нек аст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ