Шифохонаи табиатДорчинӣ ва фоидаи ин чиз


Дорчинӣ — Ин пӯсти шохҳои дарахтесг, ки маконаш асосан ҷазираи Сарандеб (Цейлон) мебошад ва дар ҷазираи Токукани Дакан, инчунин Зирбод мерӯяд. Он чӣ дар ҷазираи Сарандеб мешавад, хубтарини навъи он аст, тундбӯй ва тундтаъм, сурхранги ширин мебошад. Инро дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дарёфт кардан мумкин аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Қувваташ то 15 сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдан, гузошта бастан ва бӯй кардани дорчинии кӯфтагӣ моддаҳои ғафсгаштаро дар бадан ракиқ (суюқ) мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд, фараҳ мебахшад, ахлоти бадбӯйро мепазонад ва барои дафъ шудан тайёр месозад; тарёқи ҳамаи захрҳои ҳайвонӣ, наботӣ ва маъданист; тамоми қувватҳои рӯҳӣ, яъне қувватҳои майна, дил ва ҷигарро, ки манбаъи се қувватҳои бадан мебошанд, ҳифз мекунад, яъне нигоҳ медорад, чашмро равшан месозад, бодҳо ва моддаҳои сардмизочро пароканда мегардонад, рутубати зарарноки майнаро хушк мекунад, назлаҳои сарди тарро манъ менамояд; бемориҳои мағзи сарро, ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад, дилтапак (дилбозӣ), тарсончакӣ, васвос ва девонагиро шифо мебахшад; аъзои раисаро, ки дил, майна, ҷигар, меъда, гурдаҳо ва хояҳо мебошанд, қувват мебахшад, бадбӯйии даҳанро нест мекунад, сурфаи тар ва дамкӯтаҳиро ба ибро меоварад; овози хирриро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғами шахшӯл бошад, мекушояд; рутубатҳои часпаки халаловари қасабаи шуш ва роҳи нафасро дафъ мекунад ва узвҳои даруни синаро аз он рутубатҳо пок мекунад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад, бӯйи бади захм ва решҳоро дур месозад, заҳрҳои сардмизоҷи ҷонваронро монанди заҳри каждум ва ғайраро аз бадан дафъ мекунад.
Агар равғани инро бар пешонӣ ва чаккаҳои сар бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад ва ин равғанро ба пилки чашм бимоланд, паридани онро манъ месозад.
Дорчиниро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад ва агар бо дигар давоҳои чашм даромезанд, таъсири онҳоро ба табақоти чашм мерасонад.
Дорчиниро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта бинӯшанд, ҳиккак (ҳиқичоқ)-ро, ки сабабаш ҷамъ шудани рутубат бошад, ислоҳ медиҳад; агар ин обро бо пӯсти ҳалилаи кобулӣ биёшоманд, истисқои лаҳмӣ ва обиро шифо мебахшад.
Инро кӯфта гузошта банданд, узвҳои ларзакро ба ислоҳ меоварад ва инчунин ларзонидани табҳои балғамӣ ва савдовиро дафъ мекунад; ба мақъад гузошта банданд, донаи бавосирро меафтонад ва дарди онро таскин медиҳад, газидани каждумро даво мешавад.
Кӯфтаи дорчиниро бо асал даромехта бимоланд, рихинаки рӯй ва доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо сирко сиришта бимоланд, низ чунин таъсирро дорад.
Хӯрдани дорчинӣ ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад, ба хичак ҳам зиён мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз дорчинӣ дар як рӯз аз 7 то 14 грамм аст.
Агар дорчинӣ ёфт нашавад, ба ҷойи ин занҷабил истеъмол намоянд, раво мебошад. Ва барои рақиқ гардонидани моддаҳои ғафси бадан ва қувват бахшидан ба бадан баробари вазни ин самари арчаро истифода намоянд, ҷоиз аст.
Мизоҷи равғани ин аз худи дорчинӣ бисёр гарм ва хушк дар дараҷаи севум аст.
Агар аз ин равған ҳар рӯз аз 4,5 то 9 грамм биёшоманд, барои каҷ шудани рӯй, фолиҷ, газидани каждум ва ғунда, ларзонидани табҳои даврӣ дору мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ