Шифохонаи табиатСиркои себро чӣ тавр қабул кардан лозим


Барои зебоӣ ва саломатӣ
Ин маҳсулоти табиӣ тамоми беҳтаринҳоро аз ашёи хоми табиӣ – себ ҷаббидааст. Дар сиркои себ бисёр фермент ва витаминҳо, аз ҷумла натрий, калтсий, оҳан мавҷуд аст.
Сиркои себ сафедаҳоро ба қисмҳои таркибии онҳо – аминокислотаҳо тақсим мекунад. Ҳангоми фурӯ рафтан ба организм, аминокислотаҳо ба идоракунии гармонҳои стресс кӯмак мерасонанд. Ҳангоми вайроншавии сафеда триптофан ҳосил мешавад, ки манбаи асосии нерӯ ва хурсандӣ – серотонинро хориҷ мекунад. Тавассути мунтазам нигоҳ доштани истеҳсоли табиии серотонин дар организм, мо метавонем бо изтироб, депрессия ва стресси музмин беҳтар мубориза барем.
Сирко як қатор хосиятҳо дорад, ки ба организм ва бадани мо таъсири судманд мерасонад. Он ҳозимаро беҳтар мекунад, кори рӯдаҳоро ба эътидол меорад ва метаболизмро метезонад, ки ба зудӣ партофтани вазн мусоидат мекунад.
Бисёр тадқиқотҳо исбот мекунанд, ки саратон дар муҳити ишқор рушд карда наметавонад ва истифодаи мунтазами сиркои себ тавозуни кислотаҳоро ба эътидол меорад.
Зебоӣ
Сиркои бо об омехта (дар андозаи 1:1) рӯйро пок кунед, илтиҳобро дезинфексия мекунад, инчунин чандириро беҳтар ва бо аломатҳои пиршавӣ мубориза мебарад. Ғайр аз ин, сиркои себ аз безараргардонии бӯйи нохуш кӯмак мекунад ва ҳамчун дезодарант табиӣ амал мекунад – ҳангоми хушк шудан бӯйи худаш нопадид мешавад.
Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ