Кампанияи интихоботи раисҷумҳурӣ оғоз ёфт


Рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ дар кишварамон интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи 23-юми июл қарори комиссияи маркази интихобот қабул шуд.
Дар маҷлиси комиссия роҳбарони ҳизбҳо, намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарӣ иштирок карданд.
Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 8-уми феврали соли ҷорӣ ба моддаи 117-и сарқонуни кишвар ворид шуд, интихоботи раисҷумҳурӣ дар моҳи октябр барпо мешавад.
Имсол интихобот бори нахуст бар асоси Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Кодекс интихоби раисҷумҳурро бар асоси принсипҳои давригӣ таъмин мекунад.
Дар маҷлис таъкид шуд, ки дар даври кампанияи интихоботӣ барои ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳои онҳо муҳити рақобати солим ва шароити баробар эҷод мегардад. Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, журналистони хориҷӣ ва маҳаллӣ ва ниҳодҳои худидоракунӣ метавонанд ҷараёни омодагӣ ба интихоботро мушоҳида кунанд.
Комиссияи марказии интихобот ва шӯъбаҳои он расонаҳои хабариро бо ахбори вобаста ба масъалаҳои интихобот таъмин мекунанд. Ҳамчунин, бо ин мақсад веб-портали “Saylov-2021” кор оғоз мекунад.
Дар интихобот 5 ҳизб – Ҳизби сотсиалӣ-демократии “Адолат”, Ҳизби демократии “Миллий тикланиш”, Ҳизби либералӣ-демократӣ, Ҳизби мардумӣ-демократӣ ва Ҳизби экологӣ метавонанд номзадҳои худро пешниҳод кунанд.
Барои баргузории корҳои ташкилии интихоботӣ 300 миллиард сӯм ҷудо шудааст. Ҳар як номзад аз ҳизбҳо барои кампанияи интихоботӣ 3 миллиарду 97 миллион сӯм дарёфт хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, интихоботи раисҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ баргузор мешавад. Синни номзад бояд аз 35 боло бошад, забони давлатиро хуб донад ва пеш аз интихобот ҳадди ақал 10 сол дар Ӯзбекистон муқим зиндагӣ карда бошад. Раисҷумҳури Ӯзбекистон ба муддати 5 сол интихоб мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ