Дар Қӯқанд як гурӯҳ муҷоҳидонро боздошт карданд


Дар шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона фаъолияти тарафдорони муҷоҳидонро қатъ карданд.
Як шахси дуредгар дар вақти шаҳри Истанбули Туркия кор карданаш ба таъсири агенти як ташкилоти террористӣ меафтад. Баъд аз баргаштан ба манзилаш ӯ ғояҳои ин ташкилотро ба дигарон тарғиб мекунад. Дар натиҷа аз 9 нафар як гурӯҳи хосторони ҷиҳод ташкил меёбад.
Синни боздоштшудагон дар атрофи 18-27 сола аст. Онҳо дар агентии реклама, коргоҳи истеҳсоли пойафзор, бофандагӣ ва сартарошӣ кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки онҳо дар мавзеъҳои гуногуни Кӯқанд ҷамъ омада, маърӯзаҳои роҳнамоҳои ғоявии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ — «Абусалоҳ», «Абдуллоҳ Зуфар», «Абдуллоҳ Бухорӣ”, «Абдуллоҳ Домла»-ро дар бораи «муҳоҷират» ва «ҷиҳод» гӯш мекарданд ва меомӯхтанд. Онҳо инчунин нақша доштанд, ки дар оянда ба сафи созмонҳои террористӣ дар Сурия шомил шаванд.
Дар телефони аъзои гурӯҳҳо аудио-видеои динӣ пайдо шуд, ки нигоҳдории онҳо аз рӯи қонуни Ӯзбекистон манъ шудааст.
Ҳоло бар асоси Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот давом дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ