Коршиносон 15 ислоҳоти муҳими Шавкат Мирзиёевро номбар карданд


Ислоҳоте, ки бо ташаббуси раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар солҳои 2017-2021 амалӣ шуд, даври наверо барои Ӯзбекистон оғоз кард. Тағйироти босуръат ҳама соҳаҳоро, аз ҷумла, бунёди давлат ҷамъият, системаи суд-ҳуқуқ, иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, амният, дӯстии миллатҳо ва фарохдилии динӣ, сиёсати хориҷиро фаро гирифт.
Ҳаракати умуммиллии “Юксалиш” барои муайян кардани ислоҳот ва ташаббусҳои таъсирпазиртарин дар Ӯзбекистон тӯли 5 соли гузашта назарпурсии коршиносиро анҷом дод.
Назарпурсии коршиносӣ дар ҳар ду сол як бор бо иштироки 100 нафар коршиноси хориҷиву дохилӣ, аз ҷумла, сиёсатмадор, иқтисоддон, олим, рӯзноманигор, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар фаъолони ҷомеа баргузор мешавад. Онҳо феҳристи ташаббус ва ислоҳоти муҳимтарини раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро таҳия ва аз тариқи овоздиҳӣ асоситарин ислоҳоти таърихиро муайян мекунанд. Чунин феҳристи 10 ислоҳоти муҳимтарини раисҷумҳур соли 2019 низ таҳия шуда буд.
Соли ҷорӣ коршиносон феҳристи 15 ислоҳоти муҳимтарини роҳбари давлати моро таҳия карданд.
Барқарор шудани робитаҳои некҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ, боз шудани марзҳо ва таъсис ёфтани гузаргоҳҳо, роҳандозӣ шудани мулоқоти созанда бо кишварҳои минтақа дар ҳама масъалаҳо – ин ислоҳоти муҳимтарини Шавкат Мирзиёев эътироф шуд. 96 нафар коршинос барои ин ислоҳот овоз доданд.
Идомаи феҳрист ба ин тартиб аст:

  1. Озод шудани бозори асъор, бартараф шудани муаммоҳои вобаста ба пули нақд;
  2. Рушди системаи хидматрасониҳои давлатӣ, ба кор оғоз кардани марказҳои хидматрасониҳои давлатӣ, решакан шудани бюрократия;
  3. Ҷорӣ шудани режими бевиза барои шаҳрвандони 90 кишвар бо ҳадафи рушди сайёҳӣ, ҷорӣ шудани режими убури бевиза барои шаҳрвандони 48 кишвар;
  4. Таҳкими кафолати ҳуқуқи башар, аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла, меҳнати кӯдакон;
    6.Кор бо муроҷиати аҳолӣ, системаи кушодии идораҳои давлатӣ;
  5. Густариши муҳити расонаҳои хабарӣ: афзоиши нақши онҳо дар ҷомеа ва дар қабули қарорҳои муҳими ҳукуматӣ;
  6. Ба сатҳи нав баромадани сиёсати гендерӣ, таъсиси комиссияи ҷумҳурии гендерӣ;
  7. Рушди системаи таълими олӣ: афзоиши квотаҳои қабул ба донишгоҳҳо, боз шудани шӯъбаҳои донишгоҳҳои миллӣ ва хориҷӣ;
  8. Беҳтар шудани муҳити тадбиркорӣ, содасозии сабтиноми (регистратсия) тадбиркорӣ ва пешбарии он;
  9. Эътирофи расмии камбағалӣ ва чораҳо барои коҳиш додани он;
  10. Тағйироти ҳуқуқӣ ва институтӣ барои мубориза бо коррупсия;
  11. Ҷорӣ шудани системаи нави дастгирии ҷавонон;
  12. Ҷорӣ шудани тартиби додани шаҳрвандӣ ба нафароне, ки муддати 15 сол доимиӣ дар Ӯзбекистон зиндагӣ кардаанд ва шаҳрвандӣ надоранд;
  13. Бунёди ҷангалзор дар умқи хушкидаи Баҳри Арал. Ба кор оғоз кардани Бунёди Трасти амнияти башар дар минтақаи Баҳри Арали вобаста ба СММ. Қабули қатъномаи махсус барои эълон кардани минтақаи наздиаралӣ ҳамчун ҳудуди инноватсия ва технологияҳои экологӣ.
    Дар назарпурсӣ раиси Маркази сиёсати хориҷии Фаронса Фабиен Бауссарт, раиси Донишгоҳи технологияи Холон Эдуард Якубов, пажӯҳишгари асосии Донишгоҳи Васэда дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ Наоки Нихей, мухбири рӯзномаҳои “The Guardian”, “The Economist”, “Independent Newspaper” ва дигар чеҳраҳои шинохта иштирок карданд.
    Хадамоти матбуотии ҳаракати умуммиллии “Юксалиш”
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ